Ассотсиатсияҳои ситорагӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
clean up, added orphan tag using AWB
Сатри 1:
{{Orphan|date=ноябр 2018}}
 
[[File:Orion.Nebula.M42.Trapezium.Cluster.VIS-IR.HST.jpg|alt=Трапетсияи Орион|thumb|350x350px|Трапетсияи Орион]]
'''АССОТСИÁТСИЯҲОИ СИТОРАГӢ''', гурӯҳҳои [[ситора|ситораҳои]]ҳои ҷавони (синнашон то даҳҳо млн сол) андозаи паҳнояшон 50–100 пк ва шумораашон аз якчанд то садно.Ассотсиатсияҳои ситорагӣ соли 1949 В. А. Амбарсумян кашф ва коҳиши онҳоро пешгӯӣ намуд. Таҳқиқоти баъдинаи Ассотсиатсияҳои ситорагӣ Блаув, Б. Морган, В. Маркарян, И. Копилов ва дигарон воқеаи васеъшавии Ассотсиатсияҳои ситорагиро тасдиқ кард. Дар охирҳои солҳои 40 асри 20 В. А. Амбарсумян роҳи дигари ҳалли масъалаи муайян намудани синни ситораҳоро пеш гирифт. Ӯ маълумоти мавҷударо оид ба тақсимоти ситораҳои навъҳои гуногун дар фазо, инчунин таҳқиқоти хусусӣ оид ба динамикаи ситораҳо (яъне ҳаракати онҳо дар майдони ҷозибавие, ки тамоми ситораҳои Галактика ба вуҷуд меоранд)-ро асоси кори худ гирифт. Дар ин асос ӯ ду хулосаи муҳимро на танҳо барои [[астрофизика]], балки барои ҳамаи илмҳои табиатшиносӣ кард:
* пайдоиши ситораҳо дар [[Галактика]] то ҳанӯз давом дорад;
 
*пайдоиши ситораҳо гурӯҳ-гурӯҳ ба амал меояд.
Ин хулосаҳо ба тарзи пайдоиши ситораҳо ва табиати манбаи энергияи ситораҳо вобаста набуда, дар кашфи навъҳои нави гурӯҳҳои ситоравӣ, ки Ассотсиатсияҳои ситорагӣ номида шудаанд, асос ёфтаанд. Чунин гурӯҳҳоро тарокуми ситорагӣ меноманд. Ду навъи тарокуми ситорагиро фарқ мекунанд: пароканда (мансура) ва [[курашакл]] (манзума). Тарокумҳои пароканда маъмулан аз даҳҳо ё садҳо ситораи пайдарпайи асосӣ ва ситораҳои фавқулазиме иборатанд, ки дар марказ чандон ғун нашудаанд. Тарокумҳои курашакл аз даҳҳо ва ё садҳо ҳазор ситораи пайдарпайии асосӣ ва ситораҳои сурхи азим иборатанд.<br />
Line 12 ⟶ 13:
 
== Манбаъ ==
* {{ЭМТ||2|муаллиф=}} / М. Холов.
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]] / М. Холов.
*Холопов П. Н. Звёздные скопления. Москва, 1981;
*Локтин А. В., Марсаков В. А. Звёздная астрономия в лекциях. Ростов-на-Дону, 2010;