Сафармуҳаммад Айюбӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 26:
 
== Зиндагинома ==
 
Сафармуҳаммад Аюбӣ [[20 декабр]]и [[1945]] дар шаҳри [[Кӯлоб]] таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Институти педагогии шаҳри Кӯлоб (1976). Солҳои 1970—1976 мухбири рӯзномаи «Роҳи ленинӣ», 1976—1993 мухбири рӯзномаи «Хатлон» ва Тоҷик-ТА дар минтақаи Кӯлоб, 1993—1995 сармуҳар-рири идораи барномаҳои адабӣ-драмавии ТВТ, 1995—1998 сармуҳаррир, сардори раёсати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, 1998—2009 мудири шӯъбаи масоили иҷтимоӣ, фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буд. Ӯ 22 феврали соли 2011 вафот кардааст.
Сафармуҳаммад Айюбӣ
[[20-декабри соли 1945]] дар шаҳри [[Кӯлоб]] дар оилаи [[Муҳаммад Айюбӣ Исо]] ва [[Бибисайфурамоҳи Борон]] ки яке аз шахсиятҳои қаҳрамону дӯстдори ватан ва донандаи хуби мактаби [[Бедил]] буданд, таваллуд ёфтааст. Ва дар ҳамон ҷой, соли 1976, Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба итмом расондааст. Баъдан мухбири рӯзномаву оҷонсиҳои Бо роҳи Ленини. Хатлон. ТоҷикТА. ТАСС ва ИтарТАСС (1976-1993), Сармуҳаррири шуъбаи фарҳангу адабиёти ТВТ(1993-1995), сардори раёсати Фарҳанги Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ (1995-1997) ва мудири шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (1997-2008), аз соли 2008 бознишаста ва машғули фаъолияти эҷодӣ будааст. Нахустин шеърҳои ӯ аз аввали солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаву маҷаллаҳои Садои Шарқ . Помир . Маориф ва маданият. Тоҷикистони Советӣ. Адабиёт ва санъат,ва дигар расонаҳои хабарию адаби мунташир гардидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои:
[[Гули гандум (1980)]],
[[Роҳи сафар (1984)]],
[[Шохаи барқ (1986)]], [[Фалаки роғӣ (1990)]], [[Мунтахаби Осор ()]], [[Меъроҷ ()]] ва ғайра мебошад. Достонҳои: [[Хоҳиши дарё (1990)]]. [[Мунзим (1990)]].
[[Вафои Зарробӣ (2001)]]. [[Маснавии мирӣ (2001)]]. [[Шаҳриёрнома (2002)]] ва ғайра мебошад. Сафармуҳаммад Айюбӣ сермаҳсултарин драматурги тоҷик аст. У бештар аз 200-драмаи манзум иншо намудааст, ки аз он ҷумла [[Фишор]], [[Заволи Чамбули Мастон]] , [[Илзе]], [[Меъроҷи Шоҳин]], [[Алии Сонӣ]] , [[Хатои охирини Афлотун]], [[Айюби Собир дар шаҳри бесуннат]], [[Амир Балъамӣ]], [[Дақиқӣ]], [[Драмаи Миллат]] ва дигар асарҳои драмавии у дар Фестивали театрҳои касбии Тоҷикистон беҳтарин шумурда соҳиби ҷоизаи олии фестивал-[[Гран-при]] гардонида шудаанд, ҳамчунин ғолиби машварат озмунҳои драманависони касбии Тоҷикистон гардиданд. Дар шакли филм низ пешкаши бинандагон гардидаанд. Ва ин асарҳо нуктаи баланди эҷодиёти ӯро ташкил медиҳанд. Таҳқиқ ва таҳлили эҷодиёти ӯ гувоҳӣ медиҳанд, ки Айюбӣ суханро санҷида ва дониста мегӯяд, ба алфози покиза ва маъонии латиф диққати ҷиддӣ медиҳад ва ҳусни таълифу таносуби суханро ҷиддан риоя менамояд.
Ба шеъру шоири даст задан ва ғазалу қасидаи хуб гуфтан кори осон нест, аммо дар қолаби авзои арӯзӣ драмаи манзум гуфтан аз он ҳам мушкилтар аст. Шоире ба эҷоди драмаи манзум даст мезанад, ки нозукиҳои каломи манзум ва аркони он арӯз, қофия ва бадеъро хуб аз худ карда бошад.
Аз драмаҳои Сафармуҳаммад Айюбӣ бараъло маълум мегардад, ки ӯ илми шеърро хеле хуб медонад.
Услуб ва тарзи иншои драма маҷбур месозад, ки шоир баъзан як калимаро дар қолаби ду мисраъ ҷой диҳад. Чунин тарзи ифода шоирро водор месозад, ки ба нозукиҳои тақтеъи шеър ва мавқеи ҳиҷо эътибори ҷиддӣ диҳад. Хушбахтона Сафармуҳаммад Айюбӣ аз ӯҳдаи чунин тарзи ифода бараъло баромада тавонистааст. Дар назари аввал гуфтаҳояш хеле оддӣ ва ба воқеият наздиканд, аммо андешаву афкораш бениҳоят маърифатӣ.
Қаҳрамонони лирикии ӯ ашхоси гуногунпешаанд, ба таърих ва сарнавишти одамизод вобастагии сахт доранд. Воқеъа, ҳодиса ва лаҳзаҳои ҳаётие, ки Сафармуҳаммад Айюбӣ иншо менамуд, баъзан аз ҳаёти як халқ берун баромада ва хусусияти умумибашариро ба худ мегирифт. Қаҳрамони шоир марди бомаърифату ватандӯст, худшиносу мутафаккир аст, вай сахтию бадиҳои рӯзгорро дидааст ва роҳҳои ислоҳи онро меҷӯяд.
Сафармуҳаммад Айюбӣ ба ҷаҳони ботинии инсон сахт ошноӣ дорад, шоири дардошно мебошад. Тарзи гуфтораш хеле оддӣ ва бадеъист, услуби баёнаш ба шеъри халқӣ наздик аст ва бисёр гуворост:
 
