Август Бебел: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х VASHGIRD moved page Бебел to Бебел, Август
No edit summary
Сатри 1:
{{Шахсият|номи аслӣ=Бебел, Август|акс=}}
'''БебелФердина́нд А́вгуст Бе́бел''' ({{lang-de|Ferdinand August Bebel)}}; '''Август''' ({{СанаиТаваллуд|22.|2.|1840}}, Кёлни ҳозира –Кёлн — {{СаниМарг|13.|8.|1913}}, ПассуггиКурвалден, [[Швейсария]]), — ходими сиёсӣ ва яке аз асосгузорони сотсиал-демократияи [[Олмон]].
 
== Зиндагинома ==
Август Бебел дар оилаи низомии Пруссия таваллуд ёфтааст. Аз с. 1860 дар ш. Лейпсиг зиндагӣ дошт ва дар фаъолияти маорифпарварии ҷамъияти коргарон фаъолият мекард. Соли 1866 бо ҳамроҳии Вилгелм Либкнехт Ҳизби халқии радикалӣ-демократии Саксонияро таъсис дод. Баъди як сол Бебелро раиси Шӯрои иттифоқҳои коргарӣ интихоб намуданд ва дар ин айём ӯ бо Интернатсионали I робита барқарор намуд. Баъд аз он, ки дар сафи демократҳо ҷудоиҳо (либералҳо, буржуазҳо) ба амал омаданд, иттифоқҳои боқимонда ва Ҳизби халқии Саксония с. 1869 дар ҳизби коргарии сотсиал-демократӣ муттаҳид гардиданд. Дек. 1870 Б. ҳабс шуд, лекин марти 1871 баъди интихоб шудан ба рейхстаг озод гардид. Тарафдори Коммунаи Париж буд. Соли 1875 якҷо бо Либкнехт ҳизби ташкилкардаи сотсиал-демократии коргариро бо тарафдорони Ф. Лассал ба ҳизби ягонаи сотсиал-демократӣ муттаҳид намуд. Ӯ усулҳои муборизаи синфӣ ва интернатсионализми пролетариро таъкид мекард. Дар қабули Барномаи дуюми Ҳизби сотсиал-демократии Олмон (1891) нақши муҳим дошт. Бебел корманди пешбари рӯзномаи ҳизбии «Форверст» буд. Соли 1884 рисолаеро бо номи «Давраи мадании муҳаммадии арабӣ» (Магометанско-арабский культурный период) чоп кард. Он то давраи Империяи Усмонии а. 16-ро дар бар мегирад. Ҳоло асари мазкурро ҳамчун нутқи рӯзмарраи ҳимояи сулҳи байни тамаддунҳои гуногун баррасӣ менамоянд. Китоби ӯ «Зан ва сотсиализм» (1883) ба чандин забон, аз ҷумла ба забони русӣ тарҷума шудаст. Яке аз майдонҳои марказии [[Берлин]] номи Бебелро гирифтааст.
 
== Адабиёт ==
* Овчаренко Н. Е., А. Бебель. Краткий очерк жизни и деятельности. М., 1963.
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Бебел|2|муаллиф= М. Ҳазратқулов, Г. Зокиров}}
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Олмон]]
{{ПБ}}
[[Гурӯҳ:Марксистон]]