Душанбе: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Ботили нусхаи 1015524 аз тарафи TypeTajik (Баҳс) (Фаромӯш кардам, ки «Хулоса» нависам.
Барчасб: бекорсозӣ
Сатри 75:
}}
 
'''Душанбе''' ({{lang-fa|'''دوشنبه'''}}) калонтарин [[шаҳр]] ва пойтахти Ҷумҳурии [[Тоҷикистон]] аст.
 
Масоҳати шаҳр то 01.01.2016 126,6 км мураббаъ буда, дар он 802,2 ҳазор нафар шаҳрванд зиндагӣ мекарданд <ref>[http://www.dushanbe.tj/capital/passport/ Шиносномаи шаҳр]</ref>. Аммо дар асл дар шаҳри Душанбе зиёда аз 1 миллион тан аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Дарозии умумии кӯча, гузаргоҳҳо, роҳҳои соҳилӣ, пулҳо, роҳҳои зеризаминиаш 705,6 км аст. Масоҳати фазои сабз ва дарахтонаш 74800 метри мураббаъ мебошад.
Шаҳр дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад.<ref name="dushanbe.tj">http://www.dushanbe.tj/capital/passport/</ref>
Пойтахти Тоҷикистон аз ҷумла — 230 корхонаи саноатӣ, 38 корхонаи таробарӣ, 132 корхонаи сохтмонӣ, 40 банк, 8 [[меҳмонхонаҳои Душанбе|меҳмонхона]], 35 бемористон, 21 масҷид, 121 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 омӯзишгоҳ, 12 коллеҷ, 21 [[мактабҳои олии Душанбе|донишгоҳ]], 7 осорхона ва 7 [[Рӯихати театрҳои Душанбе|намоишсаро]]-ро дорад.
Сатри 87:
 
== Таърих ==
Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «'''Шумон'''» ({{lang-fa|«شومان»}}) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «'''Сумон'''» ({{lang-fa|«سومان»}}) низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».<ref>«Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110</ref> Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун — Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» ({{lang-fa|«حصار شادمان»}}) ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» ({{lang-fa|«حصار»}}) ё «Ҳисорак» ({{lang-fa|«حصارک»}}) навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.<ref>''ЛеСтренж, Ги''. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468</ref> Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV–XVIIXV – XVII м. «'''ҳисори Шодмон'''», яъне «'''қалъаи Шодмон'''», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос — «'''Ҳисор'''» гашт.
 
Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки [[Ҳисор]] Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба '''қалъаи Душанбе''' кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.
Сатри 101:
(Мувофиқи барӯйхатгирии аҳолӣ)
Соли [[1926]] 5,6;
Соли [[1939]] 82,6;
Соли [[1959]] 233,5;
Соли [[1970]] 376,2;
 
Соли [[1979]] 492,2;
 
Соли [[1989]] 594,1;
 
Соли [[2000]] 562,0;
 
Соли [[2010]] 724,8;
Соли [[2012]] 747,5;
 
Соли [[2013]] 764,3;
 
Соли [[2014]] 778,5;
 
Соли [[2015]] 788,7 <ref>[http://www.citypopulation.de/Tajikistan.html “TAJIKISTAN”. City Population. Retrieved 2015.01.01]</ref>
 
Соли [[2016]] 802,7 <ref>[http://www.stat.tj/ru/img/7a20337ca019c92e18235196b4e62aaa_1470198679.pdf Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 Ахбороти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]</ref>
 
