Эрон: Тафовут байни таҳрирҳо

no edit summary
х (ислоҳ)
No edit summary
Номи расмии он '''Ҷумҳурии Исломии Эрон''' ва пойтахташ [[Теҳрон]] аст. Паҳноварии ин кишвар 1 648 195 км мураббаъ (18-ум дар ҷаҳон) аст ва бар пояи саршумории [[соли 2016]] дар ин кишвар 80 629 882 тан бошанда<ref>[http://countrymeters.info/ru/Iran Iran]</ref> буда ва ҳарсола зиёда аз 1 млн. тан бар шумори бошандагонаш меафзояд.
 
Эрон дар шимол бо [[Арманистон]], Ҷумҳурии [[Озарбойҷон]] ва [[Туркманистон]], дар шарқ бо [[Афғонистон]]у [[Покистон]] ва дар ғарб бо [[Туркия]] ва [[Ироқ]] [[(Курдистон)]] марзи заминӣ дорад. Ҳамчунин дар шимол дар [[Баҳри Каспий]] ва дар ҷануб дар [[Халиҷи Форс]] ва [[Баҳри Уммон]] марзи дарёӣ дорад. Ин се дарё аз муҳимтарин манотиқи истихроҷи нафту газ дар ҷаҳон ҳастанд.
 
Низоми сиёсии Эрон бар пояи Қонуни Асосии мусавваби 1979 (бознигарии 1989) поярезӣ шудааст. Болотарин мақоми расмии Эрон пас аз инқилоби соли 1979, '''Вилояти фақиҳ''' аст, ки акнун дар ихтиёри Саид Алӣ Хоманаӣ аст. [[Ислом]] дини расмӣ ва [[ташаюъ]] мазҳаби расмӣ ва [[форсӣ]] забони расмии Ҷумҳурии Исломӣ аст. Эрон ҳамчун сарзамин ва миллат пешинае кӯҳан дорад ва яке аз таърихитарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
Anonymous user