Гулрез (деҳа, н. Кӯлоб): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Деҳаҳои Тоҷикистон using AWB
(бе тафовут)

Нусха 04:51, 25 сентябри 2018

Гулрез (собиқ Олтовул) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 19 км. Аҳолиаш 2738 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулрез
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯлоб
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2738 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3322
Нишонаи почта 735140

Мардум

Аҳолиаш дар соли 2010 аз 2486 нафар иборат буд. Гулрез яке аз деҳаҳои сераҳолитарин дар Ҷамоати Даҳана ба шумор меравад. Соҳаи асосӣ кишоварзию чорводорист. Бештар пахта, ғалла ва помидор кишт карда мешавад. Заминҳо аз дарёи Яхсу ва сойи Даҳана обёрӣ мешаванд.

Гулрез дар замони Шӯравӣ; ҳаммом, корхонаи консерваҳои меваю сабзавот, боғчаи бачагона, парки техникӣ ва фермаи говпарварӣ дошт, ки ҳоло аз онҳо осоре намондааст. Айни ҳол; осёбҳои обиву барқӣ, корхонаҳои коркарди чӯб, пахта, ҷувозҳои барқӣ ва обӣ, билярд, мағозаҳо дорад. Ин ҷо асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

Эзоҳ

Сарчашма