== Иқлим ==
Сатри 178:
Тақсимоти корхонаҳои истеҳсолӣ аз нуқтаи назари соҳаҳои бартарӣ дошта.
* '''Саноати сабук''' соҳаи бештар тараққикардаи саноати комплексии пойтахт мебошад. Чунин ҳолат ба он маънидод мешавад, ки манбаи асосии ашёҳо (пахта, нахи маҳинах ва ғайра) дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд. На танҳои корхонаҳои шаҳр, балки корхонаҳои бузурги ҷумҳуриро ба мисли ташкилоти истеҳсолии ҶММ «Насоҷӣ» (корхонаи бофандагӣ ва ресандагӣ), ки бо қувваи истеҳсолӣ дар як сол коркарди пахтаи маҳинахро ба 25 ҳазор тонна мерасонад, дар бар мегирад. ҶС «Чевар» корхонаи барои истеҳсоли махсулоти дузандагии тайёр, ҶС «Нафиса» корхонаи коркарди маҳсулоти ҷуроббарорие, ки дар айни замон асосан маҳсулоти худро ки аз нахи пахта иборат аст, истеҳсол меамоянд.
* '''Соҳаҳои барқӣ, мошинсозӣ ва металлургӣ''' корхонаҳои азими ҷумҳурӣ ба ҳисоб мераванд. ИИВД «Текстилмаш» (истеҳсоли дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои саноати пахтатозакунӣ, хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли ҳисобкунакҳои газӣ, неъругоҳҳои барқии хурд ва автономӣ, васл намудани техникаи хоҷагии қишлоқ) ҶС «Тоҷиккабел» корхонаи истеҳсли маҳсулоти кабелӣ (зиёда 40 номгӯи ва намуд сар карда, аз кабелҳои телефонӣ то кабеҳои пуриқтидори электронӣ) ҶС «Сомон-таҷҳизот» корхонаи истеҳсоли техникаи электронӣ, молҳои электрикӣ маиши, ҶС «Торгмаш» корхонаи истеҳсоли таҷҳизот барои муассисаҳои савдо, ҶС «Заводи арматурбарорӣ»- корхонаи истеҳсоли рехти чуян, арматура.
* '''Саноати хурокворӣ ва коркардабарорӣ''': Тамоми намуди маҳсулоти хуроквориро истеҳсол менамоянд, инчунин молҳои машруботиро. Яке аз соҳаҳои калонтарин ин комбинати ширбарорӣ ва гушту консерва, заводи машруботи шаҳри Душанбе, комбинати хуроквории Тоҷикистон, корхонаҳои маҳсулоти нон «Нонпаз», қанодӣ, фабрикаи «Ширин» мебошанд.
* '''Саноати масолеҳи бинокорӣ''' заводи сементбарории шаҳри Душанбе, заводи шифербарорӣ, заводи хишбарорӣ ва инчунин дигар корхонаҳоро, ки масолеҳи бинокорӣ конструксияи бетонӣ истеҳсол менамоянд, дар бар мегирад.
* '''Соҳаи электроэнергетикӣ''' корхонаҳои ТЭТС-и Душанбе ва неругоҳҳоии барқии Варзоб корхонаҳои коркарди электроэнергетикӣ ва гармиро дар бар мегирад.
*
* '''Саноати кимиёвии пойтахт''' аз корхонаҳои коркардбарории масолеҳи нефтӣ ва истеҳсоли ашёи пластмассагӣ иборат аст.
*
* '''Саноати ҷангал, коркарди чӯб, қоғаз ва селюлоза''' ба худ корхонаҳои истеҳсоли коркарди ҷангал, истеҳсоли ашё барои мебел, ки ба стандартҳои давлатӣ таносуб аст, дар бар мегирад.
*
* '''Саноати полиграфӣ''' зиёда аз 20 коргоҳҳро дар бар гирифта, ки китоб ва дигар намуди чопи полиграфиро истеҳсол менамоянд.<ref>[ http://www.dushanbe.tj/economic/industry/]</ref>
*
 
Сатри 218:
Баъди таъсиси [[ҶМШС Тоҷикистон]] инкишофи маорифи халқ тибқи нақшаҳои муайян оғоз ёфт, шумораи мактабҳо ва шогирдон зиёд шуд<ref name=":0" />. 14 декабри 1924 дар Душанбе ба ҷойи Шуъбаи маорифи халқи Бухорои Шарқӣ Комиссариати маорифи халқ созмон дода шуд, ки сарварии онро [[Аббос Алиев]] ба уҳда дошт. Дар назди Комиссариат Шӯрои илмии давлатӣ бо сарварии шоири тавоно Абулқосим Лоҳутӣ амал мекард. Ташкили мактабҳои нави шӯравӣ, маҳви бесаводӣ, ба мактаб овардан ва бо таълим фаро гирифтани кӯдакони ятим вазифаҳои асосии Комиссариат гардиданд. Яке аз нахустин иқдомот дар кори маҳви бесаводӣ ҷорӣ намудани таълими ҳамагонии ҳатмӣ буд. Барои тайёр намудани муаллимон соли 1926 дар Душанбе техникуми омӯзгорӣ таъсис ёфт. Барои мактабҳо барномаҳои таълим, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ мураттаб мегаштанд<ref name=":0">[[Донишномаи Душанбе]]. — {{Д.}}: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИЭМТ]], 2016. — С. 70. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7</ref>.
 
