Восеъ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 27:
 
==Суруду достон, нақлу ривоятҳо дар бораи Восеъ==
Дар бораи Восеъ дар замони зиндагиаш ва пас аз маргаш суруду достонҳо, шеърҳову таронаҳо, нақлу ривоятҳо, хотираҳо ва ғайра эҷод шудаанд, ки машҳуртарини онҳо суруди таърихии «[[Шӯриши Восеъ]]» мебошад. Ба ғайр ин суруд дар эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷик дар бораи Восеъ суруду таронаҳо, марсияҳо низ мавҷуданд, ки баъзеашон бо жанри рубоӣ гуфта шудаанд. Яке аз онҳо марсияи «Додар дар ҷанги Восеъ» ном дорад, ки аз гуфтори пиразан Назокат Юсуфова сабт гардидааст. Ӯ ин суруди марсиявиро бо оҳанги нолаи ғамангез бештар дар сӯгвориҳо месароид. Инчунин муҳаққиқони фолклори тоҷик сурудҳое бо номҳои «Восеъ» гуфт: «Камон бигиред», «Восеъ ғазост имрӯз», «Восеи шердил», «Зулм бақо надорад», «Гулъизор аст нолон», «Восеъ ба асп савор» гирдоварӣ кардаанд, ки ба воқеаҳои он замон ва шахсияти Восеъ мансубанд. Дар бораи Восеъ адибон шеъру достон, намоишномаву филмномаҳо таълиф намудаанд. Намоишномаҳои «Шӯриши Восеъ»-и Фитрат (1927), операи «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян (либреттои М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ) (1941), «Восеъ»-и С. Улуғзода (1987) ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Аз рӯйи романи «Восеъ»-и С. Улуғзода силсилафилми «Ашк ва шамшер» (таҳиягар Т. Собиров, 1991) офарида шудааст. Инчунин, дар шеърҳои М. Қаноат, Ғ. Мирзо, М. Шералӣ, Гулназар, [[С. Айюбӣ]] ва дигарон аз Восеъ чун пешвои шӯришгарон ва қаҳрамони озодихоҳу ватандӯст ёд гардидааст.
 
==Бузургдошти Восеъ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Восеъ"