Фарқият байни намунаҳои "Гулмаҳмад Ахмедов"

no edit summary
Барчасб: вироишгари мабдаъи 2017
'''Гулмаҳмад Ахмедов''' (тав. 8. 08. 1940, [[ноҳияи Роғун]]), кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои химия (1971), дотсент (1978).
== Зиндагинома ==
Солҳои 1959–1964 дар Донишгоҳи давлатии ш. Тошкент таҳсил намудааст. Аз соли 1965 то ба имрӯз ҳамчун ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият карда истодааст. Дар масъалаи тавассути усули амперометрӣ миқдоран муайян кардани баъзе моддаҳои оксидкунанда ва барқароркунанда, истифода бурдани моддаҳои (реагентҳои) органикӣ дар усули амперометрӣ корҳои илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳо баромад кардааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2000) сарфароз карда шудааст.