Баҳрайн: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Давлат
{{Кишвар
|Номи тоҷикӣ = Кишвари Баҳрайн
|common_name=
|Номи аслӣ = <big>مملكة البحرين</big> <br>Мамлакату-л-Баҳрайн<ref name="а">{{БРЭ|Бахрейн|id=1857407|3|123—126|автор=}}</ref>
|image_flag =Flag of Bahrain.svg
|Номи тоҷикӣодӣ = Баҳрайн
|Герб = Coat of arms of Bahrain.svg
|Номи аслӣ=مملكة البحرين
|Флаг = Flag of Bahrain.svg{{!}}border
|Нишона=Coat_of_arms_of_Bahrain.svg
<!-- |Вместо герба= -->
|Шиор=
<!-- |Девиз= -->
|Номи суруди миллӣ=بحريننا
|Название гимна = Наш Бахрейн
|Сохтори давлат=[[Монархияи Конститутсионӣ]]
|Аудио=Bahraini_Anthem.ogg
|Дар харита=LocationBahrain.png
|Форма правления = [[дуалистическая монархия]]<ref name="atlas">{{книга|заглавие=Атлас мира: Максимально подробная информация|ответственный=Руководители проекта: А. Н. Бушнев, А. П. Притворов|место=Москва|издательство=АСТ|год=2017|страницы=49|страниц=96|isbn=978-5-17-10261-4}}</ref>
|Забон=[[Забони арабӣ|Арабӣ]]
|Государственная религия = [[ислам]]
|Рӯзи истиқлолият=[[15 август]]и соли [[1971]]
|На карте = Bahrain_on_the_globe_(Afro-Eurasia_centered).svg
|Соҳибистиқлол аз=
|На карте2 =
|Пойтахт=[[Манама]]
|lat_dir = N|lat_deg = 26|lat_min = 4|lat_sec = 3
|Шаҳри калонтарин=[[Манама]]
|lon_dir = E|lon_deg = 50|lon_min = 33|lon_sec = 4
|Вазифаи сарварон=Шоҳ<br />Сарвазир
|region = BH
|Сарварон=[[Ҳамад ибн Исо ал-Халифа]]<br />[[Халифа ибни Салмон ал-Халифа]]
|CoordScale = 500000
|Ҷой аз рӯи масоҳат=175
|Язык = [[Арабский язык|арабский]]
|Масоҳат=665
|Основано/Основана =
|Фоизи об=0
|Дата независимости = [[14 августа]] [[1971 год]]а
|Ҷой аз рӯи аҳолӣ=164
|Независимость от = [[Великобритания|Великобритании]]
|Аҳолӣ=698 585
<!-- |Дата ликвидации= -->
|Соли ба шумор гирифтани аҳолӣ=2005
<!-- |Причина ликвидации= -->
|Зичии аҳолӣ=987
|Столица = [[Манама]]
|ММД=14.08 млрд
|Крупнейшие города = [[Манама]]
|Соли ҳисоби ММД=2005
|Должность руководителя 1 = [[Король Бахрейна|Король]]
|Ҷой дар ҷаҳон аз рӯи ММД=117
|Руководитель 1 = [[Хамад ибн Иса Аль Халифа]]
|ММД ба сари аҳолӣ=20 500
|Должность руководителя 2 = [[Премьер-министр Бахрейна|Премьер-министр]]
|Пули миллӣ=[[Динори Баҳрайн]]
|Руководитель 2 = [[Халифа ибн Салман Аль Халифа]]
|Домен=[[.bh]]
|Страны-соседи =
|Коди телефон=973
|Место по территории = 184
|Соат=+3
|Территория = 766
|Эзоҳот=
|Процент воды = 0%
|Этнохроним =
|Место по населению = 157
|Население = 1,343,000
|Год переписи = 2014
|Плотность населения = 1,626.6
|Место по плотности = 4
|ВВП (ППС) = {{nowrap|$34.908 миллиардов}}
|Год расчёта ВВП (ППС) = 2014
|ВВП (ППС) на душу населения = $29,146
|ВВП (номинал) = {{nowrap|$29.028 миллиардов}}
|Год расчёта ВВП (номинал) = 2014
|ВВП (номинал) на душу населения =$24,281
|ИРЧП = {{рост}} 0,796<ref name="HDI">{{cite web|url=http://hdr.undp.org/en/media/HDR_2013_EN_complete.pdf|lang=en|title=Human Development Report 2013|year=2013|publisher=United Nations Development Programme|archiveurl=https://www.webcitation.org/6IqDzz4je?url=http://hdr.undp.org/en/media/HDR_2013_EN_complete.pdf|archivedate=2013-08-13}}</ref>
|Год расчёта ИРЧП = 2013
|Место по ИРЧП = 48
|Уровень ИРЧП = <span style="color:#090;">очень высокий</span>
|Валюта = [[бахрейнский динар]] ([[Общероссийский классификатор валют|BHD, код 48]])
|Домен = [[.bh]]
<!--|ISO=-->
|Телефонный код = 973
|Часовой пояс = +3
}}
 
