Баҳрайн: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Сатри 34:
}}
[[Акс:Modern Manama.jpg|right|thumb|]]
'''Баҳрайн''', '''Давлати Баҳрайн''' (ар. دولة البهرین Давлат-ул-Баҳрайн), давлат (аморат)-ест дар Шарқи Наздик, дар қисми шим. ғарбии Халиҷи Форс. Дар ҳамсоягӣ бо қисми соҳилии Арабистони Саудӣ ва Қатар ҷойгир буда, аз 33 ҷазира иборат аст ва бузургтарини он – Б. бо Нимҷазираи Арабистон ба тавассути гарданаи 25-километрӣ пайваст мебошад. Дарозии ҷаз. Б. 50 км, бараш 16 км. Масоҳ. умумии ҷазираҳо 695,15 км2. Аҳолиаш 1,2 млн нафар (2011). Пойтахташ Манама (160 ҳазор нафар). Шаҳри бузургтаринаш – Ал-Муҳаррак (90 ҳазор нафар). Воҳиди пулӣ – динори баҳрайнӣ. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлол (14.8.1971).
'''Баҳрайн''' кишварӣ аст дар шимоли қитъаи [[Осиё]]. Ин кишвар аз чанд чазираҳо иборат аст ва дар [[Халиҷи Форс]] ҷойгир аст.
 
== Сохти давлатдорӣ ==
Сарвари давлат – амир (шайх), Раиси ҳукумат – сарвазир (шайх) аст. Аз даст ба даст гузаштани ҳокимият меросӣ буда, танҳо ба аҳли хонадони амир насиб мешавад. Парламенти Б. дупалатагӣ. Палатаи поинӣ – Палатаи намояндагон дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб шуда, Палатаи болоӣ – Маҷлис-уш-Шӯро аз ҷониби сардори давлат таъйин мегардад. Ҳар палата 40-нафарӣ аъзо дорад. Б. ба 12 минтақаи мухтор тақсим шудааст. Дар Б. ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд. Ташкилотҳои сиёсии Б.: Ҷабҳаи миллии Б., Ҷабҳаи озодии миллии Б. (фаъолияташон хуфя). Б. узви СММ, Лигаи Мамлакатҳои Араб, Хазинаи Байналмилалии Асъор мебошад. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Б. 20 майи 1995 барқарор шудаанд.
 
== Табиат ==
Пайдоиши ҷаз-ҳои Б. қоравӣ ва марҷонӣ буда, хокашон бештар аз оҳаксанг иборат аст, қисми зиёди масоҳаташ биёбонии тропикист. Дар маҳалҳое, ки  обҳои зеризаминии наздик ва чашмаҳо доранд, воҳаҳо вуҷуд доранд. Нуқтаи баландтарини галаҷаз. – Ҷабал-уд-дуҳан аз с. б. 134 м баланд аст. Баъзе ҷаз-ҳо бо Б. ва дигар ҷаз-ҳои асосӣ бо дарғотҳо пайваст шуда, ҷаз-ҳои хурд бештар ба сахраҳои аз об намоён монанданд. Захираҳои нафт ва газ дорад.
 
== Иқлим ==
Иқлими Б. тропикии ба субтропикӣ бадалшаванда аст. Боришоти миёнаи солона 90 мм буда, борон бештар дар фасли зимистон меборад. Ҳарор. миёнаи янв. +16°С, июл–авг. +37°С. Заминҳои корам ҳамагӣ 1,4 дарсади ҳудуди мамлакатро ишғол карда, дар воҳаҳо асосан дарахти нахли хурмо мерӯяд. Аз мавҷудоти зинда беш-тар мор, каждум, хояндаҳо ва шағол вомехӯранд. Барои ҳифзи ҷинсҳои нодири наботот ва ҳайвонот парваришгоҳи махсус (ал-Арин) таъсис дода шудааст.
 
== Аҳолӣ ==
Зичии миёнаи аҳолии Б. 1142,9 нафар дар 1 км2, афзоиши он 1,61 дарсад, дарозии миёнаи умр 73,7 сол (мардҳо –71,3, занҳо –76,2) мебошад. Асосан арабҳо (73 дарсад), эрониҳо, покистониҳо, ҳиндуҳо, инчунин аврупоиён зиндагӣ мекунанд. Забони давлатӣ – арабӣ; англисӣ, форсӣ ва урду низ роиҷанд. Дини давлатӣ – ислом (85 дарсад, минҷумла аҳли ташайюъ – 75 дарсад); сунниҳо – 25 дарсад (хонадони амирони ҳукмрон аҳли суннатанд). Муътақидони динҳои насронӣ, яҳудоӣ, будоия, баҳоия ва зардуштӣ низ ҳастанд.
 
