Бермудо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
 
Дар шимол аз димоғаи Гаттераси иёлати Каролинаи Шимолӣ тӯл кашидааст. Аз соли 1684 мустамликаи Британияи Кабир. Масоҳ. 53,3 км². Аҳолиаш 68,3 ҳазор нафар (2010). Маркази маъмуриаш — шаҳри Гамилтон. Забони расмӣ — англисӣ. Ҷашни миллӣ: Рӯзи Бермуд — 24 май. Воҳиди пулӣ — доллари Бермуд, ҳамқурби доллари ИМА.
 
== Сохти давлатӣ ==
Мувофиқи сарқонун сардори давлат – Маликаи Британияи Кабир; намояндаи он дар Б. – губернатор, ки дар наздаш таҳти раёсати сарвазир Шӯрои машваратӣ амал мекунад. Мақоми олии қонунбарор–парламенти дупалатагӣ–Палатаи маҷлис (ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихоб мешавад) ва Сенат (аъзои он аз тарафи губернатор, сарвазир ва қувваҳои мухолифин таъйин мегарданд). Сарвазир баъди ҷамъбасти интихобот дар Палатаи маҷлис аз тарафи губернатор таъйин карда мешавад. Мақоми олии судӣ – Суди олӣ.
 
== Табиат ==
Б. аз 8 ҷаз. бузург ва 130 ҷаз. хурд иборат аст. Хатти соҳили ҷаз-ҳо 103 км тӯл кашидааст. Сатҳаш ноҳамвор ва теппадор, нуқтаи баландтаринаш–Таун-Хилл (79 м). Ҷаз-ҳо асосан аз таҳнишастҳо ва оҳаксангҳои марҷонӣ таркиб ёфтаанд. Иқлимаш субтропикии намнок. Ҳарор. миёнаи моҳи гармтарин–августи 26,7<sup>0</sup>С, моҳи сардтарин–март 18,7<sup>0</sup>С. Миқдори боришоти солона–то 3100 мм. Аз июл то ноябр тӯфонҳои сахт мевазанд. Обанбори дохилӣ мавҷуд нест, барои ошомидан ва истеҳсолот аз оби борон истифода мебаранд. Бешаҳои фарохи дарахти ҷалғӯза, ки дар а. 19 барои киштисозӣ истифода мешуданд, қисми зиёди Б.-ро фаро гирифтаанд. 20 дарсади ҳудуди Б. ҷангалзор буда, дарахтони нахл, бамбук, нахли харбуза (папая) ва бедгули аз Амрикои Шимолӣ овардашуда мерӯянд. Манзараҳои сунъӣ бештар ба назар мерасанд.
 
== Аҳолӣ ==
Қариб 60 дарсади аҳолии ҷазираҳои Б. ғуломони зангӣ (африқоӣ), зиёда аз 1/3 ҳиссаи аҳолӣ аврупоиҳо, амрикоиҳо ва португалиҳои аз ҷазираҳои Азор ва Мадейра кӯчида омада, боқимонда аз Осиё ва мулатҳо мебошанд. Аз 2/3 ҳиссаи диндорон протестант, 15 дарсад католиканд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км<sup>2</sup> – 1,2 ҳазор нафар. Дарозумрии миёна – 78 сол, (занҳо – 80,1 ва мардҳо 75,8) сол. Шумораи аҳолии қобили кор 38,4 ҳазор нафар буда, аз он 3 дарсад ба моҳидорӣ ва кишоварзӣ машғуланд, камтар аз 5 дарсад дар соҳаи саноат ва сохтмон, боқимонда дар соҳаи хизматрасонӣ ва идора фаъолият менамоянд. Бекорӣ қариб вуҷуд надорад.
 