[[Акс:Modern Manama.jpg|right|thumb|]]
'''Баҳрайн''', '''Давлати Баҳрайн''' (ар.{{lang-ar|'''مملكة دولةالبحرين'''}} البهرین Давлат''Мамлакату-улл-Баҳрайн''), давлат (аморат)-ест дар Шарқи Наздик, дар қисми шим. ғарбии Халиҷи Форс. Дар ҳамсоягӣ бо қисми соҳилии Арабистони Саудӣ ва Қатар ҷойгир буда, аз 33 ҷазира иборат аст ва бузургтарини он – Б.Баҳрайн бо Нимҷазираи Арабистон ба тавассути гарданаи 25-километрӣ пайваст мебошад. Дарозии ҷаз. Б.Баҳрайн 50 км, бараш 16 км. Масоҳ. умумии ҷазираҳо 695,15 км2. Аҳолиаш 1,2 млн нафар (2011). Пойтахташ Манама (160 ҳазор нафар). Шаҳри бузургтаринаш – Ал-Муҳаррак (90 ҳазор нафар). Воҳиди пулӣ – динори баҳрайнӣ. Иди миллӣ – Рӯзи истиқлол (14.8.1971).
 
== Сохти давлатдорӣ ==
Сарвари давлат – амир (шайх), Раиси ҳукумат – сарвазир (шайх) аст. Аз даст ба даст гузаштани ҳокимият меросӣ буда, танҳо ба аҳли хонадони амир насиб мешавад. Парламенти Б.Баҳрайн дупалатагӣ. Палатаи поинӣ – Палатаи намояндагон дар натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб шуда, Палатаи болоӣ – Маҷлис-уш-Шӯро аз ҷониби сардори давлат таъйин мегардад. Ҳар палата 40-нафарӣ аъзо дорад. Б.Баҳрайн ба 12 минтақаи мухтор тақсим шудааст. Дар Б.Баҳрайн ҳизбҳои сиёсӣ вуҷуд надоранд. Ташкилотҳои сиёсии Б.Баҳрайн: Ҷабҳаи миллии Б.Баҳрайн, Ҷабҳаи озодии миллии Б.Баҳрайн (фаъолияташон хуфя). Б.Баҳрайн узви СММ, Лигаи Мамлакатҳои Араб, Хазинаи Байналмилалии Асъор мебошад. Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон бо Б.Баҳрайн 20 майи 1995 барқарор шудаанд.
 