Соли 1926 дар Душанбе Анҷумани умумитоҷикии Шӯроҳо барпо шуд. Дар ин Анҷуман оид ба ҷорӣ намудани таҳсилоти ҳамагонии ҳатмӣ Декларатсия қабул карда шуд. Дар Декларатсияи мазкур оид ба фаро гирифтани меҳнаткашони ҶМШС Тоҷикистон ба таҳсилоти пурра, гуногунҷабҳа ва ройгон сухан мерафт. Кумитаҳои фавқулодаи маҳви бесаводӣ ва ҷамъияти ихтиёрии «Нест бод бесаводӣ» ташкил гардиданд. Аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ шиор-даъвати «Босавод, биомӯз бесаводро» дастгирӣ карданд. Чорабиниҳо бо номи «Ду ҳафта», «Моҳ»-и маорифи халқ, маъракаҳои маданӣ-маърифатӣ, ҷамъоварии маблағ барои маорифи халқ ва ғайра баргузор мешуданд. Сокинони Душанбе дар ҳашари сохтмони мактабҳо, синфхонаҳо, марказҳои маҳви бесаводӣ фаъолона ширкат мекарданд. Дар муддати кӯтоҳ гурӯҳҳои махсуси таълимӣ баҳри таълими меҳнаткашон ва маҳви бесаводӣ ба кор сар карданд. Пас аз ташкил ёфтани [[ҶШС Тоҷикистон]] дар рушду инкишофи маорифи халқ давраи нав оғоз ёфт<ref name=":1">[[Донишномаи Душанбе]]. — {{Д.}}: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИЭМТ]], 2016. — С. 71. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7</ref>.
 
==== Мактабҳои таҳсилоти умумӣ ====
Сатри 229:
 
==== Муассисаҳои олии таълимӣ ====
Нахустин мактаби олии Тоҷикистон [[Институти давлатии педагогии Душанбе]] мебошад, ки соли 1931 таъсис ёфтааст. Дар ибтидо он се шуъба забон ва адабиёт, педагогӣ, агробиологӣ дошт. Баъдан, солҳои 1935–1940 факултетҳои нав таъсис ёфтанд<ref name=":2">[[Донишномаи Душанбе]]. — {{Д.}}: [[Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|СИЭМТ]], 2016. — С. 72. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7</ref>.
 
==== Тарбияи томактабӣ ====
Сатри 238:
 
=== Омори кунунии маориф ===
* Миқдори мактабҳои маълумоти олӣ 20;
 
дар онҳо:
 
* Донишҷӯён, ҳазор нафар 97,2;
* Мутахассисони хатмкунанда, ҳазор нафар 17,1;
* Миқдори омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ 9;
 
дар онҳо:
 
* Хонандагон, ҳазор нафар 9,0;
* Коргарони мутахассиси хаимкунанда, ҳазор нафар 2,1;
* Миқдори мактабҳои таҳсилоти умумӣ 140;
 
дар онҳо:
 
* Хонандагон, ҳазор нафар 172;
* Омӯзгорон, ҳазор нафар 7,2;
* Миқдори муассисаҳои бачагонаи томактабӣ 112;
* Бача дар онҳо, ҳазор нафар 24,1
 
==Илм==
* Ташкилотҳои илмӣ 45;
* теъдоди кормандони илмӣ 2828;
 
Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:
 
* докторони илм, нафар 231;
* номзадҳои илм, нафар 583.
 
аз ҷумла:
 
* Институтҳои [[Академияи илмҳои Тоҷикистон|Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон]] 15;
* теъдоди кормандони илмӣ 883;
 
Дорандагони унвони илмӣ дар онҳо:
 
* докторони илм, нафар 115;
* номзадҳои илм, нафар 229.<ref>[http://www.dushanbe.tj/capital/passport/ Шиносномаи шаҳр]</ref>
 
==Мактабҳои олӣ==
{{Асосӣ|Мактабҳои олии Душанбе}}
==Ёдгориҳои меъморӣ-таърихӣ==
* 1. Муҷтамаи ёдгории оштии миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо ҳайкали [[Исмоили Сомонӣ]], дар майдони "Дӯстӣ";
*
Сатри 318:
* [[Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон]] (2001)
* [[Осорхонаи мардумшиносии АИ Тоҷикистон]](этнографӣ)(1954)
* Хона-музейи [[Садриддин Айнӣ]] (1963)
* [[Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар Душанбе]] (1991)
* Хона-музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ (1968)
* Хона-музейи Муҳиддин Аминзода (1974)
* [[Осорхонаи Турсунзода]] — Хона-музеи [[Мирзо Турсунзода]] (1981)
* [[Осорхонаи шарафи ҷангии шаҳри Душанбе]] (1995)
* [[Осорхонаи Лоҳутӣ]] (1963)
Сатри 363:
Миқдори рӯзнома ва маҷалаҳои ҷумҳуриявии дар шаҳр нашршаванда:
 
