Фарқият байни намунаҳои "Силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш"

х (таҳрир, тасвир)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
== [[НБО Роғун]] ==
 
Сохтмони калонтарин Неругоҳи барқи обӣ дар [[Осиёи Марказӣ]] – НБО Роғун соли [[1976]] оғоз гардида буд. Иқтидори лоиҳавии Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 гидроагрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,117 млрд. кВт-соат<ref>[http://www.president.tj/node/13405 Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун] // '''PRESIDENT.TJ''' — 29 октябри 2016, 12:29</ref>. нерӯи барқ ҳосил кунад.
 
Оид ба сохтани НБО Роғун соли [[2005]] байни Тоҷикистон ва Компанияи «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон 29 августи соли 2007 он шартномаро бо компанияи «Русал» бекор карда, азм кард, ки Нерӯгоҳи барқии обии Роғунро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин маќсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи НБО Роғун таъсис ва оинномааш 15 апрели соли [[2008]], бо сармояи 116 млн. сомонӣ тасдиқ гардид. Соли [[2009]] ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд.
 
Дар шароити ҳозира пеш аз ҳама сохтмони ду гидроагрегат дар НБО Роғун пешбинӣ шудааст.
 
 
== Эзоҳ ==