Беморӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
clean up using AWB
Сатри 1:
[[Акс:Michael Ancher 001.jpg|alt=Духтари бемор (Den syge pige) рассом, Анкер Микаэл (соли 1882)|thumb|'''Духтари бемор''' (Den syge pige) [[рассом]], Анкер Микаэл ([[соли 1882]])]]
'''Беморӣ''' ё '''маризӣ''' ба ноҳинҷорӣ дар бадан ва равон мегӯянд, ки ба иллати нороҳатӣ, ихтилоли амалкард ё таниш дар бемор ё сайри афроди муртабит бо ӯ эҷод мегардад. Албатта бояд миёни беморӣ ва сайри ҳолатҳои пизишкӣ монанди хастагӣ, заъифӣ, касолат ва андӯҳ тафовут гузошт<ref>Аз Википедиаи порсӣ https://fa.wikipedia.org/wiki/%D8%A8%DB%8C%D9%85%D8%A7%D8%B1%DB%8C</ref>. <br />
'''Беморӣ''' ({{забон-код|la|}} ''morbus''), ихтилоли фаъолияти организм ва робитаи мутақобилаи он бо муҳит. Аз беморӣ, одатан, қобилияти корӣ муваққатан ё доимӣ суст ё гум мешавад.
 
== Омилҳои беморизо ==
Сатри 25:
== Пешигирии бемориҳо ==
Пешгирии бемориҳо ба шахсӣ ва ҷамъиятӣ ҷудо мешавад. Системаи давлатии ҳифзи тандурустӣ тадбирҳоеро дарбар мегирад, ки афзоиши некӯаҳволӣ, шароити бехатари меҳнат, беҳсозии шароити манзил ва зиндагонӣ, муҳофизати муҳити зист, беҳбудии санитарӣ ва ободии ҷойҳои аҳолинишин, тараққии оммавиии варзиш ва кору истироҳати меҳнаткашонро таъмин месозанд. Муҳофизати модарон ва кӯдакон зуҳуроти ғамхории хоси давлат, кафолати боэътимоди саломатии насли наврас аст. Кӯмаки деспансерӣ ба кормандони тиб имкон медиҳад, ки саломатии аҳолиро назорат кунанд, хуруҷи бемориҳои музмин ва инкишофи бемориҳои навро пешгирӣ намоянд.<br />
Бо вуҷуди ин, эҳтиёт кардани саломатии худ ва аъзои оила вазифаи ҳар як шахс аст. Агар кас ғами саломатии худро нахӯрад, пас ҳама саъю кӯшиши духтурон барабас меравад. Риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, обутоби организм, машғул шудан ба варзиши бадан, пеш гирифтани тарзи ҳаёти солим, риояи тартиби меҳнат ва истироҳат, ғизои муносиб, даст кашидан аз одатҳои бад (сӯиистеъмоли нӯшокиҳои спиртдор, тамоку, бадахлоқии ҷинсӣ) – ин ҳама ба саломатӣ ва фаъолияти эҷодии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мусоидат мекунад. <ref>[[Энсиклопедияи* Миллии Тоҷик{{ЭМТ||Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]|муаллиф=}} Ш. Гадоев</ref>
== Нигаред ==
{{Бемориҳо}}
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Беморӣ"