== Иқтисодиёт ==
Тиҷорати офшорӣ дар Б. аз соли 1935 ибтидо гирифтааст. Соли 2003 шумораи ширкатҳои офшорӣ ба 13,5 ҳазор расидааст. Аз соли 1971 инҷониб биржаи фондӣ амал мекунад, ки дар он 358 намуди коғазҳои қиматнок хариду фурӯш мешаванд. Соҳаи сайёҳии эксклюзив ривоҷ ёфтааст ва дар як сол то 484,1 ҳазор сайёҳон меоянд. Дар соҳаи саноати маснуотбарор бештар корхонаҳои таъмири киштӣ, истеҳсоли мебел, таҷҳизоти тиббӣ ва маводди косметикию (ороишӣ) парфюмерӣ пешраванд. Асосан картошка, меваҳои ситрусӣ, банан, сабзавот парвариш мекунанд. Гулпарварӣ ва фурӯши он ба ИМА  роҳ андозӣ шудааст. Дарозии хатти роҳи автомобилгард 450 км буда, р. о. надорад. Бандарҳои баҳриаш–Гамилтон, Сент-Ҷорҷ, Докярд. Аэропорти байналмилалӣ дорад. Давлатҳои шарикони асосии тиҷоратиаш–Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Қазоқистон ва Ҷопон.
 
== Таърих ==
Б.-ро соли 1522 экспедитсияи испаниявӣ бо сарварии Бермудес кашф кардааст ва аз ин сабаб чунин номгузорӣ шудааст. То ба он ворид шудани истилогарони англис (1609) ҷаз. беодам буд. Аз соли 1616 сар карда овардани аввалин ғуломон аз Африқо оғоз гардид ва то манъ гаштани ғуломфурӯшӣ (1834) давом ёфт. Соли 1809 дар Б. пойгоҳи калонтарини ҳарбӣ-баҳрии Британияи Кабир таъсис дода шуд, ки он то соли 1951 вуҷуд дошт. Солҳои 1941–95 дар Б. пойгоҳи ҳарбӣ-баҳрӣ ва ҳарбӣ-ҳавоии ИМА ҷойгир буд. Соли 1968 тибқи Конститутсияи нав ҷазираҳои Б. ба ҳуқуқи худидоракунии дохилӣ соҳиб гардид. Дар интихобот (раъйпурсӣ)-и соли 1995 оид ба соҳибистиқлолии Б. 58,8 дарсади аҳолӣ иштирок намуда, аз он 73,6 дарсад барои нигоҳ доштани мақоми амалкунанда овоз доданд. Соли 1998 Ҳизби Муттаҳиди Бермуд, ки дар сари ҳокимият буд, шикаст хӯрд. Ҳукумат Ҳизби лейбористии тараққихоҳро таъсис дод.
 
== Тандурустӣ ==
Дар Б. ду бемористон: «Шоҳ Эдуарди VII» ва бемористони касалиҳои рӯҳии «Институти байниуқёнусӣ», 4 клиника барои калонсолон мавҷуд аст, ки дар он 366 табиб, 52 дандонпизишк ва зиёда аз 800 ҳамшираҳои шафқат фаъолият доранд.
 
== Маориф ==
Сатҳи саводнокӣ дар байни мардуми калонсол 98 дарсадро ташкил медиҳад. Дар тамоми Б. низоми ҳатмии таҳсилоти ройгон (синни 5–16-сола) амал мекунад. Аз соли 2002 ин ҷониб дар Б. низоми давлатии маълумоти миёнаи сезинагӣ ҷорӣ гаштааст. Таҳсил аз 5-солагӣ шурӯъ шуда, 6 сол дар мактаби ибтидоӣ, 3 сол дар мактаби миёна ва 4 сол дар мактаби олии миёна анҷом дода мешавад. Маълумоти олиро аз соли 1974 ин ҷониб дар Коллеҷи Бермуд мегиранд.
 
== Матбуот, радио ва телевизион ==
Рӯзномаҳои «The Royal Gazette» (1828), «Bermuda Sun» (дар як ҳафта ду маротиба), ҳафтаномаи «Mia Ocean News» нашр мешаванд. Дар Б. 8 пойгоҳи радиоӣ ва 4 пойгоҳи телевизионӣ амал мекунанд.
 
== Нигористон ==