Авлод: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
баргардондан
Барчасб: холӣ кардан
илова
Сатри 1:
'''Авлод''' ({{забон-ар| اولاد }}) – [[валад]]; фарзандон; [[насл]]; авлоди [[башар]] насли инсон; инсонҳо, одамон; аҷдоду авлод бобоёну фарзандон; гузаштагону ояндагон, ҳамаи наслҳо; авлод ба авлод, насл ба насл; наслҳо, чандин насл. <ref>Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А – Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. – Душанбе 2010, - c. 34 ISBN 978-99947-69-39-1</ref>
 
'''Авлод''' (({{забон-ар| اولاد }}) – ҷамъи валад, маънояш фарзандон) – ҷамъияти хешони ҳамхун мебошад, ки дар ҷомиаи суннатии тоҷикон ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ қудрат ва мавқеи хосса дорад. Авлод дар асоси муттаҳид шудани оилаҳои ба ҳам хешу ҳамхун ба вуҷуд меояд. Он метавонад даҳҳо оилаҳоро дар бар гирад ва фаъолияту рафтори аъзои онро назорату идора намояд. Авлодро сардори он идора мекунад, ки аз тарафи пирони машаваратдеҳ интихоб мегардад. Сардор ба таври ӣайрирасмӣ муовину мушовир ва дастёрҳо дорад. Авлодҳо дорои номи умумӣ мебошанд, ки нишонаи фарқкунандаи онҳо ба шумор меравад. Масалан, авлоди эшонҳо, авлоди сайидҳо, авлоди хоҷаҳо ва ӣайра. Баъзе авлодҳо ба номи сардор ё бунёдгузори он ёдоварӣ ва номбар мешаванд. Чунончи, авлоди Пирназар, авлоди Каримовҳо ва ӣ.
Авлод ҳамчун институти иҷтимоии ҷомеаи шаҳрвандӣ дорои сохтору системаи худтаъминкунӣ, идеологӣ ва ҳуқуқию механизмҳои идоракунӣ мебошад. Он дар давраҳои мушкили ҷомиаи тоҷикон, дар идора кардани ҷомиа ва дар рушди ҳаёти маънавию сиёсӣ саҳми муайян гузоштааст. Иттиҳоди авлодҳо [[қабила]]ро ба вуҷуд меорад.
Иштирок дар расму ойинҳо ва ҷамъомадҳои авлодӣ барои аъзои калонсоли он ҳатмӣ ва як навъ қарзи иҷтимоӣ мебошанд. Эҳтироми калонсолон, дасти кўмак дароз кардан, саҳмгузорӣ дар тўю маъракаҳо ва ӣайра аз уҳдадориҳои мардҳои ин ё он авлод ба шумор мераванд. Албатта дар баробари мардон занҳо низ дар ваҳдату дастгирӣ ва таблиӣи ҳувияти авлодӣ саҳм доранд, аммо онҳо дар дараҷаи дувум меистанд. <ref>Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷилди I (А-М). /Д. Раҳимов. — Душанбе, 2015. —668 с. {{ref-tg}} ISBN 978-99947-33-79-8</ref>
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
== Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.kmt.tj/content/%D1%84%D0%B0%D1%80%D2%B3%D0%B0%D0%BD%D0%B3%D0%B8-%D0%BC%D1%83%D0%BA%D0%B0%D0%BC%D0%BC%D0%B0%D0%BB%D0%B8-%D0%B7%D0%B0%D0%B1%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D3%A3 Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ]
[[Гурӯҳ:Мафҳумҳои сотсиология]]
[[Гурӯҳ:Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ]]
[[Гурӯҳ:Луғати таърихӣ]]
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Авлод"