== Таърих ==
Ҳафриёти бостоншиносӣ ва баъзе сарчашмаҳои таърихӣ бошишгоҳҳои нахустини одамони  ибтидоиро дар минтақаи  Б. беш аз 50 ҳазор сол мешуморанд. Б.  дар ҳазорсолаи 3 то м. дар баъзе сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Дилмун зикр шудааст, ки дорои шаҳрҳо ва деҳкадаҳои қадима будааст.  Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои минбаъда метавон гуфт, ки оғози  ташаккулёбиии Б. ба даврони давлатдории Ҳахоманишиён рост меояд. Аз  як гузориши Табарӣ бармеояд, ки қабилаҳои араб танҳо пас аз суқути Ҳахоманишиён ва сулолаи Ашкониён дар Б. маскун шуда, ба зинаи баландтари зиндагии қабилавӣ расидаанд. Бузургтарин шаҳри он Ҳаҷар ном дошта, сараввал онро ба тамоми Б. нисбат медоданд. Дар ибтидои солшумории милодӣ як аморати хурд буда, дар а-ҳои 4–6 дар ҳайати давлати Сосониён будааст. Ахбори нависандагони юнонӣ дар бораи Б. ё Сулус (Thylus) марбут ба даврони пас аз Ҳахоманишиҳо аст. Огоҳии муфассалтар аз Б. ба давраи Сосониён ва рӯзгори Ардашери Бобакон мансуб аст, ки баъди футуҳоти  Б. он ҳамчун вилояте аз Эрон ёд шудааст. Сарварон ва амирони Б. то давраи зуҳури ислом ҳама эронитабор буданд. Бар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ чунин менамояд, ки дар Б. фарҳангу забони эронӣ нуфузи афзун дошта, қабилаи арабҳои минтақа қавми омадаву муҳоҷир ба ҳисоб мерафтанд. Таназзулу фурӯпошии давлати Сосониён ва паҳншавии дини ислом сарнавишти сиёсии минтақаи Б.-ро дар тӯли якчанд аср дигаргун карда, забону фарҳанги арабӣ ҷойгузини тамаддуни эронӣ шуд. Б. дар давраи хулафои нахустин аз назари идорӣ тобеи Мадина буд ва волиёну амирон аз  маркази хилофат ба Б. фиристода мешуданд.  Авв. а. 9 Б.-ро қарматиҳо забт карданд. Дар а. 13 Б. истиқлол ба даст овард, вале дере нагузашта ба аморати Ҳурмуз ҳамроҳ карда шуд. Дар авв. а. 16 Б.-ро португалиягиҳо забт карданд. Баъди рондани онҳо дар чоряки 1 а. 17 Б. ба ҳайати Эрони сафавӣ дохил шуд. Дар миёнаи а. 18 дар Б. хонадони ал-Халиф дастболо гашта, ҳукмрони мамлакат шуд ва авлоди ин амирон то ҳол дар сари қудратанд. Солҳои 1871–1971 Б. таҳти васояти  Британия буд. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар ҳудуди Б. Британия базаи ҳарбии хешро сохт. Аз 14 авг. 1971 давлати соҳибистиқлол мебошад.
 
== Иқтисодиёт ==
Асоси иқтисоди Б.-ро истихроҷ ва коркарди нафт ташкил карда (аз с-ҳои 30 а. 20), истеҳсоли гаҷ, оҳаксанг, алюминий, моҳидорӣ, гирифтани марворид ва исфанҷ (аз қаъри баҳр) мавқеъ доранд. Корхонаҳои таъмири киштӣ, истеҳсоли семент, истеҳсоли масолеҳи ҳунармандӣ, коркарди маводди кимиёӣ ва ғ. дорад. Инчунин сайди харчанги баҳрӣ, қорч ба роҳ монда шудааст. Дар мамлакат бахши бонкдории офшорӣ тараққӣ кардааст. Б. нафти хом, маҳсулоти мошинсозӣ, таҷҳизоти нақлиёт, маҳсулоти дӯзандагиро ворид ва маҳсулоти нафтӣ, кимиёӣ, алюминийро содир мекунад. Шарикони тиҷоратиаш: Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ,  Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, ИМА, Австралия. Дар Б. боғдорӣ (чормағз, писта, ситрусиҳо, шафтолу, хурмо, папайя), парвариши гӯсфанд, буз ва гови зебумонанд тараққӣ кардааст. Б. худро бо маводди ғизоӣ пурра таъмин мекунад.
 