Ай шамъ ту бар суроғи парвона биё,
 
В-ай ҷони рамида, пеши ҷонона биё.
 
Ай дарду ғам, аз хонаи худ дур марав,
 
Ғамхона дили мост, ба ғамхона биё.
 
Ё ин ки:
 
Аз кӯчаи мо пираки садсола гузашт,
 
Дасташ ба асову дар лабаш нола гузашт.
 
Мегуфт: Ҷавониҳои серӯзаи ман,
 
Монанди табассуми гули лола гузашт.
 
Сафармуҳаммад Айюбӣ эҷодкорест ҳадафманд, андешаҳову афкораш равшан ва ба воқеияти ҳаёт сахт вобаста аст. Дар қолабҳои анъанавии шеъри классикӣ: ғазал, маснавӣ, дубайтӣ, рубоӣ, қитъа бештар шеър мегуфт. Дар эҷоди шеър, асосан ба расоии маънӣ аҳамият медиҳад. Аз баъзе шеърҳояш садои марди хирад ба гӯш мерасад. Ӯ шоири мутафаккир аст. Тазодҳои зиндагиро хеле хуб медонад ва бисёр бамавқеъ дар шеър истифода мебарад. Ба ин шеър ки [[Панди Дерин]] ном гирифтааст бо диққат нигаред:
 
Одами баднафсро нони даҳонаш мекушад,
 
Шахси бадгуфторро захми забонаш мекушад.
 
Шавқу шури навҷавониро пайи ишрат мабар,
 
Беадабро ҷунбиши хуни ҷавонаш мекушад.
 
Кудаконашро агар н-омухт одобе падар,
 
Оқибат ноодамии кудаконаш мекушад.
 
