Баҳри Балтика: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Баҳр}}
'''Балтика''' (славянҳои қадим Баҳри Варяг меномиданд, {{lang-pl|Morze Bałtyckie}}, {{lang-de|Ostsee}}, {{lang-nds|Oostsee}}, {{lang-sv|Östersjön}}, {{lang-da|Østersøen}}, {{lang-fi|Itämeri}}, {{lang-et|Läänemeri}}, {{lang-lv|Baltijas jūra}}, {{lang-lt|Baltijos jūra}}) — [[баҳр]]и дохилиматерикии (дохилиқоравии) [[Уқёнуси Атлантик]]. Байни нимҷаз.[[нимҷазираи Скандинавия]] ва соҳилҳои қитъавии Шим.шимолу Ғ.ғарби [[Аврупо]] ҷойгир аст. Б.

Балтика ба воситаи гул-ҳои Эресунн, Белтаи Калон ва Белтаи Хурд, Каттегату Скагеррак бо Баҳри Шимолӣ, ба воситаи роҳи обии Волгаву Балтика бо д. Волга ва ба воситаи наҳри Баҳри Сафеду Балтика бо Баҳри Сафед пайваст мебошад. Дар соҳилҳои Б. давлатҳои Руссия, Эстония, Латвия, Литва, Полша, Олмон, Дания, Шветсия ва Финляндия ҷой гирифтаанд. Масоҳ. 419 ҳазор км2, ҳаҷми об – 21 ҳазор км3, умқи миёнааш 50 м (ҷойи амиқтаринаш – 470 м). Соҳилҳои ҷан. ва ҷан. шарқиаш асосан пасту регзор, болотараш – ҷангалзор. Соҳилҳои шимолиаш шахдор. Халиҷҳои зиёде дорад, ки бузургтарини онҳо Ботник, Фин, Рига, Курша, Гданск мебошанд. Ҷаз-ҳои калонаш: Рюген, Борнхолм, Готланд, Готска-Сандён, Сааремаа, Хийумаа ва гурӯҳи ҷаз-ҳои Аланд. Иқлими Б. муътадили баҳрист. Ба Б. қариб 250 дарё, аз ҷумла, Нева, Висла, Неман, Даугава, Одра мерезанд. Ҳарор. миёнаи февр. аз –30° С дар қисми марказии Б. то –8° С, дар Шим. ва Ш. ҳарор. миёнаи июл 15–17° С. Ҳарор. об дар давоми сол аз 0°С то 20°С тағйир меёбад. Шӯрии сатҳи об аз 3‰ (дар халиҷи Ботник ва Фин) то 16‰ (дар резишгоҳи Дания). Ҳарор. қаъри об ба андозаи 1–15°С тағйир ёфта, шӯриаш аз 10 то 18,5‰ дигаргун мешавад. Қисми шимолии халиҷи Ботник дар як сол 210 рӯз, қисми миёнааш 185 рӯз, халиҷи Рига 80–90 рӯз, гул-и назди Дания 16–45 рӯз ях мебанданд. Ғафсии қабати яхи соҳил 1 м буда, яхҳои шинокунанда аз 0,4 то 0,6 м мешаванд. Обшавии яхи Б. аз ох. марту авв. апр. сар шуда, моҳи июн пурра аз ях озод мегардад. Аҳаммияти хоҷагӣ ва нақлиётии Б. барои давлатҳои атроф хеле бузург аст. Дар Б. бештар равғанмоҳӣ, милит, окун, шӯртан, симмоҳӣ, мормоҳӣ шикор мекунанд.
 
Бандарҳои бузургтарини Б.: Стокголм, Лулео (Шветсия), Хелсинки Котка, Турку (Финляндия), Санкт-Петербург ва Калининград (Руссия), Таллин (Эстония), Рига (Латвия), Гданск, Шетсин (Полша), Любек, Кил, Росток (Олмон). Дар соҳили Б. осоишгоҳҳои иқлимии машҳури Юрмала, Лиепая (Латвия), Нерига (Литва), Колобжег, Устка (Полша), ҷаз. Узедом (Олмон) ва ғ. мавҷуданд.