Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
Сатри 24:
Маҷмаа ҷаласаи навбатиро ҳамасола аз сешанбеи сеюми моҳи сентябр оғоз менамояд, ки қариб се моҳ идома меёбад. Баробари ҷаласаи навбатӣ Ассамблея метавонад бо талаби Шӯрои Амният ё аксари аъзои СММ ҷаласаҳои махсус доир намояд. Дар сурати таҳдид ба амнияти байналмилалӣ Маҷмаа метавонад давоми 24 соат ҷаласаи фавқулода баргузор кунад.
== Ҷумҳурии Тоҷикистон узви СММ==
[[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] аз с. [[1992]] узви [[Созмони Милали Муттаҳид]] (СММ) мебошад ва намояндагони он дар ҳама ҷаласаҳои Маҷмаа ширкат менамоянд. [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] [[Эмомалӣ Раҳмон]] борҳо аз ин минбари баланд сухан кардааст. Бисёр пешниҳодҳои ӯ аз ҷониби аъзои Маҷмаи Умумии СММ дастгирӣ ва дар санадҳои СММ инъикос ёфтаанд. Масалан, с. 2003 бо ташаббуси бевоситаи [[Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон]] тибқи қарори Ассамблея "Соли байналмилалии оби тоза" эълон гардид. Пешниҳодҳои Э.Раҳмон дар мавриди ба эътидол овардани авзои Афғонистон ҳам аз тарафи аъзои Ассамблея ҷонибдорӣ шудаанд.<ref>Энсиклопедияи Миллии Тоҷик,Чилди 2. АСОС-БОЗ –Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с. 26-27</ref>
 
==Манобеъ==