Мебари бо худ камон аз тири он андеша кун,
 
Марди беандешаро тири камонаш мекушад.
 
Гар шиновар хешро бар сели дарё мезанад,
 
Ҳалқаи гирдоби дарёи равонаш мекушад.
 
То ки қад боло кунад по монд дар болои дуст,
 
Бевафоро дар ҷудои душманонаш мекушад.
 
Гуфт Айюбӣ сухан аз синаи бедарду ғам,
 
Дарди он бедардҳои достонаш мекушад.
 
Сафармуҳаммад Айюбӣ дар силсилаи шеърҳои «Панди Дерин», «Бе хоки ватан ҳеҷам», «Субҳ», «Дӯст», «Шукронамарг», «Коваи арси бист», «Шикаст», «Шукрона», «Ман мусалмонам», «Ҳамдами Худо» ва дар силсила ғазалҳо, мухаммасҳо, рубоиҳо,маснавӣ, дубайтиҳояш беҳтарин мазоминро бо тахоюлоти олии шоирона ороставу пероста кардааст.
Тарзи гуфтор ва услуби баёни шоир имконият намедиҳад, ки хонанда шеъри ӯро ба таври сарсарӣ бихонад. Сари ҳар таъбир ва ифодаи шоиронаи ӯ таҳаммул ва андеша кардан мешояд.
Тартибу танзими ашъори Сафармуҳаммад Айюбӣ хеле устувор аст. Илми адабиётшиносии имрӯза, алалхусус донишмандони илми адаб то ҳол ақидаи хешро нисбати шеър ва драмаҳои манзуми ӯ пурра баён накардаанд. Тарзи ифода, ҳунари шоири ва муносибати ӯ нисбати каломи бадеъӣ имконият медиҳанд, ки адабиётшиносони мо мероси адабии Сафармуҳаммад Айюбиро мавриди таҳқиқи алоҳида қарор бидиҳанд. Дар эҷодиёти Сафармуҳаммад Айюбӣ таърихи башар ва лаҳзаҳои алоҳидаи он мавқеи асосиро ишғол менамояд. Сафармуҳаммад Айюбӣ нозукиҳои таърихи бостонии халқи тоҷикро ҷузв ба ҷузв аз худ кардааст. Ӯ дар заминаи воқеияти таърихӣ асари бадеӣ офарида, бештар ба амалиёт ва воқеа диққат додааст. Муаррихони моро лозим меояд, ки ба ин ҷиҳати мероси адабии ӯ, алалхусус ба драмаҳояш диққати бевосита диҳанд.
Сафармуҳаммад Айюбӣ тарҷумон низ буд. Устод ашъори ҷудогонаи Н.Доризо, Р.Рождественский, М.Геттуев, Миртемир ва дигаронро ба забони тоҷикӣ гардондааст. Тарҷумаи филми Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ яке аз тарҷумаҳои устод Сафармуҳаммад Айюбӣ ба ҳисоб меравад. Оҳангсозони тоҷик ба бештар аз 200-шеъри ӯ оҳанг бастаанд, ки аз ҷониби сарояндагони мумтози кишвар суруда мешаванд. Сафармуҳаммад Айюбӣ адиби донову зиррак, боақлу бофаросат, хоксору меҳрӯбон буд. У дар байни ҳамкорон ва дар тамоми Тоҷикистон бо ҳақ гӯиву ҳақ парвари маълум ва машҳур гашта буд. Сухани ҳақро дар рӯи инсон мегуфт. Шахсияти ростгӯву ростпарварро дӯст медошт ва эҳтиром менамуд.
Устод ба ҷоизаҳои зерин сарафроз гардонида шудааст:
 
* Ҷоизаи олии Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон Ноҳид (1994).
 
* Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1995).
 
* Шоири халқии Тоҷикистон(1999).
 
* Барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000).
 
