Заргарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
Сатри 3:
Аз бозёфтҳои бостоншиносон маълум мешавад, ки аввалин намунаҳои маснуоти заргарӣ ба давраи неолит (асри биринҷӣ) тааллуқ доранд. Маснуоти заргарӣ дар он замонҳо ҳамчун фетиш – ашёи дорои қувваи сеҳромез вазифаи ҳифзкунандаро иҷро мекарданд ва аз қувваҳои бадӣ нигаҳ медоштанд. Дар маснуоти ороишии асри биринҷӣ рамзҳои ҷирмҳои осмонӣ, тасвирҳои ҳайвонот ва инсонҳо тасвир ёфтаанд, ки мазмунҳои асотирӣ ва эътиқодӣ доштанд.
Ба санъати заргарии давраи тоисломӣ оро додани маснуоти заргарӣ бо тасвири ҳайвонот, одамон ва ҷонварони тахайюлӣ хос буд. Дар давраи исломӣ тарзи ороиши маснуоти заргарӣ рушд ёфта, зарагарон ва ороишгарон бештар аз нақшҳои ислимӣ – гулу растанӣ, шаклҳои ҳандасӣ ва матнҳои хатти арабӣ истифода мекунанд.
Дар шаҳрҳои [[Бухоро]], [[Самарқанд]], [[Хуҷанд]], [[Истаравшан]], [[Ҳисор]] касби заргарӣ хеле рушд ёфта буд. Дар аксари шаҳрҳои калон заргарон дукону растаи худро доштанд, ки он ҷо ҳам макони зист ва ҳам ҷои фаъолияти онҳо буд. Дар [[Бухоро]] дар гузари Токи Заргарон ҳамаи устохонаҳо ва дуконҳои заргарони шаҳр ҷойгир шуда буданд. Тибқи иттилои О.А. Сухарева, дар ибтидои асри ХХ дар Бухоро тақрибан 400 нафар заргарон зиндагӣ ва фаъолият мекардаанд. Дар қатори мардҳои заргар баъзан занҳову духтарони онҳо низ дар хонаҳои худ ба кори заргарӣ машғул мешуданд.
 
Дар заргарӣ амалҳои [[рехтагарӣ]], [[кандакорӣ]], [[ҳаккокӣ]], [[заробӣ]], [[сайқалдиҳӣ]], [[ҳаллоҷӣ]] ([[тунуккунӣ]]), [[ҳалдавонӣ]] ва ғайра истифода мешаванд. Амали аз маъданҳои дигар ҷудо кардани [[нуқра]]ю [[тилло]]ро дар [[Бухоро]] ''«гаҳбандӣ»'' меномиданд. Фулузи интихобшударо бо [[болға]] дар болои сандон то ба ҳамвор шуданаш мекӯфтанд. Ҳар як [[усто]] барои нақшу нигор ва ороиш дар фулузи ҳамворшуда қолибҳои гуногун доштанд, ки ба воситаи онҳо нақшҳои барҷаста мегузоштанд. Омехтаи дигар фулузот бо [[тилло]] натиҷаи хуб намедод ва он зудшикан шуда, барои нақшгузорӣ мувофиқ набуд. Хӯлаи ягонаи барои ин кор созгор хӯлаи тиллову нуқра ба ҳисоб мерафт, ки онро «тиллои ҷурғотӣ» меномиданд. Хӯлаи «тиллои ҷурғотӣ» аз 4/5 ҳисса нуқра ва 1/5 тиллои тоза таҳия мешуд, ки ранги он зарди паст буда, тобишҳои ҳар ду металлро дар бар мегирифт. Дар кори заргарон омехтаи [[нуқра]] бо [[мис]] низ истифода мешуд, ки тақрибан дар охирҳои асри ХIХ дар натиҷаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Русия ба вуҷуд омада буд.
Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рузгор, либосу аслиҳаи чангӣ) аз фулузот: тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра;

аз сангҳои гаронбаҳову ранга: лаъл, ёқут, фирӯза, зумурад, лоҷувард, каҳрабо, булури куҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва монанди инҳо;

аз маводи табиӣ: устухони фил, садаф, марворид ва чанде дигар истифода мекунанд.

