Рехтагарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) х таҳрир |
Шухрат Саъдиев (баҳс | ҳисса) илова |
||
Сатри 1:
'''Рехтагарӣ''' ({{забон-фа| ریختهگری }}) – яке аз касбҳои қадимтарини [[тоҷик]]он буд.
Хӯлаи Фулузи [[биринҷӣ]] аз омехтаи [[мис]] ва [[қалъагӣ]] иборат буда, яке аз кашфиётҳои қадимтарини инсоният ба шумор меравад. Дар Осиёи Марказӣ низ он таърихи чандҳазорсола дорад. Дар Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан устоҳои биринҷрезро ''«рехтагар»'' меномиданд. Фулузи биринҷиро рехтагарҳо дар корхонаҳои рехтагарӣ ба ҳисоби ба 5 мисқол қалъагӣ 7,5 мисқол миси сурх тайёр мекарданд. Ба ҳисоби дигар ба 1/3 қалъагӣ 2/3 мис ҳамроҳ карда мешуд. Биринҷиро дар зарфҳои бӯта, ки аз гили ба оташ тобовар сохта мешуд, мегудохтанд. Дар бӯтаҳои андозаашон маъмулӣ то 4 кг маҳлули фулуз ҷой мегирифтанд.
Ҷараёни рехтагарӣ тартиби муайян дошт: панҷ рӯз тайёрӣ медиданд ва ду рӯз корҳои рехтагарӣ анҷом меёфт. С. Айнӣ ёддоштҳояшро дар бораи корхонаи рехтагрии Бухоро нақл чунин кардааст: «Дар корхонаи шайх даҳ кӯра ва даҳ сандон буд, ки дар онҳо тахминан чил нафар одам кор мекард: баъзе аз онҳо дампахшкун, баъзеашон гудозгар, қолабгир, сӯҳонгар, бӯтасоз ва монанди инҳо шуда кор мекарданд. Моли хоми дар ин корхона сарфшуданӣ: [[мис]], [[биринҷӣ]], [[руҳ]], [[қалъагӣ]] ва [[сурб]] барин фулузот (металлҳо) буд. Ангишташ - ангишти қандум буд, ки ангиштгарон аз чӯби дарахтони мевадор тайёр карда оварда медоданд. Қолибҳои чизҳои рехта-шуданиро аз реги сиёҳ месохтанд. Бӯтаҳо ба шакли қадаҳи хурду калон сохта мешуданд, ки фулузотро ба қадри даркорӣ ва мувофиқи талаби чизҳои рехта-шуданӣ майда карда, ба ҳам омехта, дар бӯта андохта, ба кӯра ниҳода мегудохтанд ва он фулузоти омехтаи гудохташударо ба қолибҳои чизҳои сохташуданӣ мерехтанд. Ин
Маҳсулоти корхонаи рехтагарӣ гуногун буд. Рехтагарон аз ''хӯлаи биринҷ'' - [[манқал]], [[офтоба]], [[кӯза]], [[чойҷӯш]], [[лаълӣ]], [[миқрози шамъ]], [[давот]], [[зангӯлаи шутур]], [[узангуи асп]], ҳалқаву [[қуббаҳои дарвоза]], [[зангӯлаи дастбандӣ]] барои раққосон ва монанди инҳоро месохтанд. <ref> Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 55 - 57.</ref>
==Нигаред==
* [[Бӯта]]
* [[Заргарӣ]]
== Манбаъ ==
<references/>
|