Samsung: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
<br />{{Ширкат
| название = Samsung Group<br>삼성그룹
| логотип = Samsung wordmark.svg
Сатри 25:
}}
 
'''Samsung Group''' (''«Сáмсон Груп»'', {{Lang-ko-hhrm|삼성그룹||Samseong Gurub|Samsŏng Gurup}}) — гурӯҳи ширкатҳо дар Кореяи Ҷанубӣ ва яке аз калонтарин ширкатҳои [[Чебол|чеболӣ]] буда, соли 1938 таъсис ёфтааст. Ширкати мазкур дар бозори ҷаҳонӣ ҳамчун истеҳсолкунандаи асосии компонентаҳои фавқутехнологӣ, таҷҳизотҳои телекоммуникатсионӣ, техникаи маишӣ ва дастгоҳҳои аудиоиву видеоӣ машҳур аст.
 
Идораи асосии ширкати Самсунг Груп дар шаҳри Сувон, ки пойтахт ва калонтарин шаҳри музофоти Кёнгидои Ҷумҳурии Корея мебошад, воқеъ гардидааст<ref>{{Cite web|url=http://www.ravshanfikr.tj/navolamitekhniki/15-daleli-a-ib-dar-borai-shirkati-samsung.html?fbclid=IwAR1L2Jg16SqIjPA6byRu9PjimpO2Cu1wo7-7LtUqamsKPJ7I4qQ1hwftuUw|title=15 далели аҷиб дар бораи ширкати Samsung|author=Равшанфикр|website=www.ravshanfikr.tj|date=|publisher=|lang=tg|accessdate=2019-01-16}}</ref>.
 
== Таърих ==
 
=== Таъсис ===
Ширкат соли 1938 аз ҷониби яке тоҷирони муваффақи кореягӣ Ли Бён Чхол (1910-19871910—1987) ба унвони як ширкати тиҷоратӣ таъсис ёфт. Ли дар ибтидои фаъолияташ наонқадар муваффақ буд. Аммо, ӯ санаи 1-уми марти соли 1938 тиҷорати худро таъсис дода, онро ''Samsung Trading Company'' унвон кард.
 
Ширкати Самсунг аз соли 1945 оғоз карда, молҳои истеҳсолии худро дар саросари Корея ва дигар кишварҳо интиқол медиҳад. Он соли 1947, дар пойтахти Ҷумҳурии Корея - — шаҳри Сеул ҳамчун ширкати асосӣ таъсис ёфт. Ин ширкат солҳои 50-уми асри ХХ, дар замоне ки ҷанги байни Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ сар шуд, яке аз даҳ ширкати бузург маҳсуб меёфт. Бо ғалабаи артиши Кореяи Шимолӣ дар Сеул, Ли Бён Чхол маҷбур буд, ки тиҷорати худро ба Пусан интиқол диҳад. Дар соли оянда, воришавии нерӯҳои ҳарбии амрикоӣ ба шаҳри Пусан барои ширкати нақлиётии Ли Бён Чхол хеле муфид афтод.
 
=== Samsung баъди ҷанги Корея ===
Соли 1961, вақте Пак Чжон Хи (1917-19791917—1979) қудратро ба даст гирифт, Ли дар Ҷопон буд ва давоми якчанд сол ба Ҷумҳурии Корея барнагашт. Дар ниҳоят, созишнома ба имзо расид ва Ли Бён Чхол ба Корея баргашт, вале тибқи он бояд Самсунг аз назорати бонкҳои бадастоварда даст кашад ва роҳнамои иқтисодии ҳукуматро риоя кунад. Соли 1953 Ли Бён Чхол ширкати «''Cheiljedang'' (Чеил чэдан)»-ро таъсис дод, ки дар айни замон яке аз ширкатҳои муваффақ ва фоидаовар маҳсуб меёбад. Вай бо истифода аз даромади ''Cheiljedang'' ширкатҳои зиёди дигареро таъсис дода, тавассути онҳо маҳсулоти гуногун: матоъҳо, мошинҳо, таҷҳизотҳо ва электроникаи маиширо ба бозорҳо баровард.
 
