Асп: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Асотир: илова
Сатри 37:
Сарнавишти Аноҳито — эзади об низ бо асп марбут аст. Барои [[Аноҳито]] — таъкид шудааст дар [[Авесто]], — Аҳура Маздо гардунае сохт, ки чаҳор асп дошт ва ба манзили боду борон ва обу тагарг бо он мерафт. Аз фаргарди дуюми [[Вандидод]] маълум мешавад, ки саргузашти Ҷамшед низ бо асп сахт марбут мебошад.
 
Қисмати бештари устураҳои авестоӣ дар иртибот бо асп ба сарзамини [[Турон]] алоқаманданд. Турониён тибқи тасвири ҳамосӣ мардумони бодиянишин, саворони чобуку тундрав ва душмани Эрон хонда шудаанд. Дар байни онҳо машҳуртар Франграсйана (Афросиёби «Шоҳнома») мебошад. Тибқи маъ­лумоти [[Умари Хайём]] дар «Наврӯз­нома» [[Афросиёб]] гуфта: {{аввали иқтибос}}«Асп мар-мулукро чунон аст, ки осмон мармоҳро»{{охири иқтибос|сарчашма=«Наврӯз­нома»-и [[Умари Хайём]]}}. Дар ҳа­мин асар оид ба аспҳои гуногун, зоту сифатҳо ва хусусиятҳояшон маълумот дода шудааст. Ному корномаи аксар ашхоси асотирии эронитабори [[Авесто]] ба тавассути асп шуҳратёр мегарданд. Масалан, Заҳҳокро[[Заҳҳок]]ро (Ажи Даҳака) [[Беварасп]] — дорандаи даҳ ҳазор асп низ хондаанд. Тибқи анъанаи устурасозӣ Фаридун (Тра­этаона, Фретон) дар [[Авесто]] ба асп дилбастагииқавӣ дорад. {{аввали иқтибос}}«Офаридунро пурсидаанд, ки эй малик, чаро бар асп нанишинӣ?» Гуфт: «''Тарсам, ки Яздонро шукр ба воҷибе натавонам гузорд''»{{охири иқтибос|сарчашма=«Наврӯз­нома»-и [[Умари Хайём]]}}.
 
=== Вожаи асп ===
Калимаи «асп» як ҷузъи номи ашхоси қадими асотирӣ ва ривоятӣ — [[Гуштосп]], Таҳмосп, Арҷосп, [[Гаршосп]], [[Луҳросп]], Озаргушасп, Ҷомосп ва дигарон мебошад. Дар «[[Шоҳнома]]»-и Фирдавсӣ аз галабонӣ (асппарварӣ) дар байни эрониён ва турониён, наслгирӣ аз аспҳои хушзоти паҳлавонону подшоҳон, масалан, аз [[Рахш]] (аспи Рустам), Шабранг (аспи Сиёвуш), [[Шабдиз]] (аспи Хусрави Парвиз) ва ғайра сухан меравад. Дар «Зардуштнома» омадааст, ки [[Зардушт]] пайғамбар будани худ­ро пас аз муолиҷаи аспи шоҳ [[Гуштосп]] собит кард. Аспи шоҳ Гуштосп аз пой монда буд. Зардушт онро муолиҷа кард ва Гуштосп ба ӯ эътиқод овард.
 
== Таърих ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Асп"