Забони олмонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 3:
 
== Ҷуғрофиёи забон ==
Ҳомилони забони олмонӣ бештар дар Аврупои Марказӣ (Ру­миния, Маҷористон (Венгрия), Чехия ва ғ.) зиндагӣ мекунанд. Дар Русия ва кишварҳои собиқ шӯравӣ, Фаронса (Элзас ва Лотарингия), Италия, Лаҳистон (Полша), Дания, ИМА, Канада, Бра­зилия ва ғ. низ мутакаллимон дорад. Шумораи умумии олмонизабонон — 99 млн нафар (2010; дар Олмон тақр. 78 млн, Австрия 7,5 млн, Швейсария 5,1 млн, ИМА 1,1 млн, Люксембург 474 ҳазор, Канада 623 ҳазор, Италия 333 ҳазор, Белгия 96 ҳазор, Лихтенштейн 35 ҳазор). Ба ғайр аз ин 80 млн нафар забони олмониро чун забони хориҷӣ медонанд.

=== Шеваҳо ===
Забони олмонӣ ба гурӯҳи ғарбии забонҳои олмонӣ (германӣ) му­та­ал­лиқ аст. Ба шеваҳои ба ҳам наздики қабилаҳои франк­ҳо, алеманҳо ва бавариягиҳо асос ёфтааст. Забони муосири олмонӣ ду шева дорад: олмонии поин (ба ҳайси забони алоҳида амал менамояд), олмонии боло (шеваҳои олмонии миёна ва олмонии ҷанубиро дар бар мегирад). Марзи ин ду шева аз «хатти Бенрат» — шимоли Ахена, ҷануби Дюс­селдорф, болотари Магдебург то Франкфурти назди Одер мегузарад. Шеваҳои олмонии миёна ба олмонии миёнаи ғарбӣ (риндарӣ, мозелӣ-фран­кӣ, пфалӣ, ҳессенӣ) ва олмонии миёнаи шарқӣ (тюрангӣ, мейсенӣ, саксонии боло) тақсим мешаванд. Дар заминаи онҳо забони адабӣ ё стандартии олмонӣ ташаккул ёфтааст. Ба гурӯҳи шеваҳои ҷа­ну­бии олмонӣ шеваҳои бава­рия­гӣ, швабӣ, алеманӣ, алемании боло, франкии шарқӣ дохил мешаванд. Дар Швейсария, Австрия, қисман дар Люксембург, Белгия, Тироли Ғарбӣ ва Лихтенштейн ба ғайр аз забони стандартии ол­мо­нӣ аз шеваҳои маҳаллӣ истифода мешавад. Дар Швейсария шеваи швейсарӣ (ҳа­мон шеваи алемании болост) нисбат ба забони стандартӣ маъмултар аст.

== Хусусиятҳои забоншиносӣ ==
Савтиёти забони олмонӣ хусусиятҳои зерро дорост: мавҷудияти садонокҳои дарозу кӯтоҳ вобаста ба ҳиҷо (кушода, пӯшида), ихтисор шудани [ә] дар охири калима, мавҷудияти ҳамсадоҳои ҷа­ранг­дору беҷаранг, вобаста ба мавқеаш дар калима бо садо талаффуз шудани r. Тазодди ҳамсадоҳо аз ҷиҳати нар­миву сахтӣ вуҷуд надорад. Ҳам­садоҳои таркибӣ (ба ҳам часпида), аффрикатаҳо, мас. pf ба назар мерасанд. Овоз­ҳои садонок дар аввали калима ё реша ба таркиши сахт, ҳамсадоҳои беҷаранги p, t, k бо нафас талаффуз мешаванд. Дар калимаҳои аслии олмонӣ зада ба ҳиҷои якуми морфемаи решагӣ меафтад. Хусу­сият­ҳои дастури (грам­ма­тики)-и забони олмонӣ: категорияҳои дас­ту­рӣ ба тарзҳои син­те­ти­кӣ ва аналитикӣ ифода меёбанд; исмҳо дорои кате­го­рия­ҳои ҷинсият (мардона, занона, миёна), шумора (тан­ҳо, ҷамъ), ҳолат (падеж; ниҳодӣ — No­minative; poӣ — Accu­sative; боӣ, ба васила — Instrumental; барои, ба, сӯи — Dati­ve) мебошанд. Категорияи ҷинсият ба воситаи пасванд­ҳо, накара (артикл), ҳолатҳо ба воситаи накара ва анҷо­ма­ҳо ифода меёбанд. Тасрифи феъл аз рӯи шахсу шумора сурат мегирад. Феълҳо 4 замон, 3 си­ға, 2 тарз, 2 асос доранд. Хусусиятҳои наҳви (синтак­сисӣ)-и забони олмонӣ: ҷумлаҳои сода ва мураккаб (тобеъ ва пайваст) мавҷуданд. Тартиби калимаҳо дар ҷумла ба хусусияти маъноии ҷумла вобас­тагӣ доранд; ба ғайр аз тартиби асосӣ — мубтадо +хабар + аъзои пайрав ҷумлаҳо бо тартиби баръакс низ сохта мешаванд; калимаҳои саволӣ дар аввали ҷумла меоянд. Дар забони олмонӣ калимасозӣ бо роҳи ба ҳам пайвастани калима басе маъ­мул аст. Калимаҳои мураккаби иборат аз 2-3 ва баъзан 6-7 калима (63 то 79 ҳарф) вомехӯранд. Дар кали­ма­со­зӣ вандҳо (аффиксҳо) — пешвандҳо, пасвандҳо низ ба кор бурда мешаванд. Таркиби луғавии забони олмонӣ, асосан аз ка­ли­маҳои решагии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ташаккул ёфтааст. Калимаҳои иқтибосӣ аз забонҳои лотинӣ, юнонии қадим, италиявӣ, англисӣ, фаронсавӣ, иврит, идиш, хитойӣ, ҷопонӣ, туркӣ, русӣ, форсӣ, ҳиндӣ, арабӣ (Mat­rat­re, Arsenal, Elixir, Ziffer ва ғ.) вомехӯранд. Истилоҳоти хешовандӣ дар забони олмонӣ Vater «падар», Mutter «модар», Bru­der «бародар», Schwester «хоҳар» ва ғ. дар забонҳои ҳин­ду­аврупоӣ аз як мабдаанд. Муҳаққиқон таърихи забони олмониро ба чор давра — олмонии болои қадим (асрҳои 8-9), олмонии болои миёна (асрҳои 12-13), олмонии болои аввалияи нав (асрҳои 14-16), олмонии болои нав (аз асри 17) ҷудо кардаанд.
 
== Хат ==