Аритмияи дил: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
clean up, added orphan tag using AWB
Сатри 1:
{{Orphan|date=ноябр 2018}}
 
1. '''Аритмия''' - халал дар назми дил
Дар зиндагии рӯзмарра [[одам]]они [[дил]]ашон солим кор ва назми [[дил]]и худро эҳсос намекунанд. Кашишхӯрии мушакҳои дил одатан дар як назм ва бо як суръати муайян ба вуқӯъ мепайвандад. Аммо агар дар назми кашишхӯрии мушакҳо халале ба вуҷуд ояд, дил дарҳол аз худ дарак медиҳад. Халалдор гаштани назми дилро дар илми тиб аритмия меноманд. Истилоҳи «аритмия» дар худ, халалҳои аз нигоҳи моҳият ва зуҳуроти клиникиашон гуногуни ба вуҷуд омадан ва гузаронидани импулси электрикиро муттаҳид мекунад. Халалдор гаштани назми дил дар ҳолате ба вуқӯъ мепайвандад, ки импулсҳои электрикии оғозгари кашидашавии дил нодуруст фаъолият карда, таппиши дилро ё бениҳоят тез ё оҳиста, ё номунтазам ва беназм мегардонанд. Рушди технологияҳои тиббӣ ва усулҳои табобатии нав ба [[табиб]]он имкон дод, аритмияро назорат карда, бо муваффақият табобат намоянд. Аритмия метавонад таъсири манфии зиёде ба кори дил расонад. Аритмия мушаки дилро хароб карда, кори дастгоҳи клапаниро халалдор мегардонад. Артимия метавонад аломатҳои гуногун дошта бошад. Аммо дар аксари маврид халалдор гаштани назми дил аломатҳои зеринро дар бар мегирад:
Line 18 ⟶ 20:
Асоси дармони инфаркти дил - беморие, ки дар камини ҳамаи мост, ин аст, ки раги басташуда боз шавад ва хунрасонӣ барои раги дил барқарор шавад. Барои боз кардани раги баста як роҳи асосӣ ин аст, ки бемор ҳарчӣ зудтар ба бемористоне, ки имкони ангиографӣ (яъне тавсирбардории мустақим аз рагҳои дил) ва озмоишгоҳи катетеризм (катлаб) дорад, расонида шавад, то ки бо истифода аз баллонҳои кӯчак ва як навъ василаи зариф бо номи стент раги қалб боз карда шавад. Дар тамоми кишварҳои пешрафта сайъ бар он аст, ки бо роҳандозии хизматрасониҳои ёрии таъҷилӣ ва бемористонҳои дорои ангиографӣ ва имкони ангиопластикӣ (яъне боз кардани раги дил бо баллон ва стент) бирасанд. Дар ин ҳолат бояд бемористонҳои омода барои хизмати 24- [[соат]]аи ангиопластӣ дар тамоми рӯзҳои [[ҳафта]] ва [[ид]] вуҷуд дошта бошанд ва имкони расидани сареъи беморон ба бемористон мавҷуд бошад. (Дар Тоҷикистон чунин имкониятро Бемористони Ибни Сино дорост!)
Вуҷуди ин имконотро Шабакаи ангиопластии аввалия мегӯянд, ки ҳар шаҳру кишваре онро бояд барои худ тарроҳӣ кунад. Роҳи дигари дармони сактаи қалб истифода аз доруҳои ҳалкунандаи лахта ( ё тромболитик) аст. Ин доруҳо метавонанд лахтаро дар хун ҳал кунанд. Аммо муваффақияти ин равшаниҳо сарҷамъ ҳудуди 50-60% аст, илова бар ин бемороне, ки хатари хунрезӣ , собиқаи сактаи мағзӣ доранд, хеле пир ва дорои шароити дигар мебошанд, наметавонанд аз ин равиш истифода кунанд.
Дар пойтахти чумҳурӣ шаҳри [[Душанбе]] Бемористони Ибни Сино фаъолият дорад, ки дорои бахшҳои ангиографӣ ва ангиопластӣ мебошад. Бемористон бо таҷҳизоту дастгоҳҳои пешрафтаи [[ҷаҳон]]ӣ муҷаҳҳаз аст ва мутахассисони варзидаи [[ватан]]иву хориҷӣ омодаанд, ки беморони дучори сактаи дилро дар тамоми 24 соати [[шабонарӯз]] барои дармони фаврӣ бипазиранд.<ref> [http://www.ibnisino.tj/tg/tavsiyahoi-mo/75-saktai-dil-chist-infarkt-miokarda.html Сактаи дил чист ? (инфаркт миокарда)]</ref>
==Пайвандҳои беруна==
<references/>