Баҳрайн: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 71:
 
== Таърих ==
[[Акс:Copia de Enki.jpg|thumb|слева|150px]]
Ҳафриёти бостоншиносӣ ва баъзе сарчашмаҳои таърихӣ бошишгоҳҳои нахустини одамони ибтидоиро дар минтақаи Баҳрайн беш аз 50 ҳазор сол мешуморанд. Баҳрайн дар ҳазорсолаи 3 то м. дар баъзе сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Дилмун зикр шудааст, ки дорои шаҳрҳо ва деҳкадаҳои қадима будааст. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои минбаъда метавон гуфт, ки оғози ташаккулёбиии Баҳрайн ба даврони давлатдории Ҳахоманишиён рост меояд. Аз як гузориши Табарӣ бармеояд, ки қабилаҳои араб танҳо пас аз суқути Ҳахоманишиён ва сулолаи Ашкониён дар Баҳрайн маскун шуда, ба зинаи баландтари зиндагии қабилавӣ расидаанд. Бузургтарин шаҳри он Ҳаҷар ном дошта, сараввал онро ба тамоми Баҳрайн нисбат медоданд. Дар ибтидои солшумории милодӣ як аморати хурд буда, дар а-ҳои 4-6 дар ҳайати давлати Сосониён будааст. Ахбори нависандагони юнонӣ дар бораи Баҳрайн ё Сулус (Thylus) марбут ба даврони пас аз Ҳахоманишиҳо аст. Огоҳии муфассалтар аз Баҳрайн ба давраи Сосониён ва рӯзгори Ардашери Бобакон мансуб аст, ки баъди футуҳоти Баҳрайн он ҳамчун вилояте аз Эрон ёд шудааст. Сарварон ва амирони Баҳрайн то давраи зуҳури ислом ҳама эронитабор буданд. Бар асоси маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ чунин менамояд, ки дар Баҳрайн фарҳангу забони эронӣ нуфузи афзун дошта, қабилаи арабҳои минтақа қавми омадаву муҳоҷир ба ҳисоб мерафтанд. Таназзулу фурӯпошии давлати Сосониён ва паҳншавии дини ислом сарнавишти сиёсии минтақаи Баҳрайн-ро дар тӯли якчанд аср дигаргун карда, забону фарҳанги арабӣ ҷойгузини тамаддуни эронӣ шуд. Баҳрайн дар давраи хулафои нахустин аз назари идорӣ тобеи Мадина буд ва волиёну амирон аз маркази хилофат ба Баҳрайн фиристода мешуданд. Авв. а. 9 Баҳрайн-ро қарматиҳо забт карданд. Дар а. 13 Баҳрайн истиқлол ба даст овард, вале дере нагузашта ба аморати Ҳурмуз ҳамроҳ карда шуд. Дар авв. а. 16 Баҳрайн-ро португалиягиҳо забт карданд. Баъди рондани онҳо дар чоряки 1 а. 17 Баҳрайн ба ҳайати Эрони сафавӣ дохил шуд. Дар миёнаи а. 18 дар Баҳрайн хонадони ал-Халиф дастболо гашта, ҳукмрони мамлакат шуд ва авлоди ин амирон то ҳол дар сари қудратанд. Солҳои 1871—1971 Баҳрайн таҳти васояти Британия буд. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар ҳудуди Баҳрайн Британия базаи ҳарбии хешро сохт. Аз 14 авг. 1971 давлати соҳибистиқлол мебошад.