Фарқият байни намунаҳои "Аслӣ Бурҳонов"

no edit summary
 
== Зиндагинома ==
Аслӣ Бурҳонов 8 январи соли 1915 дар шаҳри Бухоро дар хонаводаи қазикалон ба дунё омадааст.  Бино ба навиштаи муҳаққиқи шинохтаи театр [[Низом Нурҷонов]] бобои Аслӣ Бурҳонов аз деҳаи Хӯҷахалили [[ноҳияи Ховалинг]] будааст ва ба қасди таҳсил ба Бухоро рафта, бо духтаре хонадор мешавад. Аз он издивоҷ падари Аслӣ Бурҳонов  — Бадриддин ба дунё меояд. Аз соли 1893 то соли 1920, яъне то остонаи Инқилоби Октябр Бадриддин дар вазифаи қозикалон кор кардааст. Вале баъди ишғоли Бухоро аз ҷониби Артиши Сурх чун унсури бегонаву хатарнок парронда мешавад. 
 
Он замон Аслӣ нав панҷсола буд ва дар ин синну сол ятим мондан аз падари меҳрубон барояш хеле сахт буд. Аммо ятимӣ натавонист садди роҳи ӯ гардад, ки Аслии ҷавон аз таҳсил дур монад. Ӯро ба мактаби нав доданд ва аз соли 1925 бо ташаббуси хонандаи синфи болоӣ бо номи Ҳаётҷон Наимов дар мактаби ба номи Файзулло Хоҷаев, ки Аслӣ низ дар он таҳсил мекард, дастаи ҳунарӣ ташкил шуд ва ҳамин роҳи санъатро ба рӯйи вай боз кард<ref name=":0">{{Cite web|url=http://www.kmt.tj/content/%D0%B0%D1%81%D0%BB%D3%A3-%D0%B1%D1%83%D1%80%D2%B3%D0%BE%D0%BD%D0%BE%D0%B2-%D0%B0%D0%B7-%D0%BD%D0%B0%D2%9B%D1%88%D0%B8-%D0%BF%D0%B8%D0%BE%D0%BD%D0%B5%D1%80-%D1%82%D0%BE-%D0%BB%D0%B5%D0%BD%D0%B8%D0%BD-%D1%80%D0%BE%D2%B3%D0%B5-%D0%BA%D0%B8-%D2%B3%D1%83%D0%BD%D0%B0%D1%80%D0%BC%D0%B0%D0%BD%D0%B4%D1%80%D0%BE-%D0%BC%D0%B0%D1%8A%D1%80%D1%83%D1%84-%D0%BA%D0%B0%D1%80%D0%B4|title=Аслӣ Бурҳонов: Аз нақши пионер то Ленин. Роҳе, ки ҳунармандро маъруф кард|author=|website=www.kmt.tj|date=|publisher=Китобхонаи миллии Тоҷикистон|accessdate=2019-01-08}}</ref>.
 
== Фаъолияти ҳунарӣ ==
Аввалин нақши худро дар спектакли "«Ҳуҷум"»-и В. Ян дар саҳнаи театри Бухоро дар синни 15 солагӣ бозидааст.  Соле баъд нақши писари инҷилобчиро дар намоишномаи С. Третяков "«Ғурриши Хитой"» ва баъд нақши писарбачаи муштзӯр Амонро дар асари У. Исмоилов "«Зараррасонандагони пахта"» иҷро кардааст.
 
Аз аввали соли 1931 ӯро бо дӯсташ Шукрулло Латифов ба сафи ҳунармандони касбии театр қабул карданд ва дар синни 16-солагӣ Аслии ҷавон аллакай корманди театр буд.
 
Соли 1932 театри Бухоро ба Тошканд як сафари ҳунарӣ анҷом дод ва баъдан дар шаҳрҳои Маскав, Ленинград, Свердловск, Магнитагорск, Перм, Харков, Керч, Олматӣ, Севастопол, Симферопол  сафар кард, ки дар ин ҳайат Аслӣ Бурҳонов низ буд.
 
Мушкилоти оилавӣ ӯро водор кард, ки соли 1933 театри Бухороро тарк кунад ва ба Ғиждувон баргардад. Аммо ба муҷарради расидан ба Ғиждувон ба театри он ба кор даромад.
 
Моҳи ноябри соли 1933 бо даъвати бародари бузургаш, ки дар Сталинобод мезист, ба пойтахти Тоҷикистон омад ва 25 декабри соли 1933 ба вазифаи ҳунарпешаи [[Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ]] ба кор қабул шуд. Аз он замон то охири умр (1997) ҳунарманди ҳамин театр буд<ref name=":0" />.
 