== Табиат ==
Пайдоиши ҷаз-ҳои Б.Баҳрайн қоравӣ ва марҷонӣ буда, хокашон бештар аз оҳаксанг иборат аст, қисми зиёди масоҳаташ биёбонии тропикист. Дар маҳалҳое, ки  обҳои зеризаминии наздик ва чашмаҳо доранд, воҳаҳо вуҷуд доранд. Нуқтаи баландтарини галаҷаз. – Ҷабал-уд-дуҳан аз с. б.Баҳрайн 134 м баланд аст. Баъзе ҷаз-ҳо бо Б.Баҳрайн ва дигар ҷаз-ҳои асосӣ бо дарғотҳо пайваст шуда, ҷаз-ҳои хурд бештар ба сахраҳои аз об намоён монанданд. Захираҳои нафт ва газ дорад.
 
== Иқлим ==
Иқлими Б.Баҳрайн тропикии ба субтропикӣ бадалшаванда аст. Боришоти миёнаи солона 90 мм буда, борон бештар дар фасли зимистон меборад. Ҳарор. миёнаи янв. +16°С, июл–авг. +37°С. Заминҳои корам ҳамагӣ 1,4 дарсади ҳудуди мамлакатро ишғол карда, дар воҳаҳо асосан дарахти нахли хурмо мерӯяд. Аз мавҷудоти зинда беш-тар мор, каждум, хояндаҳо ва шағол вомехӯранд. Барои ҳифзи ҷинсҳои нодири наботот ва ҳайвонот парваришгоҳи махсус (ал-Арин) таъсис дода шудааст.
 
== Аҳолӣ ==
Зичии миёнаи аҳолии Б.Баҳрайн 1142,9 нафар дар 1 км2, афзоиши он 1,61 дарсад, дарозии миёнаи умр 73,7 сол (мардҳо –71,3, занҳо –76,2) мебошад. Асосан арабҳо (73 дарсад), эрониҳо, покистониҳо, ҳиндуҳо, инчунин аврупоиён зиндагӣ мекунанд. Забони давлатӣ – арабӣ; англисӣ, форсӣ ва урду низ роиҷанд. Дини давлатӣ – ислом (85 дарсад, минҷумла аҳли ташайюъ – 75 дарсад); сунниҳо – 25 дарсад (хонадони амирони ҳукмрон аҳли суннатанд). Муътақидони динҳои насронӣ, яҳудоӣ, будоия, баҳоия ва зардуштӣ низ ҳастанд.
 
