Зодоварӣ: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
х Bot: Parsoid bug phab:T107675 |
|||
Сатри 1:
{{Orphan|date=ноябр 2018}}
'''АФЗОЍШ''' дар [[биология]], қобилияти насл дода тавонистани [[ҳайвонот]] ва [[наботот]]. Афзоиш ҷинсӣ ва ғайриҷинсӣ мешавад. Афзоиши ҳайвонот. Афзоиши ғайриҷинсӣ ба мавҷудоти дараҷаи паст хос мебошад. Ҳангоми афзоиши ғайриҷинсӣ насл аз як ҷинс (дар натиҷаи тақсимшавӣ, муғҷабандӣ ё аз спораҳои он) мерӯяд. Бо роҳи тақсимшавӣ (як ё якчанд маротиба – шизогония) содатаринҳо ва бо муғҷабандӣ (афзоиши нашвӣ) исфанҷҳо, гидраиҳо, рӯдаковокҳо, [[хордадорҳо]] афзоиш мекунанд. Афзоиши ҷинсӣ қариб дар ҳама гурӯҳи ҳайвонот дида мешавад. Афзоиши ҷинсӣ дар мавҷудоти якҳуҷайра гуногун ([[изогамия]], [[гетерогамия]], [[оогамия]]) аст. Яке аз шаклҳои махсуси афзоиши ҷинсӣ [[партеногенез]] мебошад. Ҳангоми партеногенез насл аз ҳуҷайратухме ба вуҷуд меояд, ки бидуни [[бордоршавӣ]] инкишоф ёфтааст (масалан, дар [[кирмҳои ҷигармак]], кайки обӣ, ширинча ва ғайра). Ҷонварони афзоишашон ҷинсӣ хунсо ва ҷудоҷинса мешаванд. Хунсоӣ асосан хосси [[мавҷудоти бемуҳра]] (исфанҷҳо, рӯдаковокҳо, кирмҳои ҷигармак, тасмакирмҳо, [[шуллук]]) ва каму беш хордадорҳост (масалан, суфрамоҳӣ, шӯрмоҳӣ, равғанмоҳӣ, баъзе парандаву [[ширхӯрҳо]]). Ғадуди ҷинсии баъзе мавҷудоти хунсо (масалан, тӯқумшуллуки ток) ҳамеша тағйир (гоҳ модина ва гоҳ нарина) меёбад. Бо роҳи ҷинсӣ фақат дар давраи балоғат Афзоиш кардан мумкин.
=== Афзоиши ҳайвонот ===
Афзоиши чорво ва парандаҳо мураккаб аст. [[Гов]] дар 6–10, [[гӯсфанд]] 5–6, [[хук]] 5–8 ва асп 15–18-моҳагӣ ба воя мерасад. Муддати барои наслгирӣ кор фармудани ҳайвонот ба зот ва синну соли онҳо вобаста аст. Бисёр аспҳо то 16–18 (баъзан 25–30), гов 13–16, гӯсфанд то 6–7-солагӣ насл медиҳанд. Хук дар 6–9-солагӣ аз насл мемонад. [[Мурғ]] то 10-солагиаш тухм дода метавонад. Ҳар қадар ҳайвон зиёдтар насл диҳад, он ҳамон қадар ба насли худ камтар ғамхорӣ мекунад. Аз ҳама бештар [[паразит
=== Афзоиши наботот ===
Афзоиши [[растанӣ|рустанӣ]]. Барои рустанӣ ғайр аз афзоиши ҷинсӣ тарзҳои гуногуни Афзоиши ғайриҷинсӣ ва нашвӣ хос мебошанд. Ҳангоми афзоиши нашвӣ аз узвҳои нашвӣ (поя, реша, барг, лӯндаҳои реша ва поя, пиёзак, печакҳо ва ғайра) насли нав инкишоф меёбад. Macалан, картошка ва ноки заминӣ аз лӯндаҳо (дар нӯги решапоя ҳосил мешаванд), занбақ, баъзе намудҳои [[пиёз]], сунбул, заъфарон аз пиёзак, бектошӣ, қот, баъзе хӯшаиҳо, оташгул аз муғҷаҳои асосии навда, [[савсан]], карнайгул, қашқарӣ аз решапоя, бисёр навъҳои бед, себи худрӯй, тамашк, олболу, [[олу]] ва ғайра аз муғҷаҳои реша месабзанд. Пайванд, фарғуч ва қаламча низ навъҳои афзоиши нашвии рустанианд. Аз рустаниҳои афзоишашон нашвӣ дар натиҷаи мутатсия бисёр навъҳои пурбаҳо рӯёнда шудааст. Вале [[мутатсия]] баъзан хосияти навъҳои рустаниро метавонад бадтар кунад. Бинобар ин, ҳангоми афзоиши нашвӣ аломатҳои рустаниро ҳамеша назорат кардан лозим. Ба воситаи афзоиши нашвӣ аз як рустанӣ наслҳои аломату хосиятҳояшон гуногун рӯёндан мумкин аст. Баъзе [[обсабз
== Манбаъ ==
* {{ЭМТ||2|муаллиф=}}
/ ''А. Тошев.''
|