Сафармуҳаммад Айюбӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 152:
 
== Эҷодиёт ==
Сафармуҳаммад Аюбӣ адибе буд маъниёб ва нуқтасанҷ, қариб байте дар офаридаҳояш сатҳӣ нест, баҳри эҳсосоти гузаро, баҳри миллат ва дардҳои иҷтимоӣ хома меронд ва мекӯшид ҳамеша нуқтаи наве баён созад. Шеъраш навои дарду ғам аст, чун донандаи хуби осори мардумӣ аз ин ганҷи бебаҳо андешаю тобишҳои нозук ҷуста, ашъорашро оро додааст. Назму драмаи муосири тоҷикро наметавон бе осораш тасаввур кард, нигоштаҳояш ба сони марворид дурахшу қимати хосае доранд пеши парасторони адабиёту фарҳанг. Ӯ фарзанди диёри хеш буд ва онро чун ҷон дӯст медошту дар ҳар сатри шеъраш таппиши дили шахси меҳанпарвар, миллатдӯст ва ба ёру диёр содиқ шунида мешуд. Мубризаи қувваҳои некию бадӣ, зиддияти хираду ҷаҳолатро дар ҳама навиштаҳояш муассир ба қалам медод. Шоир барои ибрози эҳсосоти шӯрангезаш маводи хомро аз ҷамоли табиат фаро гирифта, дар қолаби хотири хеш бо мадади эъҷози тахайюл ба сурати аломатҳои андеша медаровард. Шеър дар назараш танҳо василаи илҳому андеша набуда, балки монанди гулдаста бо андеша ва зебоиҳои табиат омехта мебошаду назмаш ҳамеша ҳадаф дорад ва боре мекашад. Сафармуҳаммад Аюбӣ дар равнақи драматургияи миллӣ, хусусан драмаи манзум дар адабиёти муосири тоҷик таҳаввулоте ба амал овард ва мактабе низ созмон дод. Ӯ қариб 90200 асари драмавӣ эҷод кард, ки беш аз 40- тоаш дар саҳнаи театрҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он намоиш дода шудаанд ва чандин маротиба драмаҳояш ғолиби озмунҳои драманависон гарди¬даанд. Драмааш «Алии сонӣ» ба шакли филми чаҳорқисмаи теле¬визонӣ пешкаши бинандагон шуд ва аз рӯи сенарияҳои эҷодкардааш зиёда аз даҳ филми телевизионӣ таҳия гардидаанд.
 
== Осори асосӣ ==