Аз соли 1986 узви Иттифоқи нависандагон аз соли 1980 узви Иттифоқи журналистон аз соли 1981 узви Иттиҳодияи арбобони театри Тоҷикистон аст. Устод дар охирҳои ҳаёти худ аз бемории саратони мағзи сар азият кашида ва бо ҳамин бемори ҷон ба Ҳақ супурданд. Устод Сафармуҳаммад Айюбиро чандин маротиба ба хориҷи кишвар барои ҷароҳи фиристоданд, вале чи метавон кард ҳар як чиз аввал дораду охир, умри инсон низ. Устод яке аз ҷароҳиҳои худро дар вақти ҳаёт буданашон ёд намуда чунин набиштааст:
 
Аъзои якдигарем…
Бо ҳукми тақдир ба беморхонаи Институти умумирусиягии ба номи «Бурденко» -и шаҳри Маскав афтодам. Чун дар дигар беморхонаҳо муҳит хира ва ҳузновар буд. Ҳар рўз ашхоси мубталои бемориҳои майнаро меоварданд, ҷарроҳӣ мекарданд ва дар палатаҳо мехобониданд. Долонҳои беморхона пур аз шахсони калаванда буд. Яъне, касеро, ки ҷарроҳии майна мекарданд, ў қобилияти рост роҳ рафтанро гум мекард.
Масал: Касе бе мудохилаи майна дуруст роҳ рафта наметавонист. Ман низ яке аз онҳо будам. 19-уми ноябри соли 2008 маро ба палатаи 5-уми ҳамин бемористон хобониданд. Тифоқо, Николай Иванович Балдин ном марди рус дар як палата бо ман ҳамсоя шуд. Ў чунин марди содда ва самимӣ буд, ки дар як дақиқа аз ҳаёту зиндагии худ ба ман маълумот дод. Маълум шуд, ки ў аз шаҳри Перми вилояти Перм буда ҳамсараш Балдина Наталя Анатолевна мебошад, ки духтаре (бо номи Лариса) доранд. Николай Иванович аз тоҷик фарқ надошт. Ў бо ман бародарвор сухан мегуфт, меҳрубонӣ мекард, аз ҳисоби савғоҳои аз шаҳри Перм овардааш дастархони маро лабрез менамуд. Ман дар он муҳити ҳузновар худамро дигар танҳо ҳис намекардам. Мо гўё бачаҳои як хона будем. Ин ҳама барои ман нав буд, зеро мане, ки дар Иттиҳоди Шуравӣ тарбия ёфта, меҳрубонии қариб сад халқияту миллатро эҳсос кардаам, тааҷуб наменамудам, ба ҳар куҷое, ки сафар мекардам, аз пешорў меҳрубониву шавқат мебаромад. Аммо ин Руссия он Руссияи Ленин набуд. Раҳму шавқат, дўстиву самимият чун пардаҳои тирамаҳ ба ким-куҷое пар боз карда буданд. Махсусан дар ин ҷо, дар беморхонаи «Бурденко» ҳама чиз бо доллар чен карда мешуд. Мабодо як доллар намерасид, бемор ба беморхона роҳ намеёфт. Бе пардохт ҳеҷ як кори хурдтарин амалӣ намешуд. Мо беморҳо ин вазъиятро хуб мефаҳмидем. Сарфи назар аз ин ба духтурҳои рус ҳоло ҳам эътиқод доштем. Бовар мекардем, ки ҷарроҳӣ хуб мегузарад. Бо ҳамин ниятҳои нек, умедвори рўзҳои нек, ба ҷарроҳӣ омодагӣ мегирифтам. Танҳо маро суханҳои дилгармкунандаи Николай Иванович ва ҳамсари меҳрубони ў Наталя Анатолевна қувват мебахшиданд. Ман эҳсос мекардам, ки дар миёни издиҳоми бемор ва қариб, ки дилсард мутакое дорам. Николай Иванович ҳатто қабл аз ҷарроҳӣ суроғаи маро дар Душанбе ва Кўлоб (барои як рўзи мабодо) навишта гирифт, бо исрор гуфт, ки ў то абад ошнои қарини ман мемонад ва тайёр аст дар ҳама кор ҳамроҳи ман бошад. Ҳамин тавр ҳам шуд. Рўзе фаро расид, ки маро ба ҷарроҳӣ мебурданд. Николай Иванович бо ҳамсарашон Наталя Анатолевна аз пушти ман то ба утоқи ҷарроҳӣ нолон рафтанд. Баъди ҷарроҳӣ ман ҳашт рўз бе ҳушу мадор будам. Ҳар гоҳе, ки чашм мекушодам, болои Сарам Николай Иванович ё ҳамсараш Наталя Анатолевна менишастанд, гўё онҳо ба тадриҷ болои сари ман навбатпоӣ мекарданд. Баъди ҳашт рўз вақте, ман ба по шудам, аввалин ашки шодиро дар чашмони ду нафар дўстони русам дидам. Ман меболидам, ки танҳо нестам. Охир Саъдии бузургвор гуфта: «Бани одам аъзои якдигаранд… » Шукри Худованд. Ба ҳар ҳол вуҷудамро оҳу фарёди талхе фаро мегирифт, ки худ ба худ шеър мегуфтам:
 