  Ҳамин тавр, Ли Бён Чхол баъдтар ба сифати раиси Федератсияи саноатии Кореяи Ҷанубӣ фаъолият намуда, сарватмандтарин инсони нимҷазираи Корея машҳур гардид. Баъд аз марги Ли тамоми моликияти «''Хоам''» барои омма ошкор гардид ва ба намоиш бароварда шуд. Зеро Ли Бён Чхол яке аз дӯстдорони ҷамъоварии дастовардҳои фарҳангу санъати меҳанаш буда, коллексиягоҳи шахсии вай дар кишвараш аз бузургтарин коллексиягоҳ маҳсуб меёфт ва он аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Корея «''Ганҷинаи миллӣ''» эълон гардид. «''Хоам''» дар наздикии боғи «''Everland''», ки яке аз иншоотҳои дигари ''Samsung Group'' ба шумор меравад, воқеъ гардида, машҳуртарин боғи тамошобоби Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
 
== Маҳсулот ==
Дар айни замон ширкати Samsung Group аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, консерни (иттиҳодияи якчанд муассисаҳои тиҷоратӣ ва саноатии капиталистӣ дар зери як роҳбарияти умумии молиявӣ) он соҳаҳои электроника, микроэлектроника, кимиё, сохтмон, мошинсозӣ, саноати вазнин, молияву қарз ва суғуртаро дарбар мегирад. Ба сохтори консерн даври пурраи истеҳсоли электрикӣ - — аз истихроҷи захираҳо сар карда, то коркарди онҳо ва ба анҷом расонидани маҳсулоти тайёр дохил мешавад.
 
Зиёда аз 70%-и фурӯши маҳсулотҳои ширкат ба саноати электронӣ рост меояд. Чунки бахшҳои саноати эклектронии он дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон фаъолият мекунанд ва онҳо аксарияти маҳсулотро содир мекунанд. Консернҳои зерини ширкат: ''Samsung Electronics'', ''Samsung SDI'', ''Samsung Electro-Mechanics'', ''Samsung SDS'' ва ''Samsung Networks'' ба истеҳсол ва фурӯши асбобҳои электронӣ машғуланд. Тақсимоти тиҷорати саноати электронии Самсунг дар манотиқи сайёра чунин аст: Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ - — 28 %; давлатҳои Аврупо ва ИДМ - — 37 %; Корея - — 15 %; Чин - — 7 %; Ҷопон - — 1 % ва дигар кишварҳо - — 12 %.
 
Мувофиқи тадқиқотҳои маркетингӣ, ки ҳамасола аз ҷониби ширкати консалтингии ''Interbrand'' гузаронида мешаванд, аз рӯи маблағи умумии бренд дар соли 2007 ширкати ''Samsung'' дар ҷойи 21-ум қарор дорад. Рақиби асосии он ширкати ''Sony'' буда, дар ин рӯйхат ҷойи 25-умро ишғол менамояд. Ба иттилои хабаргузориҳо, даромади Самсунг муодили 17 % аз истеҳсолоти нохолиси дохилии 1,082 миллиард доллари Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Пайвандҳо ==
{{Новбарӣ}}
* {{cite web
|url = http://www.samsung.ru/
|title = Официальный сайт Samsung Россия
|accessdate = 2012-01-18
|archiveurl = https://www.webcitation.org/65EIwsKlu?url=http://www.samsung.com/ru/
|archivedate = 2012-02-05
|deadurl = yes
}}
* {{ВТ-ЛП|Samsung}}
* {{cite web
|url = http://mp3.samsung.ru/
|title = MP3 Club Samsung
|accessdate = 2007-11-18
|land = Россия
|deadlink = 404
|archiveurl = https://www.webcitation.org/65EIyQ5rZ?url=http://www.samsung.com/ru/
|archivedate = 2012-02-05
|deadurl = yes
}}
* {{cite web
|url = http://www.samsungmobile.ru/
|title = Samsung Mobile
|accessdate = 2007-11-18
|land = Россия
|archiveurl = https://www.webcitation.org/65EIznHFG?url=http://www.samsung.com/ru/consumer/mobile-phones/mobile-phones/index.idx?pagetype=type_p2
|archivedate = 2012-02-05
|deadurl = yes
}}<!-- redirect-->
* {{cite web
|url = http://research.samsung.ru/
|title = Исследовательский центр
|accessdate = 2007-11-18
|archiveurl = https://www.webcitation.org/65EJ1kozU?url=http://research.samsung.ru/
|archivedate = 2012-02-05
|deadurl = yes
}}<!-- redirect-->
* {{cite web
| url = http://displaysolutions.samsung.com/
| title = Системы отображения информации Samsung Display Solutions
| accessdate = 2015-12-22
 
}}
 
 
{{Самсунг}}
 
 
[[Гурӯҳ:Samsung| ]]
[[Гурӯҳ:Ширкатҳои Кореяи Ҷанубӣ]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Samsung"