Банглодеш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 55:
 
== Табиат ==
[[Акс:Satellite image of Bangladesh in October 2001.jpg|thumb|Акси кайҳонии минтақаҳо]]
Қариб 90%-и ҳудуди ҶХБ дар ҳамвории Бангола, наздикии делтаи д-ҳои Гангу Браҳмапутра ҷой гирифтааст. Аз даҳ як ҳиссаи ҳудудашро обҳои дохилӣ ишғол кардаанд. Шим. ва Ш.-и Банглодеш аз ҳамворӣ ва пуштаву кӯҳҳои паст (Читтагонг, баландиашон то 915 м) иборат аст. Дар қисмати Шим., дар сарҳадди Ҳиндустон, пуштаҳои Мадҳупуру Баринд, дар Ш. силсилакӯҳи Лушай ҷойгиранд, ки баландии онҳо аз 300  м зиёд нест. Азбаски ҷараёни кӯҳпайдошавӣ идома дорад, дар ин қаламрав зуд-зуд заминларза ба амал меояд. Аз канданиҳои фоиданок захираҳои гази табиӣ, уран, ангиштсанг, торф ва оҳаксанг мавҷуданд. Иқлимаш субэкваторӣ, муссонӣ. Ҳарор. миёнаи моҳи янв. аз +120 то +250С, июл +23 то +340С. Миқдори боришоти солона аз 1800 то 3000  мм буда, бештари боришот ба моҳҳои июл–октиюл-окт. рост меояд. Обҳои дохилӣ боиси пайдоиши манзараҳо (ландшафтҳо) гардидаанд. Дарёҳои бузургтаринаш Гангу Браҳмапутра. Д. Ганг бо шохоби Браҳмапутра–дБраҳмапутра-д. Ҷамиа якҷоя шуда, Падма ном мегирад, ки паҳнои он ба 10  км мерасад. Поёнтар Падма боз як шохоб — Меҳнуро қабул карда, дар шакли густарда ба халиҷи Бангола мерезад. Ҳангоми обшавии пиряхҳои Ҳимолой ва бориши боронҳои мавсимӣ сатҳи д-ҳои Банглодеш баланд гардида, навоҳии қисмати ҷанубии он то се моҳ зери об мемонанд. Олами набототи Банглодешро бештар дарахтони ҳамешасабзи тропикӣ: тик, нахл, бамбук, лиана (изғиҷи печон) ташкил медиҳанд. Дар Сундарбан – поёноби делтаи Гангу Браҳмапутра бешазори дарахтони мангр мавҷуданд, ки дар Феҳристи осори умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид мебошанд. Ҷангалҳои тропикии боқимонда ҳамагӣ 14%-и ҳудуди Банглодешро ишғол карда, дар қисмати ҷан. ва ҷан. шарқӣ паҳн шудаанд. Олами ҳайвоноти Банглодеш ғанӣ ва сернамуд аст. Дар бешазор маймунҳо зиёд буда, аз дарандаҳо бештар бабри банғолӣ, паланг, кафтор ва хирс мавҷуданд. Дар қисми ҷан. ва шарқии Банглодеш фил, лемур, гуроз боқӣ мондаанд. Хояндаҳо низ хеле зиёданд. Дар Банглодеш бештар аз 700 намуди паранда ва ба миқдори зиёд мору тимсоҳу ҳашароти заҳрнок вомехӯранд. Дар обҳои дохилӣ ва халиҷи Банғола шумораи моҳӣ бисёр аст. Барои ҳифзи табиат дар Банглодеш мамнӯъгоҳ ва боғҳои миллӣ бунёд гардидаанд (боғҳои миллии Мадҳупур ва Читтагонг). Хушксолӣ ва обхезиҳо, бодлесии хок, маҳвшавии бешаҳо, ифлосшавии об (бештар бо пестисидҳо) масоили экологии Банглодеш мебошанд.
 
[[Акс:MudFarmHouse.JPG|thumb|[[Сундарбан]]]]
Дар Сундарбан — поёноби делтаи Гангу Браҳмапутра бешазори дарахтони мангр мавҷуданд, ки дар Феҳристи осори умумиҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО ворид мебошанд. Ҷангалҳои тропикии боқимонда ҳамагӣ 14%-и ҳудуди Банглодешро ишғол карда, дар қисмати ҷан. ва ҷан. шарқӣ паҳн шудаанд. Олами ҳайвоноти Банглодеш ғанӣ ва сернамуд аст. Дар бешазор маймунҳо зиёд буда, аз дарандаҳо бештар бабри банғолӣ, паланг, кафтор ва хирс мавҷуданд. Дар қисми ҷан. ва шарқии Банглодеш фил, лемур, гуроз боқӣ мондаанд. Хояндаҳо низ хеле зиёданд. Дар Банглодеш бештар аз 700 намуди паранда ва ба миқдори зиёд мору тимсоҳу ҳашароти заҳрнок вомехӯранд. Дар обҳои дохилӣ ва халиҷи Банғола шумораи моҳӣ бисёр аст. Барои ҳифзи табиат дар Банглодеш мамнӯъгоҳ ва боғҳои миллӣ бунёд гардидаанд (боғҳои миллии Мадҳупур ва Читтагонг). Хушксолӣ ва обхезиҳо, бодлесии хок, маҳвшавии бешаҳо, ифлосшавии об (бештар бо пестисидҳо) масоили экологии Банглодеш мебошанд.
 
== Аҳолӣ ==