Донишнома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 64:
Назар ба энсиклопедияҳои умумӣ, энсиклопедияҳои соҳавӣ аз қадим боз бештар таълиф шудаанд. Яке аз соҳаҳои бисёр мутараққӣ аз ҷиҳати миқдори аксарҳо, аз он ҷумла энсиклопедияҳо соҳаи илми тиб мебошад, ки баъд аз фалсафаю дин ва ҷуғрофияву таърих ҷои намоёнеро дар мероси илмӣ ишғол менамояд. Дар давоми асрҳои 9–10 то аввали асри 20 дар Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёна, Ҳиндустон асарҳои тиббии фаровон таълиф ёфтаанд. Дар Эрон дар асрҳои 9–10 олими бузурги соҳаи тиб Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ асарҳои зиёди тиббиро ба забони арабӣ таълиф кард, ки ба тибби минбаъдаи арабӣ ва тоҷику форсизабонон таъсири калон расонд. Якумин асари тиббӣ, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шуда буд, ин «Китобу-л-ҳидоят-ил-мутаалимин фи-т-тиб» (975) мебошад. Ин китоб дар бораи тамоми соҳаҳои илми тибби онвақта: анатомия, тасвири бемориҳо ва тарзи муолиҷаи онҳо, тасвири доруҳо-фармакология, гигиена ва пешгирии касалиҳо баҳс мекард.
 
''«Ал-Қонун фи-т-тибб» «[[Захираи Хоразмшоҳӣ]]», «Дастуру-л-илоҷ», «Махзану-л-адвия», «Қарободини кабир», «Муҳити Аъзам», «Иксири Аъзам», «Ал-ҳовӣ»'' ба тамоми касалиҳо ва муолиҷаи онҳо бахшида шудааст.
 
==== Адаб ====