Фарқият байни намунаҳои "Барӯйхатгирии аҳолӣ"

clean up, added orphan, underlinked tags using AWB
х (→‎Сарчашма: clean up, replaced: == Манбаъ == → == Сарчашма ==, removed: Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо using AWB)
(clean up, added orphan, underlinked tags using AWB)
 
{{Underlinked|date=ноябр 2018}}
{{Orphan|date=ноябр 2018}}
 
БАРӮЙХАТГИРЍИ АҲОЛӢ, ({{lang-fa|سرشماری}} саршуморӣ) равиши ҷамъ намудани маълумоти омории якдафъаина ва ё ҳар сари чанд вақт махсус ташкилкардашуда, ки дар замони муайян аз рӯйи барнома ва усули ягона дар тамоми ҳудуди мамлакат сурат мегирад. Барӯйхатгирии аҳоли мушоҳидаи мунтазаму пурраи давлатии оморист, ки дар рафти он маълумот дар бораи шумора ва ҳайати аҳолӣ (дар давраи муайян) ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбаст мешавад.
Тарзҳои Барӯйхатгирии аҳолии умумӣ, ба тариқи мунтахаб ё ба ҳам омадани принсипҳои ҳар ду шакл будан метавонад. Ҳангоми Барӯйхатгирии аҳоли зимни маълумот дар бораи шумора ва ҳайати аҳолӣ, вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, маълумот оид ба сокинони мамлакат (ё ноҳияҳои алоҳида), инчунин соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, савдо ва ғайра ба назар гирифта мешавад. Маълумот мувофиқи саволҳои дар бораи аҳолӣ пешакӣ тайёркардашуда ҷамъ карда мешавад. Барӯйхатгирии аҳолиро гурӯҳи шаҳрвандон, ки омӯзиши махсусро гузаштаанд ва барои омода кардан, баргузор ва ҷамъбаст намудани натиҷаи Барӯйхатгирии аҳоли ҷалб карда шудаанд. Дар равиши Барӯйхатгирии аҳоли маҷмӯи ҳуҷҷатҳои махсуси намунаи маъмул, аз ҷумла варақаи дорои шакли муайяни Барӯйхатгирии аҳоли истифода бурда мешаванд.
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ||2|муаллиф=}}
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
 
[[Гурӯҳ:Аҳолии Тоҷикистон]]