Банглодеш: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Сатри 56:
== Табиат ==
[[Акс:Satellite image of Bangladesh in October 2001.jpg|thumb|Акси кайҳонии минтақаҳо|alt=|left]]
Қариб 90%-и ҳудуди ҶХБ дар ҳамвории Бангола, наздикии делтаи д-ҳои Гангу Браҳмапутра ҷой гирифтааст. Аз даҳ як ҳиссаи ҳудудашро обҳои дохилӣ ишғол кардаанд. Шим. ва Ш.-и Банглодеш аз ҳамворӣ ва пуштаву кӯҳҳои паст (Читтагонг, баландиашон то 915 м) иборат аст. Дар қисмати Шим., дар сарҳадди Ҳиндустон, пуштаҳои Мадҳупуру Баринд, дар Ш. силсилакӯҳи Лушай ҷойгиранд, ки баландии онҳо аз 300 м зиёд нест. Азбаски ҷараёни кӯҳпайдошавӣ идома дорад, дар ин қаламрав зуд-зуд заминларза ба амал меояд. Аз канданиҳои фоиданок захираҳои гази табиӣ, уран, ангиштсанг, торф ва оҳаксанг мавҷуданд. Иқлимаш субэкваторӣ, муссонӣ. Ҳарор. миёнаи моҳи янв. аз +120 то +250С, июл +23 то +340С. Миқдори боришоти солона аз 1800 то 3000 мм буда, бештари боришот ба моҳҳои июл-окт. рост меояд. Обҳои дохилӣ боиси пайдоиши манзараҳо (ландшафтҳо) гардидаанд. Дарёҳои бузургтаринаш Гангу Браҳмапутра. Д. Ганг бо шохоби Браҳмапутра-д. Ҷамиа якҷоя шуда, Падма ном мегирад, ки паҳнои он ба 10 км мерасад. Поёнтар Падма боз як шохоб — Меҳнуро қабул карда, дар шакли густарда ба халиҷи Бангола мерезад. Ҳангоми обшавии пиряхҳои Ҳимолой ва бориши боронҳои мавсимӣ сатҳи д-ҳои Банглодеш баланд гардида, навоҳии қисмати ҷанубии он то се моҳ зери об мемонанд. Олами набототи Банглодешро бештар дарахтони ҳамешасабзи тропикӣ: тик, нахл, бамбук, лиана (изғиҷи печон) ташкил медиҳанд.
|