Бохтар (шаҳр): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Шухрат Саъдиев moved page Қурғонтеппа to Бохтар (маркази маъмурӣ): ивази номгузорӣ
х илова
Сатри 1:
{{МА
|унвон =Шаҳр
|номи тоҷикӣ = [[Бохтар]]
|номи аслӣ = Қӯрғонтеппа
|акс=
|давлат = [[парчам|Тоҷикистон]]
|нишон =
|парчам =
Сатри 10:
|минтақа=Вилояти Хатлон
|шакли ноҳия=
|ноҳия= Ноҳияи Бохтар
|шакли роҳбарӣ=Раис
|роҳбар=
Сатри 17:
|lon_deg= 68|lon_min=46 |lon_sec=49 |longEW=E
|забони расмӣ = тоҷикӣ
|гурӯҳҳои миллӣ = [[мардуми тоҷик|тоҷикҳо]] [[ӯзбек|ӯзбекҳо]]
|гурӯҳҳои динӣ = [[мусулмон]]он
|этнохороним = бохтарӣ
Сатри 30:
[[Акс:Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ш. Қурғонтеппа.png|thumb|300px|Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар ш. Қурғонтеппа]]
[[Акс:Qurghonteppa 2010 02.jpg|thumb|300px|Соли 2010, хиёбони ш. Қурғонтеппа]]
'''Бохтар-Қурғонтеппа''' ({{lang-fa|قرغان‌تپهباختر}}) (собиқ Қурғонтеппа солҳои 1944-2018) - маркази маъмурии [[вилояти Хатлон]] аст ва дар ҷанубу ғарбии [[Тоҷикистон]] дар соҳили дарёи [[Вахш]], баландии 428 м. аз сатҳи баҳр ҷой дорад.Бохтар дар 100 километрии шаҳри [[Душанбе]], дар водии [[Вахш]], ҷойгир аст. Ин шаҳр бо 105 400 <ref name="stat.tj">[http://www.stat.tj/ru/img/7a20337ca019c92e18235196b4e62aaa_1470198679.pdf Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016 Ахбороти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]</ref> нафар ҷамъият севумин шаҳри [[Тоҷикистон]] аст.
 
ҚурғонтеппаБохтар маркази кишоварзӣ, асосан соҳаи пахтакорӣ, дар [[Тоҷикистон]] аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз [[тоҷикон]], аққалияте аз [[узбакҳо]] ва [[русҳо]] низ зиндагонӣ мекунад.
 
Шаҳри ҳозираи Бохтар дар солҳои 1944 - 1992 бо номи Қурғонтеппа маркази маъмурии вилояти Қурғонтеппа гардид ва минбаъд аз соли 1993 то 2018 маркази маъмурии [[вилояти Хатлон]] буд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба иваз намудани номи шаҳри [[Қӯрғонтеппа]] ва якчанд шаҳру маҳалҳои маъмурии [[вилояти Хатлон]]..., номи шаҳри [[Қӯрғонтеппа]] ба шаҳри Бохтар иваз карда шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар [[Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] баррасӣ шуд.<ref>{{Cite web|url=http://khovar.tj/2018/02/r-onteppa-ba-bohtar-va-sarband-ba-levakand-tabdili-nom-kardand|title=Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд ба Леваканд табдили ном карданд|author=|website=khovar.tj|date=17.02.2018|publisher=17.02.2018}}</ref>
Шаҳри Қурғонтеппа дар солҳои 1944 - 1992 маркази [[вилояти Қурғонтеппа]] буд ва аз соли 1993 маркази [[вилоят]]и [[Хатлон]] аст.
 
== Таърих ==
 
Таърихномаҳо ва осори ҷуғрофиёӣ гувоҳанд ки Қурғонтеппа дар гузашта [[Леваканд]] ном доштааст. Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳр дар ҷои Қурғонтеппа ҳануз дар замони [[Кушониён]] (садаҳои I – IV м.) вуҷуд доштааст<ref>''Ставиский Б. Я.'' Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. – 296 с. – саҳ. 69</ref>. Он шаҳр то замони густариши [[ислом]] дар [[Тоҷикзамин]] яке аз ободтарин шаҳрҳои [[Вахш]] будааст. Дар авохири садаи VII – оғози садаи VIII ин шаҳрро [[мусулмонон]] гирифтанд ва аз он пас дар таърихномаҳо ва осори ҷуғрофидонони исломӣ ин шаҳр ба номи Ловаканд ва [[Леваканд]] ёд шудааст. Чунончӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Форсии [[Истахрӣ]] дар «'''Масолик вал-мамолик'''» (навишташуда дар соли 950 м.) менависад ки «'''аз Ловаканд (لاوَکـَند) то [[Ҳаловард]] (هـَلاوَرد) як манзил ва то Пули Сангин ду манзил роҳ будааст'''»<ref>''Истахрӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Форсӣ.'' Масолик вал-мамолик. (Ба эҳтимоми Эраҷ Афшор). – Теҳрон: Интишороти ширкати интишоротии илмӣ ва фарҳангӣ, 1368 ш. / 1989 м. – саҳ. 217</ref>. Қадимитарин асари ҷуғрофиёӣ ба забони порсӣ - «'''Ҳудуд ул-олам'''» ки дар соли 982 м. таълиф шудааст – оварда ки «'''Леваканд (لیوَکـَند) аз Вахш аст, ҷоест ки аз вай гӯспанди вахшӣ хезад'''»<ref>«Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. – саҳ. 119</ref>. Яке дигар аз ҷуғрофидонони машҳури садаи Х – Абуабдуллоҳ ибни Аҳмади '''Муқаддасӣ''' (945 – 1000 м.) дар китоби маъруфаш «'''Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим'''» ин шаҳрро «'''Ловаканд'''» навиштааст.
 