== Таърих ==
Ҳафриёти бостоншиносӣ ва баъзе сарчашмаҳои таърихӣ бошишгоҳҳои нахустини одамони  ибтидоиро дар минтақаи  Б.Баҳрайн беш аз 50 ҳазор сол мешуморанд. Б.Баҳрайн  дар ҳазорсолаи 3 то м. дар баъзе сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Дилмун зикр шудааст, ки дорои шаҳрҳо ва деҳкадаҳои қадима будааст.  Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои минбаъда метавон гуфт, ки оғози  ташаккулёбиии Б.Баҳрайн ба даврони давлатдории Ҳахоманишиён рост меояд. Аз  як гузориши Табарӣ бармеояд, ки қабилаҳои араб танҳо пас аз суқути Ҳахоманишиён ва сулолаи Ашкониён дар Б.Баҳрайн маскун шуда, ба зинаи баландтари зиндагии қабилавӣ расидаанд. Бузургтарин шаҳри он Ҳаҷар ном дошта, сараввал онро ба тамоми Б.Баҳрайн нисбат медоданд. Дар ибтидои солшумории милодӣ як аморати хурд буда, дар а-ҳои 4–6 дар ҳайати давлати Сосониён будааст. Ахбори нависандагони юнонӣ дар бораи Б.Баҳрайн ё Сулус (Thylus) марбут ба даврони пас аз Ҳахоманишиҳо аст. Огоҳии муфассалтар аз Б.Баҳрайн ба давраи Сосониён ва рӯзгори Ардашери Бобакон мансуб аст, ки баъди футуҳоти  Б.Баҳрайн он ҳамчун вилояте аз Эрон ёд шудааст. Сарварон ва амирони Б.Баҳрайн то давраи зуҳури ислом ҳама эронитабор буданд. Бар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ чунин менамояд, ки дар Б.Баҳрайн фарҳангу забони эронӣ нуфузи афзун дошта, қабилаи арабҳои минтақа қавми омадаву муҳоҷир ба ҳисоб мерафтанд. Таназзулу фурӯпошии давлати Сосониён ва паҳншавии дини ислом сарнавишти сиёсии минтақаи Б.Баҳрайн-ро дар тӯли якчанд аср дигаргун карда, забону фарҳанги арабӣ ҷойгузини тамаддуни эронӣ шуд. Б.Баҳрайн дар давраи хулафои нахустин аз назари идорӣ тобеи Мадина буд ва волиёну амирон аз  маркази хилофат ба Б.Баҳрайн фиристода мешуданд.  Авв. а. 9 Б.Баҳрайн-ро қарматиҳо забт карданд. Дар а. 13 Б.Баҳрайн истиқлол ба даст овард, вале дере нагузашта ба аморати Ҳурмуз ҳамроҳ карда шуд. Дар авв. а. 16 Б.Баҳрайн-ро португалиягиҳо забт карданд. Баъди рондани онҳо дар чоряки 1 а. 17 Б.Баҳрайн ба ҳайати Эрони сафавӣ дохил шуд. Дар миёнаи а. 18 дар Б.Баҳрайн хонадони ал-Халиф дастболо гашта, ҳукмрони мамлакат шуд ва авлоди ин амирон то ҳол дар сари қудратанд. Солҳои 1871–1971 Б.Баҳрайн таҳти васояти  Британия буд. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар ҳудуди Б.Баҳрайн Британия базаи ҳарбии хешро сохт. Аз 14 авг. 1971 давлати соҳибистиқлол мебошад.
 
== Иқтисодиёт ==
Асоси иқтисоди Б.Баҳрайн-ро истихроҷ ва коркарди нафт ташкил карда (аз с-ҳои 30 а. 20), истеҳсоли гаҷ, оҳаксанг, алюминий, моҳидорӣ, гирифтани марворид ва исфанҷ (аз қаъри баҳр) мавқеъ доранд. Корхонаҳои таъмири киштӣ, истеҳсоли семент, истеҳсоли масолеҳи ҳунармандӣ, коркарди маводди кимиёӣ ва ғ. дорад. Инчунин сайди харчанги баҳрӣ, қорч ба роҳ монда шудааст. Дар мамлакат бахши бонкдории офшорӣ тараққӣ кардааст. Б.Баҳрайн нафти хом, маҳсулоти мошинсозӣ, таҷҳизоти нақлиёт, маҳсулоти дӯзандагиро ворид ва маҳсулоти нафтӣ, кимиёӣ, алюминийро содир мекунад. Шарикони тиҷоратиаш: Британияи Кабир, Арабистони Саудӣ,  Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, ИМА, Австралия. Дар Б.Баҳрайн боғдорӣ (чормағз, писта, ситрусиҳо, шафтолу, хурмо, папайя), парвариши гӯсфанд, буз ва гови зебумонанд тараққӣ кардааст. Б.Баҳрайн худро бо маводди ғизоӣ пурра таъмин мекунад.
 
