Фарқият байни намунаҳои "Бобо Ҳоҷӣ"

х (ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
==Зиндагинома==
Бобо Ҳоҷӣ хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1951). Корманди рӯзномаҳои «Ком­сомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», маҷаллаи [[Машъал|«Машъал»]] (1951–1962), муҳарри­ри калони Кумитаи давлатии радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (1962–1967). Солҳои 1967–1987 дар муассисаҳои нашриявии «Ирфон», «Маориф» ва «Адиб» муҳаррири калон буд. Аз с. 1988 бознишаста ва машғули кори эҷодист. Шеъри аввалинаш с. 1949 ба табъ расидааст. Мавзӯи маҷмӯаҳои «Изҳори муҳаббат» (1962), «Гули Хуршед» (1964), «Шукуфаҳои чаман» (1965), «Нони ҳалол» (1978), «Паймона», «Дурри ятим» (ҳар ду 1986), «Обилаи дил» (2002), «Гули шому саҳар» (2004), «Соябони сар»-и (2008) Бобо Ҳоҷӣ ватандорӣ, сулҳу ваҳдат, инсондӯстӣ, тантанаи ғояҳои ҳаёти нави сотсиалистӣ, васфи манзараҳои табиати кӯҳистон, шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон, ситоиши аҳли заҳмат ва ғ. мебошад. Ашъори дар маҷмӯаҳои «Насими баҳорон» (1956), «Раҳмат ба Ватан» (1958), «Бузи айнакдор» (1962), «Соябони сар» (2008) фароҳам омадаро Бобо Ҳоҷӣ махсус барои бачагон иншо намудааст, ки дар онҳо ҳаёт, тарзи зиндагӣ, орзую умеди насли наврас ифода ёфтааст. Шеърҳои барои бачагон, талабаҳои синфҳои ибтидоӣ эҷоднамудаи ӯ дар китобҳои дарсии мактабҳои миёна ҷой гирифтаанд. Дар ашъори ҳаҷвии «Қарсак аз ду даст» (1982) ашхоси бадгуҳар, мансабдорони ноуҳдабаро ва чолпусро бо ҳаҷви тезу тунди нишонрас мавриди сарзаниш қарор додааст. Шеърҳои ба забони русӣ тарҷумашудааш дар маҷмӯаҳои «Признание в любви» (1970), «Честный хлеб» (1987) фароҳам омадаанд. Чанде аз шеърҳояш ба дигар забонҳои халқҳои собиқ ИҶШС ва хориҷӣ (англисию чехӣ) тарҷума шудаанд. Инчунин Бобо Ҳоҷӣ ба навиштани мақолаҳои илмию оммавӣ, публитсистӣ, очерку лавҳа ва хотирот машғул аст. Намунаҳои ашъори Н. Некрасов, С. Есенин, Л. Украинка, Абай, А. Сурков, М. Исаковский, С. Михалков, Зулфия ва дигар, инчунин мухтасари ҳамосаи Ҳинди Қадим «Рамаяна»-ро аз русӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
 
== Эҷодиёт ==
Шеърҳои аввалинаш аз соли 1949 ба табъ расидаанд. Чанд китоби очеркаш ҳам ба табъ расидааст. Шеърҳои ба русӣ тарҷумашудааш дар китобҳои «Признание в любвы» (1970) ва «Честный хлеб» (1987) интишор ёфтаанд.Иддае аз офаридаҳояш ба забони халқҳои дигар тарҷума ва чоп шудаанд. Соли 1987 нашриёти «Маориф»-и Ашқобод китоби шеърҳои «Чаманҳои Помир»-и ӯро ба забони туркманӣ чоп кардааст. Осори алоҳидаи Н. Некрасов, С. Есенин, Абай, Л. Украинка, Зулфия, А. Сурков, Г. Абашидзе, С. Михалков, М. Исаковский, қиссаҳои А. Загребалний «Водии хобҳои дароз», Ш. Бейшеналиев «Баррачаи шохдор», В. Гавф «Муки майдаҳак»-ро ба тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи эпоси ҳиндии «Рамаяна» низ ба қалами ӯ тааллуқ дорад.<ref name="ReferenceA">Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 280 ISBN 978-99947-2-379-9</ref>