Фарқият байни намунаҳои "Бирмингем"

clean up, added orphan, underlinked tags using AWB
х (Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ)
(clean up, added orphan, underlinked tags using AWB)
{{Underlinked|date=ноябр 2018}}
{{Orphan|date=ноябр 2018}}
 
БЍРМИНГЕМ (Birmingham), шаҳр дар Британияи Кабир, дар қисми марказии Англия.
 
Аҳолиаш 1,1 млн нафар (2010, дувумин шаҳри бузург баъди Лондон). Масоҳ. 267,8 км2. Маркази р. о. ва роҳҳои автомобилгард. Аэропорти байналмиллалӣ дорад. Маскуншавии нахустин дар Бирмингем ба а. 11 рост меояд. Мавқеи ҷуғрофиёиаш барои рушди Бирмингем мусоидат намудааст; дар а. 13 бо намоишгоҳи фурӯши маҳсулот (ярмаркаҳо) ва дертар бо ривоҷи ҳунари косибӣ маъмул гардидааст. Дар охирҳои а. 18 ба маркази филиззкорӣ (металлургия)-и сиёҳ, саноати мошинасозӣ, маснуоти филиззӣ ва саноати низомӣ табдил ёфт. Бирменгеми муосир шаҳри саноатӣ буда, минтақаи асосии саноатӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Англия ба ҳисоб меравад. Соҳаҳои асосии саноаташ: хӯрокворӣ, мошинсозӣ, тайёрасозӣ, электротехника, дастгоҳсозӣ, табъу нашр буда, велосипед ва мотосикл истеҳсол карда мешаванд. Дар Бирмингем 3 донишгоҳ ва 2 коллеҷи назди донишгоҳ мавҷуд аст. Мактаби Шоҳ Эдвард яке аз таълимгоҳҳои беҳтарини занонаи Англия ба ҳисоб меравад. Ёдгорҳои таърихӣ: Калисои ҷомеи Филиппи Муқаддас (1765), Калисои Павели Муқаддас (1779), Калисои ҷомеи Чэди Муқаддас (1841). Дар маркази шаҳр майдони Виктория бо ратуша дар услуби классикӣ (1834) ва яке аз фаввораҳои бузургтарини Аврупо ҷойгир аст. Нигористони санъати бадеӣ ва нафиса, осорхонаи нақлиёт ва р. о., китобхона, оркестри симфонӣ дорад. Дар наздикии Бирменгем дар Борнвилл осорхонаи шоколади ширкати «Кэдберри» воқеъ гаштааст.
== Манбаъ ==
* {{ЭМТ||2|муаллиф=}}
[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик|Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2]]
 
[[Гурӯҳ:Кишварҳо]]