Баҳлул: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
вироиши
clean up, added orphan tag using AWB
Сатри 1:
{{Orphan|date=ноябр 2018}}
'''БАҲЛУЛ''' ({{lang-ar|'''بهلول'''}} – гӯл, нодон, лода, масхарабоз), қаҳрамони [[латифа|латифаҳо]], ҳикояҳо, афсонаҳои халқии арабӣ ва форс-тоҷик. Дар осори арабӣ бо номи Далқаки дарбори Ҳорунаррашид маъруф аст. Шахси воқеӣ, таърихӣ будааст, ки номаш дар осори таърихию адабӣ, аз ҷумла осори Ибни Арабӣ, «Таърихи гузида» ва ғайра вомехӯрад. Ӯро писари олими маъруфи асри 8 Умари Куфӣ ё амакбачаи халифа Ҳорунаррашид гуфтаанд ва ишораҳо кардаанд, ки то соли 848 барҳаёт будааст. Шахсе будааст қаноатпеша, зулмситез, муборизи роҳи адолат, норозӣ аз сиёсати иҷтимоию сиёсати ҳукмронони давр ва аз бидъату хурофот. Азбаски барои изҳору ибрози ақидаҳояш, дашном додани аъёну ашроф метавонист ҷазо бибинад, вай худро гӯлу нодон нишон медод, худро ба девонагӣ мезад ва аз ҷазо раҳоӣ меёфт. <br />
 
'''БАҲЛУЛ''' ({{lang-ar|'''بهلول'''}} – гӯл, нодон, лода, масхарабоз), қаҳрамони [[латифа|латифаҳо]]ҳо, ҳикояҳо, афсонаҳои халқии арабӣ ва форс-тоҷик. Дар осори арабӣ бо номи Далқаки дарбори Ҳорунаррашид маъруф аст. Шахси воқеӣ, таърихӣ будааст, ки номаш дар осори таърихию адабӣ, аз ҷумла осори Ибни Арабӣ, «Таърихи гузида» ва ғайра вомехӯрад. Ӯро писари олими маъруфи асри 8 Умари Куфӣ ё амакбачаи халифа Ҳорунаррашид гуфтаанд ва ишораҳо кардаанд, ки то соли 848 барҳаёт будааст. Шахсе будааст қаноатпеша, зулмситез, муборизи роҳи адолат, норозӣ аз сиёсати иҷтимоию сиёсати ҳукмронони давр ва аз бидъату хурофот. Азбаски барои изҳору ибрози ақидаҳояш, дашном додани аъёну ашроф метавонист ҷазо бибинад, вай худро гӯлу нодон нишон медод, худро ба девонагӣ мезад ва аз ҷазо раҳоӣ меёфт. <br />
Бо ҳамин хислату сифатҳо гоҳ чун Баҳлули доно, гоҳ Баҳлули нодон дар бораи ӯ мардум латифаву ҳикоятҳо бофтанд ва баъдан ин бофтаҳои халқӣ ба адабиёти хаттӣ гузаштанд. Бо номи Баҳлул ҳикоёту латифаҳо дар «Ҳадиқату-л-ҳақиқа»-и [[Саноӣ]], «Мусибатнома», «[[Асрорнома]]»-и [[Аттори Нишопурӣ|Фаридуддини Аттор]], «Ҷавомеъу-л-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт»-и [[Авфӣ]], «[[Маснавии маънавӣ]]»-и [[Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ|Ҷалолуддини Румӣ]], «Баҳористон»-и [[Абдураҳмони Ҷомӣ|Абдурраҳмони Ҷомӣ]] ва ғайра ба назар мерасанд. Мувофиқи маводди фолклории бадастомада дар байни мардуми тоҷикзабони Осиёи Марказӣ латифаҳову ҳикоёт дар бораи Баҳлул мавҷуданд. Баҳлул инчунин дар байни мардуми Курдистон ва Эрон машҳур аст. Дар Эрон ҳафтаномаи танзии «Баҳлул» нашр мешавад; маҷмӯаҳое бо номҳои «Баҳлул: оқили девонанамо» (1343 [[ҳиҷрии шамсӣ]]), «Баҳлули оқил» (1372 ҳиҷрии шамсӣ), «Латифаву ҳикоёти ширини Баҳлули оқил» (1372 ҳиҷрии шамсӣ), «Қиссаҳои Баҳлул» (1376 ҳиҷрии шамсӣ) ва ғайра ба табъ расидаанд. Дар байни тоҷикон низ номи Баҳлул дар афсона, латифа ва ҳикоятҳо зиёд ба назар мерасад.
== Манбаъ ==
* {{ЭМТ||2|муаллиф=}} / Р. Раҳмонӣ.
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]] / Р. Раҳмонӣ.
*Раҳмонӣ Р. Шугҳои Бухоро дар сабти Равшан Раҳмонӣ, М., 1997;
* ''دانشنامۀ جهان اسلام''. ج. ۴. تهران، ۱۳۷۷ هـ. ش
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Баҳлул"