Маснуоти сохтаи заргарон: ангуштарин, гӯшвор, зеби гардан, болои абрӯ (қоши тилло), каҷак, бозубанд, дастпона, ҳайкал, тӯмор ва амсоли инҳо аз ҷумлаи зеварҳои маъмулии занҳои тоҷик мебошанд. Заргарони Бухоро дар сохтани камарбандҳои васеи мардона, ки асосан бо фирӯзаву марворид хотамкорӣ мешуданд, шуҳрат ёфта буданд.
Барои ангуштарин сохтан хӯлаи тиллоро ба қолибҳои тавонак, ба монанди кори рехтагарҳо, гудохта мерехтанд. Сипас бо навъҳои сӯҳон онро соида, ҳамвор менамуданд ва ба он нигини сурх ё ягон санги гаронбаҳоро насб мекарданд.
 
==Маҳсулоти заргарӣ ==
Заргарони тоҷик дар ороиши маснуоти заргарӣ аз муҳраҳо[[муҳра]]ҳо васеъ истифода мебурданд.
[[Муҳра]]ро дар Бухоро гаварса ва ё зағирак меномиданд. Барои сохтани муҳраҳо тиллову нуқраи дорои иёри баланд истифода мешуд. Муҳраҳоро дар кириё ба воситаи симкашӣ сӯрох мекарданд ва пасон дар ороиши гӯшвору зеби гардан ба кор мерафт. Барои истеҳсоли муҳраи навъи аъло ҳар кадом муҳраро дар алоҳидагӣ месохтанд. Дар пораи ангишти аз чӯби дарахт тайёршуда, чуқурчае кофта, ба он сим мегузоштанд ва ангиштро ба рӯйи лахчаи оташ ниҳода, бо даҳандам – лӯлачаи махсуси мисӣ онро пуф карда, ҳаво медоданд, то ки оташи он аланга гирад. Вақте ки сим об мешуд, бо анбӯр ангиштро гирифта, ба зарфи обаш хунук меандохтанд. Дар як лаҳза қатраи хӯла сард ва сахт шуда, ба муҳра табдил меёфт.
Барои истеҳсоли миқдори зиёди муҳраҳо сими хӯларо дар зарфи ба оташ тобовар (маъмулан дар бӯта) об карда, сипас ба оби хунук қатра-қатра мечакониданд. Қатраҳо шаклҳои муҳраҳои гирдачаи нуқрагӣ ё тиллоиро мегирифтанд.
 
Баъзе заргарони Бухоро ба сохтани тангаҳо[[танга]]ҳо низ машғул мешуданд. Тангаҳоро дар устохонаи дарбор тайёр мекарданд, ки он корхонаи танга ном дошт. Барои тангасозӣ асбоби махсус, ба монанди лӯлаи металлӣ, қолибҳои матндору нақшдор истифода мешуд. Ба лӯлачаи як тарафаш баста, пораи металлро андохта, ба дарунаш тири оҳанинро гузошта, аз болояш бо болға мекӯфтанд.
Чи тавре ки мардумшинос, М. Искандарзода, маълумот додааст, дар шаҳри қадимаи Ҳисор гузари заргарон мавҷуд буда, дар он оилаҳои зиёди заргарон зиндагӣ ва фаъолият мекардаанд. Яке аз заргарони он шаҳр Маъбуди Ғолиби Ҳисорӣ буд, ки ҳамчун сарвари заргарони Ҳисор бо санъати волои худ дар байни аҳолии шаҳр машҳур буд.
Заргарони Ҳисор шаддаи марҷонро бо панҷаҳои нуқрагини кандакоришуда, ки аз шаш то дувоздаҳ донаанд, ороиш медоданд. Дар байни муҳраи марҷон киштӣ ё туморро бо нақшу нигори қолибӣ ё кандакорӣ аз нуқра месохтанд. Инчунин байни ҳар қисми марҷонҳо тангаҳои нуқрагини сиккаи Бухоро истифода мешуд, ки онро ҳамели танга меномиданд. Аз мӯҳраҳои гарди хазина чун шаддаи марҷон бо шакли ромб оро медоданд ва шакли хурди ин муҳра хафабанд (гулӯбанд) ном дошт.
Line 35 ⟶ 42:
==Нигаред==
* [[Бофандагӣ]]
* [[Рехтагарӣ]]
* [[Бӯта]]
== Манбаъ ==
<references/>