Телевизион дар Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 41:
== Марҳилаи рушд ==
Ин воситаи муқтадири электронии ахбори умум ва дастгоҳи муҳими таблиғотӣ то кунун 5 марҳилаи рушдро сипарӣ кардааст.
 
Марҳилаи аввалро давраи пайдоиш ва ташаккул номидан мумкин аст, ки солҳои 1959-1970-ро дар бар мегирад.
 
Марҳилаи дуюм ба солҳои 1970—1985 рост меояд. Барномаҳо дар ҳаҷми ҳафт соат (тақрибан 50 % намоишҳои асл) ба бинандагон манзур шуданд. Он замон мазмуну мундариҷа ва муҳтавои барномаҳои телевизионҳои Иттиҳоди Шӯравӣ қариб шабеҳи ҳам буданд, тағйири сохтор, усулҳои нави барномасозӣ асосан дар пайравӣ ба Телевизиони марказӣ (Маскав) сурат мегирифт. Аз соли 1967 инҷониб тамошобинон барномаҳои Телевизиони марказӣ (ҳоло ОРТ, РТР) ва студияи телевизиони Тошкандро ба воситаи канали реалеии Душанбе-Тошканд тамошо мекарданд. 25 январи соли 1975, стансияи сайёри телевизиони ранга ба кор даромад.Дар таҳияи барномаҳои телевизион намояндагони зиёда аз 40 касбу кор иштирок менамоянд, аз ҷумла, сармуҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррири хурд, саркоргардон (саррежиссёр), коргардонҳои дараҷаҳои гуногун, ассистентони онҳо, ёварони коргардон, корсозҳо, наворбардорони дараҷаҳои гуногун, ассистентони онҳо, тасвирбардорон, садобардорон, гримкунандагон, рўшноидиҳандагон, рассомон ва дигарон.
Дар телевизиони тоҷик ба танзиму ҳамоҳангсозии барномаҳо Дирексияи барномаҳо назорат менамояд. Бо сарварии директор ва Дирексияи барномаҳо нақшаҳои ҳармоҳа ва солонаи эҷодии сарредаксияҳои телевизион таҳия мегардад. Дар телевизион Иттиҳодияҳои эҷодӣ фаъолият доранд ва ба ҳар яке соҳаҳои мухталиф вобаста асту аз рўйи тақсимоти муайян барномаҳояшон бо шаклҳои хоса таҳия мегарданд.<ref>Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 221-222. ISBN-978-999-47-43-37-7 </ref>
 
Дар телевизиони тоҷик ба танзиму ҳамоҳангсозии барномаҳо Дирексияи барномаҳо назорат менамояд. Бо сарварии директор ва Дирексияи барномаҳо нақшаҳои ҳармоҳа ва солонаи эҷодии сарредаксияҳои телевизион таҳия мегардад.
Дар телевизион Иттиҳодияҳои эҷодӣ фаъолият доранд ва ба ҳар яке соҳаҳои мухталиф вобаста асту аз рўйи тақсимоти муайян барномаҳояшон бо шаклҳои хоса таҳия мегарданд.<ref>Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 221-222. ISBN-978-999-47-43-37-7 </ref>
Давраи бозсозӣ ба марҳилаи сеюми (1985—1990) ташаккули телевизиони миллӣ рост меояд, то замони истиқлолият идома ёфт. Дар ин замон барномахо тадриҷан ҷанбаи миллӣ пайдо карданд. Агар солҳои аввали таъсисёбии телевизион кадрҳо қисман аз ҳисоби шоирону нависандагон, рўзноманигорон, кормандони радио интихоб мегардиданд, ҳоло бошад, ба кори телевизион бештар ҷавонон ҷалб карда мешаванд.<ref>Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 221-222. ISBN-978-999-47-43-37-7 </ref>
 
Солҳои 1991—1997 барои кормандони телевизиони Тоҷикистон низ марҳилаи ҳассос, сарнавиштсоз ва пурмасъулият буд. Солҳои 1995—1997 мавзӯи сулҳу ваҳдати миллӣ маҳаки асосии барноамҳоро ташкил медод. Аз соли 1997 дар Тоҷикистон даврони ободонӣ ва бунрёдкорӣ оғоз шуд. Дар телевизион марҳилаи нав шурӯъ ва насли нав вориди майдони эҷод гардид.
 
Солҳои 2000—2003 телевизион давраи нисбатан оромро аз сар гузаронд. Мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, ватанрдӯстӣ, тарғиби анъанарҳои миллӣ мавқеъ пайдо карданд.