Август Бебел: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳ
No edit summary
Сатри 1:
{{Шахсият|номи аслӣ=Бебел, Август|акс=}}
'''Бебел''' (Bebel) '''Август''' (22.2.1840, Кёлни ҳозира – 13.8.1913, Пассугги Швейсария), ходими сиёсӣ ва яке аз асосгузорони сотсиал-демократияи [[Олмон]].
== Зиндагинома ==
Дар оилаи низомии Пруссия таваллуд ёфтааст. Аз с. 1860 дар ш. Лейпсиг зиндагӣ дошт ва дар фаъолияти маорифпарва- рии ҷамъияти коргарон фаъолият мекард. Соли 1866 бо ҳамроҳии Вилгелм Либкнехт Ҳизби халқии радикалӣ-демократии Саксонияро таъсис дод. Баъди як сол Бебелро раиси Шӯрои иттифоқҳои коргарӣ интихоб намуданд ва дар ин айём ӯ бо Интернатсионали I робита барқарор намуд. Баъд аз он, ки дар сафи демократҳо ҷудоиҳо (либералҳо, буржуазҳо) ба амал омаданд, иттифоқҳои боқимонда ва Ҳизби халқии Саксония с. 1869 дар ҳизби коргарии сотсиал-демократӣ муттаҳид гардиданд. Дек. 1870 Б. ҳабс шуд, лекин марти 1871 баъди интихоб шудан ба рейхстаг озод гардид. Тарафдори Коммунаи Париж буд. Соли 1875 якҷо бо Либкнехт ҳизби ташкилкардаи сотсиал-демократии коргариро бо тарафдорони Ф. Лассал ба ҳизби ягонаи сотсиал-демократӣ муттаҳид намуд. Ӯ усулҳои муборизаи синфӣ ва интернатсионализми пролетариро таъкид мекард. Дар қабули Барномаи дуюми Ҳизби сотсиал-демократии Олмон (1891) нақши муҳим дошт. Бебел корманди пешбари рӯзномаи ҳизбии «Форверст» буд. Соли 1884 рисолаеро бо номи «Давраи мадании муҳаммадии арабӣ» (Магометанско-арабский культурный период) чоп кард. Он то давраи Империяи Усмонии а. 16-ро дар бар мегирад. Ҳоло асари мазкурро ҳамчун нутқи рӯзмарраи ҳимояи сулҳи байни тамаддунҳои гуногун баррасӣ менамоянд. Китоби ӯ «Зан ва сотсиализм» (1883) ба чандин забон, аз ҷумла ба забони русӣ тарҷума шудаст. Яке аз майдонҳои марказии Берлин номи Бебелро гирифтааст.