Соиби Табрезӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хулоса скачать
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 26:
}}
'''Мирзо Муҳаммадалии Соиб''' — яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти асри XVII буда, бо маҳсули гаронбаҳои адабӣ ва фикру андешаҳои баланди пешқадамонаи худ дар таърихи адабиёти ин аҳд ва давраҳои минбаъда мақоми шоиста дорад.
 
==Зиндагинома==
Мирзо Муҳаммадалии Соиб соли 1603 мелодӣ дар шаҳри [[Исфаҳон]] чашм ба олам кушод. Гузаштагони ў аз [[Табрез]] буданд. Падараш Мирзо Абдураҳим, ки аз аҳли тиҷорат буд, аз тарафи шоҳ Аббос бо гурўҳе аз ҳамкасбон ба Исфаҳон кўчонида шуд. Соиб дар Исфаҳон таҳти ғамхорӣ ва сарпарастии падар таҳсилоти ибтидоиро ба поён расонида, минбаъд аз илмҳои замонаш баҳраҳои кофӣ бардошт. Вай хусусан дар фанни шеъру шоирӣ дониш ва малакаи тамом андўхта, шуғли шеъргўиро бар дигар анвои ҳунар муқаддамтар дошт.