Фарқият байни намунаҳои "Нӯҳи II ибни Мансур"

илова
х
(илова)
Пас аз марги [[Мансури I ибни Нӯҳ]] (961-976) писари хурдсоли ӯ Нӯҳи II ибни Мансур (976-997) амири [[Сомониён]] гардид. Аз хурдсолии ӯ истифода карда, вазирону дарбориён ва модараш ба корҳои давлатдорӣ дахолат мекарданд. Мушкили дигари хонадони сомонӣ ин шахсияти Абулҳасани Симҷурӣ сипаҳсолори [[Хуросон]] ва саркашиҳои ӯву қудрати рӯзафзунаш дар дарбори Бухоро буд. Ӯ аҳолии Хуросонро тороҷ карда, дар якҷоягӣ бо саркардаи дигари турки дарбори Cомонӣ Фоиқ соли 982 вазир [[Абулҳусайн Утбӣ]]ро ба қатл мерасонад. Марги ин вазир сабаби нооромӣ ва ошуфта гаштани муҳити дарбор гардид.
 
Дар солҳои 90-уми асри X ба арсаи қудрати давлати сомонӣ ду турки дигар афзуд мешавад. Инҳо [[Бектузун]] ва Инонҷ буданд, ки амир Нӯҳи II онҳоро барои бартараф кардани Фоиқ фиристод. Пас аз шикаст хӯрдани Фоиқ аз [[Бектузун]] ва Инонҷ (соли 990) ӯ барои қасд гирифтан аз амири сомонӣ ва дарбори Бухоро ба хони [[Давлати Қарохониён]] муроҷиат намуд. Қарохониён то ин дам бар шаҳри Исфиҷоб соҳиб гашта буданд.
Аз парешонии вазъи [[Мовароуннаҳр]] ва бечорагии амирони сомонӣ истифода бурда, хони қарохонӣ Буғрохон [[соли 992]] ба [[Бухоро]] ҳамлавар гашта, онро забт кард. Беморӣ ва марги нобаҳангоми хон ба Нӯҳи II имкон дод, ки дубора ба Бухоро баргардад. Дар муҳорибаи соли 994 дар назди [[Ҳирот]] ба сипаҳсолори сомонӣ Сабуктегин, амири Ғазна, муяссар гашт, ки артиши якҷояи Фоиқ ва Абӯалии Симҷуриро шикаст диҳад. Ҳамин тавр хонадони Симҷуриҳо аз байн рафт, вале дигар хонадони туркӣ яъне оли Сабуктегин ё Ғазнавиён фаъолона ба арсаи сиёсӣ ворид гаштанд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 116-117.</ref>