Боғи Рӯдакӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х мусавварсозӣ, илова
→‎Тавсиф: илова
Сатри 4:
'''Боғи устод А. Рӯдакӣ (Боғи Устод Рӯдакӣ)''' – дар маркази ш. [[Душанбе]] воқеъ аст.
== Тавсиф ==
Боғ дар қисмати марказии ноҳияи Исмоили Сомонии ш. [[Душанбе]], соҳили чапи дарёи Варзоб (Душанбе) воқеъ аст. Масоҳати майдони боғ - 8 га ташкил медиҳад. Сохтори боғ шакли чоркунҷа дошта дар паҳлӯи хиёбони А. Рӯдакӣ ҷойгир шудааст. . СолиМасоҳат 200718,3 мувофиқига. лоиҳаиАз генералиис. тармими шаҳр ба ҷойи боғи марказии фароғат ва истироҳатии шаҳрӣ, ки1933 ба номи В.И. Ленин гузоштабуд. шудаСоли буд1994 -Боғи боғимарказии муосир,фарҳангу фароғат ва с. 2008 ''«Боғи Устод Рӯдакӣ»'' бунёдном шудаастгирифт. Баъди тармими нави саҳни боғ, аз онҷо ҳамаи атраксиону чойхонаи «Фароғат» гирифта шудаанд. Боғи марказии пойтахт бо дизайни замонавии аврупоӣ тармим карда шудааст. Гулгашти асосии боғ ба даромадгоҳи «Коҳи Миллат» пайваста шудааст. Дар маркази боғ ба муносибати 1150 солагии сардафтари адабиёти тоҷик, муҷассамаи [[Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] бунёд шудааст. Саҳни боғ бо гулу дарахтони ороишӣ ва фаввораҳои дорои рангу мусиқӣ ороиш дода шудааст. Соли 2008 ба таври куллӣ бозсозӣ шуд ва ба як истироҳатгоҳи сарсабзу гуворо бадал гашт. Боғ дорои 1840 бех дарахтони ороишӣ, 4105 м2 гулгаштҳо, 8661 м2 чаманзор, 42667 м2 роҳраву ҷодаҳо мебошад. Дар маркази боғ ҳайкали сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик устод Рӯдакӣ қомат афрохтааст, ки дар пояи он намоишҳои ҳунарӣ, мулоқоту дидорҳо бо донишмандону соҳибназарон баргузор мегарданд. Дар боғ аз самти хиёбони Рӯдакӣ 41 ҳавзу фаввора эъмор шудааст, ки бо шуоъҳои рангоранги худ ба ҳусни он ҳусни тоза зам мекунанд.
 
==Таърих ==
Боғ миёнаи солҳои 1930 аз рӯи лоиҳаи архитекторони ш. Ленинград М. Баранов ва Н. Баранов бунёд шуда буд. Дар маркази боғи марказии фароғат ва истироҳат нусхаи биринҷии ҳайкали В.И. Ленин, ки назди Институти Смолнийи ш. [[Ленинград]] вокеъ аст, ба Душанбе оварда шуда буд. Бинобар ин, дар замони шӯравӣ боғи марказии фароғат ва истироҳати шаҳри Душанбе ба номи В.И. Ленин гузошта шуда буд. Саҳни боғ бо гулу дарахтони ороишӣ ва фаввораҳо, атраксионҳо, майдончаҳо ва диг. ороиш дода шуда буд. Соли 1970-ӯм дар дохили боғ чойхонаи дуошёнаи «Фароғат» сохта шуда амал мекард.