Line 48 ⟶ 47:
Реша ва маънои ҷойноми [[Леваканд]]ро дар забонҳои [[суғдӣ]] ва [[балхӣ]] бояд ҷуст. Бахши нахусти ин ҷойном - «лева-» дигаргашта аз вожаи балхии «дева-» ба маънии «эзид» аст ва бахши дувум – «-канд», яқинан бозмондаи вожаи [[авестои]]и '''*kanθā-''' > '''kand''' ба маънои '''ободӣ''' ва '''шаҳр''' аст ки дар гузашта дар номгузории шаҳру рустоҳои [[Тоҷик]]замин корбурди фаровон дошта ва дар номи [[Мароканд]] ([[Самарқанд]]), [[Пайканд]], [[Панҷакент|Панҷиканд]], [[Бунҷикат]], [[Хуҷанд]], [[Чимканд]], [[Вобканд]] ва [[Хӯканд]] омадааст.
Аз ин додаҳо чунин бармеояд ки маркази кунунии [[вилояти Хатлон]] пешинаи 2000-сола дорад ва беш аз 1300 сол [[Леваканд]] ном доштааст.
 
== Ҳамчунин нигаред ==
Бохтари қадим — дар баробари номи яке аз се вилояти таърихии Мовароуннаҳр ([[Суғд]] ва [[Хоразм]]) будан, инчунин номи калонтарин [[шаҳр]] ва пойтахти давлати [[Кушониён]] ба ҳисоб мерафт. Шаҳри Бохтари қадим қабл аз давраи Кушониён бунёд ёфта, баъдан дар ин давра хеле обод шуда, гузару маҳаллаҳои нав пайдо мешаванд ва атрофи он бо девори нави мудофиавӣ иҳота мегарданд Берун аз девори шаҳр гузару маҳаллаҳо мавҷуд буданд, ки аз васеъ шудани масоҳати шаҳр гувоҳӣ медиҳанд. Ҳарчанд дар давраи ҳукмронии Канишка (103-126 м.) пойтахт ба шаҳри Пешовар кӯчонида шуда бошад ҳам, Бохтар (Бохтари қадим) ба ҳайси пойтахти дуюм мавқеи худро нигоҳ медоштааст. Қисмати калони давлати Кушониён – [[Вароруд]] аз ҳамин марказ идора карда мешуд.<ref>Массон В.М., Ромодин В.А. История Афганистана. Т.1., М., 1964. – С. 169.</ref>.
Дар забони кушонию бохтарӣ калимаи «Бохтар» хеле маълум буда, дар луғатҳо ба маънии «ғарб, мағриб» ва ҳам «шарқ, ховар» омадааст. Аммо баъзе донишмандон онро ба маънии «ғарб» афзалият дода, ба маънии «шарқ» калимаи «ховар» — ро тавзеҳ додаанд. Он дар забони авестоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ дар ҷараёни гузашти солҳо бо баъзе тағйироти овоӣ дучор шуда, аслан маънои “ғарб”-ро ифода менамояд. Топоними ҷуғрофии «Бохтарзамин» низ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, ба маънои «кишварҳои ғарбӣ, мағрибзамин» фаҳмида мешавад. Ҳамчунон мардумоне, ки дар шимолу ғарбии Ҳинд зиндагӣ мекунанд, онҳоро бохтарӣ ва ё балхӣ меномиданд. Баъдҳо маънои “Бохтар” дар забони суғдӣ роҳ ёфта, ба сифати макони ҷуғрофӣ муаррифӣ шудааст.
 
Аз нигоҳи таърихӣ Бохтар (Бохтари қадим) номи қадимии [[Балх]] низ ба ҳисоб рафта, қаламрави он ҳамчун вилояти таърихӣ қисмҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозираро фаро гирифта, тайи асрҳои миёна ва минбаъд тобеи [[Хатлон]] ва ҳокимони [[Қубодиён]] буда, таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, [[Леваканд]] ва [[Ҳаловард]] қарор доштааст.<ref>[http://khovar.tj/2018/01/shar-i-ta-jiri-nom-oi-baze-mavze-oi-u-rofii-mamlakat/ Шарҳи тағйири номҳои баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакат/Дар бораи Бохтар]</ref>
 
 
 
==Муассисаҳои шаҳр==
* [[Осорхонаи шаҳрии «Бибихонум» дар шаҳри Қурғонтеппа]]