== Эҷодиёт ==
 
=== Театр ===
[[Акс:Аслӣ Бурҳонов дар нақши В. И. Ленин.jpg|thumb|Аслӣ Бурҳонов дар нақши В.  И.  Ленин.]]
Аслӣ Бурҳонов симоҳои мардони қавиирода, муборизони роҳи озодӣ, шахсони фидокору дурандешро офаридааст. Бурҳонов дорои истеъдоди намоён буда, нақшҳои чи фоҷиавӣ ва чи мазҳакавиро табиӣ, бомаҳорат ва таъсирбахш бозидааст. Нақшҳои иҷрокардаи Бурҳонов — Ризо («Мубориза»-и А. Усмонов, 1933), Фердинанд («Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер, 1937), Хушвақт («Тӯҳмат»-и С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, 1938), Салим, Сафар («Калтакдорони сурх», 1941; «Дар оташ», 1944, С. Улуғзода), Ҳаҷир, Сӯҳроб («Рустам ва Сӯҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн, 1941—1945), Ҳоҷи («Арӯсӣ панҷсӯма»-и М. Ӯдубодӣ, 1943), Коба («Хонлар»-и С. Вургун, 1951), Қорӣ Ишкамба («Марги судхӯр»-и С. Айнӣ, 1953), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода, 1958) ва диг. Аслӣ Бурҳонов нахустин иҷрокунандаи нақши В.  И.  Ленин дар саҳнаи тоҷик (пиесаи Н. Погодин, «Одами милтиқдор», 1948). Баътар дар асарҳои саҳнавии "«Соли 1919-и фаромӯшнашаванда"»-и В. Вишневский» (1951), "«Соати бурҷи Кремл"»-и Н. Погодин (1960), «Тӯфон"»-и [[Ғанӣ Абдулло]] ва [[Шамсӣ Қиёмов]] (1957), Ҳуррият ва «Сарбозони инқилоб»-и Ғанӣ Абдулло (1964), «Корвони бахт»-и М. Миршакар (1972) образи В. И. Ленинро офарид. Яго, Меркутсио, Кент, Труфальдино ("«Отелло"», 1948; «Ромео ва Ҷулета», 1947; «Шоҳ Лир», 1957;) «Хизматгори ду хоҷа», 1947) — беҳтарин нақшҳои Аслӣ Бурҳонов аз осори драматургияи класикии Ғарб аст. Дар пиесаҳои солҳои охир: «Антигона»-и Софокл (1971), «Дасти дӯст»-и [[Меҳрубон Назаров]] (1974), «Фарёди ишқ»-и Ғанӣ Абдулло (1975) нақшҳои асосиро иҷро кардааст.
 
=== Коргардонӣ ===
 
=== Синамо ===
Аслӣ Бурҳонов инчунин дар филмҳои киностудияи «ТоҷикфильмТоҷикфилм»:
* «Сарҳад дар кӯҳсор» — Абдураҳмон (1953),
* «Дохунда» — Абдулло (1956),
* «Ман бо духтаре вохӯрдам» — Мухтор -ака (1957)<ref>[https://ru. wikipedia. org/wiki/%D0%AF_%D0%B2%D1%81%D1%82%D1%80%D0%B5%D1%82%D0%B8%D0%BB_%D0%B4%D0%B5%D0%B2%D1%83%D1%88%D0%BA%D1%8 Я встретил девушку ru. wikipedia]</ref>,
* «Чароғ дар кӯҳсор» — (1958),
* «Вазифаи баланд» — Ҷӯраев (1958),
* «Одам пӯсташро иваз мекунад» — Ҳоҷиёров (1959),
* «Вақти зангирии писар расид» — Карим -ака (1959),
* «Ҳикояҳои хурд дар бораи кӯдаконе, ки…» падари Ёрмат (1961),
* «Зумрад» — (1961),
* [[Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон]] ([[1945]]).
* [[Ҳунарпешаи халқии СССР]] ([[1965]]).
* [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] ([[1970]])
* Ордени Ленин ([[1957]])
* Ордени Дӯстии халқҳо ([[1985]])
* Се ордени "«Нишони фахрӣ" » ([[1941]]; [[1949]]; [[1954]])
* Медали «Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин» (1970)
* Се Грамотаи фахрии Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.
 
== Эзоҳ ==