== Маориф ==
Дар ибт. а. 20 макотиби исломии қуттаба ягона манбаи таълим буд, ки танҳо бо аз бар кардани Қуръон маҳдуд мешуд. Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар мамлакат зарурати омӯхтани илмҳои замонро дарк карда, с. 1919 системаи мактабҳои давлатиро таъсис доданд (мактаби ал-Ҳидоя ал-Халифа дар Муҳаррак, 1926 – дар Манама, барои писарон). Аввалин мактаби давлатӣ барои духтарон с. 1928 боз гардид. Соли 2004 амир Ҳамад ибни Исо ал-Халифа дар низоми таълим технологияҳои информатсиониро ҷорӣ кард. Муҳлати таҳсил дар мактабҳо 12 сол аст. Дар Б. мактабҳои англисӣ ва амрикоӣ (мактаби Вазорати мудофиаи ИМА; муҳлати таҳсил 12 сол) низ фаъолият доранд. Барои таъмини таҳсилоти олӣ омӯзгорони хориҷиро ҷалб мекунанд. Дар Б. Донишгоҳи Баҳрайн, коллеҷи тиббӣ, донишгоҳҳои хусусӣ (аз с. 2001 дар Манама, Саар), донишгоҳи байналмилалии хусусӣ, ки танҳо барои таълими занону духтарон таъсис ёфтааст (с. 2005), фаъолият доранд.
 
== Матбуот, радио, телевизион ==
== Сиёсат у ҳукумат ==
Дар Б. ба забонҳои арабӣ ва англисӣ теъдоди зиёди газета ва маҷаллаҳо нашр мешаванд: «ал-Айём», «Ахбор-ул-Халиҷ», «Галф Дейли Нюс»; маҷаллаи «Садо-ал-усбуъ» («Садои ҳафта») ва ғ.; инчунин г-ҳои ҳизбҳои ғайрилегалии Ҷабҳаи озодии миллии Баҳрайн–«ал-Ҷамоҳир», Ҷабҳаи миллии Баҳрайн – «Хамса марис» («Панҷуми март») ба табъ расида, дар тамоми Халиҷи Форс паҳн мешаванд. Дар Манама қароргоҳи Агентии иттилоотии мамолики Халиҷи Форс (Б., Ироқ, Қатар, Кувайт, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ), ки фаъолияташ с. 1978 шурӯъ шуда буд, амал мекунад. Дар Б. шабакаҳои зиёди радио ва телевизиони давлатию хусусӣ барномаҳои гуногун пахш мекунанд (барои кишварҳои Халиҷи Форс). Соли 2000 Идораи радио ва телевизиони Б. филми 33-қисмии телевизионии «Нийрон» («Оташ»)-ро аз рӯи романи нависандаи тоҷик Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ» ба навор гирифт, ки он борҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионии давлатҳои Халиҷи Форс намоиш дода шудааст.
 
Дар Б. туризм тараққӣ кардааст (соле 8 млн сайёҳ). Сайёҳон бештар аз кишварҳои ҳамсоя ва хориҷаи дур, махсусан барои иштирок дар яке аз зинаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба мусобиқаи автомобилҳо дар класси «Формула-1» – ҷиҳати иштирок дар супоридани ҷоизаи «Гран-при Баҳрайн» барои ғолибон меоянд (автодром дар мавзеи Сахир, дар байни биёбон воқеъ аст).
== Бахшбандии кишварӣ ==
 
== ҶуғрофияМаданият ==
таҷассумгари тамаддуни 5-ҳазорсолаи маҳал ва дигар мардуми арабнажод мебошад. Дар ҷазира харобаҳои даврони атиқаи Дилмун, қалъаҳои аҳди қадим, мас., Калат-ал-Баҳрайн (ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст) маҳфуз мондаанд. Бинои бошукӯҳи Масҷиди ҷомеъ дар Манама, Хонаи Қуръон, Музейи миллӣ – ҳама ҷалбкунандаи сайёҳони дунё мебошанд.
==Иқтисодиёт==
== Мардум ==
==Фарҳанг ва маданият==
 
Адабиёти муосири Б. ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷамъияти мамлакатро воқеъбинона тасвир менамояд. Санъати тасвирии кишвар услубу рӯҳи «мустақил»-и худро дорост.
== Инҷоро ҳам бингарӣд ==
 
'''Ад'''.: Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005; Страны мира. Современный справочник. М., 2008.              '' М. Шарифзода.''
== Пайвандҳои беруна ==
{{Commons|Bahrain}}