Банглодеш: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 62:
 
== Аҳолӣ ==
[[Акс:DhakaLanguages streetof crowdsBangladesh map.jpgsvg|thumb|200px|Дакка250px]]
Ҳайати этникии аҳолии Банглодеш ҳамгун буда, 98%-и онро банголиҳо ташкил медиҳанд. Дар минтақаҳои шим. ғарбӣ ва марказӣ мусулмонон зиндагӣ мекунанд. Гурӯҳи дигари этникӣ — биҳориҳо зиёда аз 1 млн буда, аз Шим. Ҳиндустон ба Банглодеш омадаанд, забонашон урдуст. Аҳолии таҳҷоӣ қариб 3 млн нафар буда, дар Шим. Ғ. қабилаи санталҳо, дар Шим. Ш. — кҳасиҳо, ғароиҳо ва дар Ҷ. Ш. чакмаҳо, муронгҳо, мармаҳо сукунат доранд. Зичии аҳолӣ дар 1 км² зиёда аз 920 нафар буда, дар ҷаҳон дар ҷойи аввал меистад. Забони давлатӣ банголӣ буда, забонҳои урду, ҳиндӣ ва англисӣ низ паҳн шудаанд. Сатҳи саводнокӣ 44,1 %. Дини асосӣ ислом, 88,3 % аҳолӣ мусулмони суннимазҳаб, 10,5 % пайрави ҳиндуия, боқимонда пайрави буддоия, насрония ва ғ. мебошанд. Афзоиши табиӣ, бо вуҷуди сиёсати демографии камкунии таваллуд, хеле зиёд буда, соле ба 2,5 % мерасад. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 62 сол мебошад. Муҳоҷирати меҳнатии ғайрилегалӣ зиёд аст (ба давлатҳои халиҷи Форс, Британия, Малайзия).