== Маориф ==
Дар ибт. а. 20 макотиби исломии қуттаба ягона манбаи таълим буд, ки танҳо бо аз бар кардани Қуръон маҳдуд мешуд. Баъди Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар мамлакат зарурати омӯхтани илмҳои замонро дарк карда, с. 1919 системаи мактабҳои давлатиро таъсис доданд (мактаби ал-Ҳидоя ал-Халифа дар Муҳаррак, 1926 – дар Манама, барои писарон). Аввалин мактаби давлатӣ барои духтарон с. 1928 боз гардид. Соли 2004 амир Ҳамад ибни Исо ал-Халифа дар низоми таълим технологияҳои информатсиониро ҷорӣ кард. Муҳлати таҳсил дар мактабҳо 12 сол аст. Дар Б.Баҳрайн мактабҳои англисӣ ва амрикоӣ (мактаби Вазорати мудофиаи ИМА; муҳлати таҳсил 12 сол) низ фаъолият доранд. Барои таъмини таҳсилоти олӣ омӯзгорони хориҷиро ҷалб мекунанд. Дар Б.Баҳрайн Донишгоҳи Баҳрайн, коллеҷи тиббӣ, донишгоҳҳои хусусӣ (аз с. 2001 дар Манама, Саар), донишгоҳи байналмилалии хусусӣ, ки танҳо барои таълими занону духтарон таъсис ёфтааст (с. 2005), фаъолият доранд.
 
== Матбуот, радио, телевизион ==
Дар Б.Баҳрайн ба забонҳои арабӣ ва англисӣ теъдоди зиёди газета ва маҷаллаҳо нашр мешаванд: «ал-Айём», «Ахбор-ул-Халиҷ», «Галф Дейли Нюс»; маҷаллаи «Садо-ал-усбуъ» («Садои ҳафта») ва ғ.; инчунин г-ҳои ҳизбҳои ғайрилегалии Ҷабҳаи озодии миллии Баҳрайн–«ал-Ҷамоҳир», Ҷабҳаи миллии Баҳрайн – «Хамса марис» («Панҷуми март») ба табъ расида, дар тамоми Халиҷи Форс паҳн мешаванд. Дар Манама қароргоҳи Агентии иттилоотии мамолики Халиҷи Форс (Б.Баҳрайн, Ироқ, Қатар, Кувайт, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ), ки фаъолияташ с. 1978 шурӯъ шуда буд, амал мекунад. Дар Б.Баҳрайн шабакаҳои зиёди радио ва телевизиони давлатию хусусӣ барномаҳои гуногун пахш мекунанд (барои кишварҳои Халиҷи Форс). Соли 2000 Идораи радио ва телевизиони Б.Баҳрайн филми 33-қисмии телевизионии «Нийрон» («Оташ»)-ро аз рӯи романи нависандаи тоҷик Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ» ба навор гирифт, ки он борҳо аз тариқи шабакаҳои телевизионии давлатҳои Халиҷи Форс намоиш дода шудааст.
 
Дар Б.Баҳрайн туризм тараққӣ кардааст (соле 8 млн сайёҳ). Сайёҳон бештар аз кишварҳои ҳамсоя ва хориҷаи дур, махсусан барои иштирок дар яке аз зинаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба мусобиқаи автомобилҳо дар класси «Формула-1» – ҷиҳати иштирок дар супоридани ҷоизаи «Гран-при Баҳрайн» барои ғолибон меоянд (автодром дар мавзеи Сахир, дар байни биёбон воқеъ аст).
 
== Маданият ==
таҷассумгари тамаддуни 5-ҳазорсолаи маҳал ва дигар мардуми арабнажод мебошад. Дар ҷазира харобаҳои даврони атиқаи Дилмун, қалъаҳои аҳди қадим, мас., Калат-ал-Баҳрайн (ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст) маҳфуз мондаанд. Бинои бошукӯҳи Масҷиди ҷомеъ дар Манама, Хонаи Қуръон, Музейи миллӣ – ҳама ҷалбкунандаи сайёҳони дунё мебошанд.
 
Адабиёти муосири Б.Баҳрайн ҳаёти иҷтимоию сиёсии ҷамъияти мамлакатро воқеъбинона тасвир менамояд. Санъати тасвирии кишвар услубу рӯҳи «мустақил»-и худро дорост.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
'''Ад'''.: Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005; Страны мира. Современный справочник. М., 2008.              '' М. Шарифзода.''
* {{ЭМТ|Баҳрайн|2|муаллиф=М. Шарифзода}}
* Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005;
* Страны мира. Современный справочник. М., 2008.
{{Commons|Bahrain}}