Ай худо дар вақти пирӣ хаставу хорам макун,
 
Бистарӣ пеши зану фарзанд ночорам макун.
 
Аҳли байтамро саломат дор, ай яздони пок ,
 
Нотавону бекасу ғамдору афгорам макун.
 
Дар ҷавонӣ аз паи мансаб намекардам талош ,
 
Ҳеҷ гоҳе, ай Худо, муҳтоҷи дарборам макун.
 
Чор тарфам пур бувад аз нокасони пургуноҳ,
 
Дар сари пирӣ гуноҳи ғайрро борам макун.
 
Пеш-пешам ризқу рўзӣ буд дар айни шабоб,
 
Вақти пирӣ тангдасти кунҷи бозорам макун.
 
Чун асо бар даст додӣ ранҷи ҷонсўзам мадеҳ,
 
Бо азобу сўзу сози дарди дил ёрам макун.
 
Чеҳраам сурх асту дил аз ғурбати олам пуроб,
 
Сурхрўю туршдил чун донаи норам макун.
 
Зиндагӣ бо ҳар каси нопок гар шармандагист,
 
Бо каси нопоку сангиндил гирифторам макун.
 
Чун ба пирӣ мерасад кас мешавад бисёргап,
 
Баддилу нобарҳақу бисёргуфторам макун.
 
Пир будан гар бувад дарде, ки дармон несташ,
 
Чун равам дар хоб, дигарбора бедорам макун.
 
Чӣ гунае ки дар боло зикр намуда будем, устод дар солҳои охири ҳаёти худ аз бемории саратони мағзи сар азият мекашид. Ва бо ҳамин бемори 22 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе вафот намуданд. Намози ҷанозаи устод бо иштироки садҳо дустону пайвандонаш ва иштироки дусти беҳтаринаш Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар масҷиди Яккачинор баргузор гашт ва пайкари устодро дар мазори Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурданд.
Пас аз вафоти устод барои абади гардонидани номашон мактабе дар шаҳри Кӯлоб ва кӯчеа дар шаҳри Душанбе ба номи устод Сафармуҳаммад Айюбӣ номгузори карда шуд.
Аз пайвандони устод набераашон Ғанизода Шаҳзод ва бародараш [[Нуралӣ Айюбӣ]] низ шоирони бо маҳорат ҳастанд. Ба Аллоҳи пок якҷоя дуо менамоем ки рӯҳи Сафармуҳаммад Айюбиро шод, қабрашонро равшану кушод ва яке аз боғҳои Ҷаннат гардонад омин ё раббил оламин.
 
== Эҷодиёт ==