Samsung: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 39:
Соли 1961, вақте Пак Чжон Хи (1917—1979) қудратро ба даст гирифт, Ли дар Ҷопон буд ва давоми якчанд сол ба Ҷумҳурии Корея барнагашт. Дар ниҳоят, созишнома ба имзо расид ва Ли Бён Чхол ба Корея баргашт, вале тибқи он бояд Самсунг аз назорати бонкҳои бадастоварда даст кашад ва роҳнамои иқтисодии ҳукуматро риоя кунад. Соли 1953 Ли Бён Чхол ширкати «''Cheiljedang'' (Чеил чэдан)»-ро таъсис дод, ки дар айни замон яке аз ширкатҳои муваффақ ва фоидаовар маҳсуб меёбад. Вай бо истифода аз даромади ''Cheiljedang'' ширкатҳои зиёди дигареро таъсис дода, тавассути онҳо маҳсулоти гуногун: матоъҳо, мошинҳо, таҷҳизотҳо ва электроникаи маиширо ба бозорҳо баровард.
 
Ҳамин тавр, Ли Бён Чхол баъдтар ба сифати раиси Федератсияи саноатии Кореяи Ҷанубӣ фаъолият намуда, сарватмандтарин инсони нимҷазираи Корея машҳур гардид. Баъд аз марги Ли тамоми моликияти «''Хоам''» барои омма ошкор гардид ва ба намоиш бароварда шуд. Зеро Ли Бён Чхол яке аз дӯстдорони ҷамъоварии дастовардҳои фарҳангу санъати меҳанаш буда, коллексиягоҳи шахсии вай дар кишвараш аз бузургтарин коллексиягоҳ маҳсуб меёфт ва он аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Корея «''Ганҷинаи миллӣ''» эълон гардид. «''Хоам''» дар наздикии боғи «''Everland''», ки яке аз иншоотҳои дигари ''Samsung Group'' ба шумор меравад, воқеъ гардида, машҳуртарин боғи тамошобоби Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
 
== Маҳсулот ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Samsung"