Ҳабиб Нурмагомедов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х clean up using AWB
илова
Сатри 39:
 
== Зиндагинома ==
Ҳабиб Нурмагомедов соли 1988 дар деҳаи [[Силди]]и [[ноҳияи Сумадин]] ([[Доғистон]], Русия) таваллуд шудааст. Аз кӯдакӣ зери роҳбарии падараш Абдулманон Нурмагомедов тамрин мекард. Ҳангоми дар [[Иёлоти Муттаҳидаи Амрико|ИМА]] будан дар кохи АКА (American Kickboxing Academy) зери роҳбарии Хавер Мендес тамрин кард. нажодан аварӣ мебошад.
 
== Собиқа дар UFC ==
21 январи соли 2012 Ҳабиб аввалин муҳорибаи худро дар доираи UFC гузаронд. Муҳориба бо ғолибияти Ҳабиб бар Камол Шалорус анҷом ёфт (бо усули хафакунӣ).
 
7 июли соли 2012 Ҳабиб муҳорибаи дуввуми худро дар доираи ин бозиҳо бо яке аз беҳтарин сабуквазнони ин ришта аз Бразилия Глейсон Тибау дидор кард, ки бо ғалабаи Ҳабиб анҷом ёфт.
 
9 январи сол 2013 бо дигаре аз размандагони машҳури брозилиёӣ Тягу Таварис дар ш. Сан-Паулу ба ҳашткунҷа баромад ва ғалаба ба даст овард.
 
Моҳи апрели соли 2018 тарҳи муҳориба байни Ҳабиб ва Тони Фергюнсон барои ҷоизаи қаҳрамони муваққатии UFC роҳандозӣ шуд, вале аз сабаби лат бардоштани Тони дар тамринҳо разм мавқуф гузошта шуд. Ахиран дар доираи ин мусобиқот бо Эл Яквинт ба ҳашткунҷа баромад. Дар ин вохӯрӣ Яквинт шикаст хӯрда, Ҳабиб унвони қаҳрамони UFC дар вазни сабукро мушарраф шуд.
 
== Унвонҳо ва дастовардҳо ==