Имом Бухорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 37:
Шахсият ва осори илмии Имом Бухорӣ назари шахсиятҳо ва маҳфилҳои илмиро дар имтидоди асрҳо ба худ ҷалб карда, аз сӯи пешоҳангони андешаи башарӣ мавриди омӯзиш ва арзёбии васеъ қарор гирифтааст. Дар ин муддат даҳҳо масҷид, марказҳои илмӣ ва шахсиятҳо дар ҷаҳони ислом ба номи ӯ номгузорӣ шуда, нишастҳои илмӣ ва конфронсҳо ба ёди шахсият ва ё дар бораи осори илмии ӯ баргузор гардидааст. Шоёни зикр аст, ки соли 2010 шаҳри Душанбе аз сӯи Созмони фарҳанг ва маорифи исломӣ (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардид ва дар он конфронсе дар сатҳи кишвар ба муносибати 1200-солагии зодрӯзи Бухорӣ зери унвони «Имом Бухорӣ ва илми ҳадис» баргузор шуд. Барои шиносоии бештар бо шахсияти ин нобиғаи тоҷик худи ҳамон сол аз сӯи институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ ҶТ ба номи академик А. М. Баҳоуддинов китобе бо номи «Зиндагонӣ ва сирати имом Бухорӣ» таҳия шуда, ба чоп расид ва дар киностудияи «Тоҷикфилм» дар бораи ӯ филме ҳам ба навор гирифта шуд.
== Ҳамчунин нигаред ==
 
Дар даврони шӯравӣ ба тармими [[оромгоҳ]]и Имом Бухорӣ ҳукумати ҶШС Узбекистон диққат зоҳир намекард. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Узбекистон, [[қадамҷой]]и Имом Бухорӣ ба Маҷмаи фарҳангӣ табдил дода шуд. Дар он [[оромгоҳ]]и бошукӯҳи Имом Бухорӣ бо сангҳои қимматбаҳо оро дода шуда, [[мақбара]]и зебо, [[масҷид]], [[осорхона]]и мутаффакири ислом, ва саҳни васеъ барои ибодати 5000 намозгузорон бунёд гардид. Маҷмааи Имом Бухорӣ ё "Хоҷа Исмоил"-и назди ш. [[Самарқанд]] ба [[зиёратгоҳ]]и [[мусулмон]]они дунё табдил ёфтааст.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ|}}