* рӯзнома 37
* маҷалла 37
 
аз ҷумла [[Маҷаллаи «Тоҷикистон»]],[[Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт»|«Илм ва ҳаёт»]], Маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон», [[Маҷаллаи «Фарҳанг»|«Фарҳанг»]], [[Ҳафтаномаи «Тоҷикистон»|«Тоҷикистон»]],[[Ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»|«Адабиёт ва санъат»]], [[Рӯзномаи «Ҷумҳурият»]], [[Рӯзномаи «Народная газета»|«Народная газета»]], [[Рӯзномаи «Азия-плюс»|«Азия-плюс»]], [[Рўзномаи «Паёми Душанбе»|«Паёми Душанбе»]], [[Рӯзномаи «Вечерний Душанбе»|«Вечерний Душанбе»]] [[Рӯзномаи «Нидои ранҷбар»|«Нидои ранҷбар»]] ва диг. нашр мешаванд.
Сатри 372:
==Тандурустӣ==
[[Акс:Big Hospital.jpg|thumb|250px|Аз ҳама беморхонаи калонтарин дар Осиёи Маркази]]
* Теъдоди беморхонаҳо 43;
* Кати беморони онҳо 5447;
* Теъдоди духтурони ҳамаи тахассусҳо, нафар 6282;
* Теъдоди муассисаҳои тиббии ёрии амбулаторӣ-дармонӣ диҳанда 16.<ref>[http://www.dushanbe.tj/capital/passport/ Шиносномаи шаҳр/тандурусти] </ref>
== Иншоотҳои варзишӣ ==
* Стадионҳо 8;
* Толорҳои варзишӣ 121;
* Ҳавзҳои шиноварӣ 4;
* Толорҳои теннисбозӣ 3;
* Майдонҳои футболбозӣ 57;
* Машқгоҳи тирандозӣ 3;
* Муҷтамаи майдонҳои варзишӣ 140;
* Теъдоди ҷой дар иншоотҳои асосии варзишӣ:
* Стадиони Фрунзе 24 ҳазор;
* Стадиони Спитамен (Спартак) 6 ҳазор;
* Стадиони Авиатор 2 ҳазор. <ref>[http://www.dushanbe.tj/capital/passport/ Шиносномаи шаҳр/варзиш] </ref>
==Робитаҳои байналмилалӣ==
Сатри 419:
==Донистаниҳо ==
* [[31 август]]и [[соли 2011]] дар шаҳри Душанбе рекорди нави ҷаҳонӣ гузошта шуд. Ин рекорди нави ҷаҳонӣ, — '''ифтитоҳи парчами баландтарини дунё, ки баландии он 165 метрро ташкил мекунад''', ба ҳисоб меравад.
* Ба ифтихори 90-умин солгарди шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе аз ҷониби Форуми байналмилалии "Мегаполис"-и асри XXI бо Дипломи VII-умин озмуни байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АврОсиё «Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад» — 2014 барои ободонӣ, рушди инфарасохтории муосири шаҳрӣ ва дар сатҳи олии ташкилӣ баргузор намудани чорабиниҳои байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай сарфароз гардид.<ref>[http://www.dushanbe.tj/news/870/ Шаҳре, ки он ҷо зистан мефорад]</ref>
* Душанбе соли 2017 аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитаъаи Осиё дар маҷаллаи The Telegraph Бритианияи Кабир номбар карда шудааст.<ref>[http://www.telegraph.co.uk/travel/lists/the-least-liveable-cities-on-earth/dushanbe/ The 20 least liveable cities on Earth]</ref>
==Аксҳои Душанбе==
Сатри 438:
==Пайвандҳои беруна==
* Дар сайти http://www.dushanbe.tj/ метавонед донистаниҳое ба забони русӣ дар бораи шаҳри '''Душанбе''' дастрас кунед.
* [http://sites.google.com/site/dulumo/%20 Душанбе Любовь Моя].
 
==Нигаред==