Босмачиҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 104:
Босмачиён худро муҷоҳид (ҷиҳодкунанда) меномиданд. Ҳокимияти Шӯравӣ ин муҷоҳидонро ба гордиёни сафеди Руссия монанд дониста, бо забони ма­ҳаллиёни ҶМШС Туркистон онҳоро бо калимаи «босмоқ­чӣ» ба маънои ғоратгар, то­роҷ­гар, яъне, чун тороҷ­га­рон, ғоратгарон, зеркунандагон, пахшкунандагон ном­гузорӣ карда буданд, ки баъдан дар таърихнигорӣ исти­лоҳи собит шуд. Бино ба тар­киби гуногуни ин ҳаракат ва аҳдо­фи мухталифи ширкаткунан­дагони он вобаста ба хост­го­ҳи иҷтмоиашон ва бо мақса­ди умумии нест кардани душ­ман дар як ҷабҳа мутта­ҳид шуда, ҷангидан ба муқо­били Шӯроҳо бо гузашти камтар аз як аср изҳори назар ва дидгоҳҳои гуногун дар байни олимону муаррихон ро­ҷеъ ба сабабҳои пайдоиш ва заминаҳои фарҳангию сиё­сӣ, муваффақиятҳои нахустин ва шикасти ниҳоии Б. ва арзёбии хусусиятҳои ин ҳаракат ба вуҷуд омадааст. Аз рӯи ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавиию мазҳабии сарони гурӯҳҳои мухолиф (Шӯравию босмачигӣ) метавон ҳақиқати ин ҳаракатро дар маҷмӯъ дарёфт. Яъне ба Б. на аз рӯи иштирокашон дар ҳаракати зиддишӯравӣ, балки аз рӯи мақсадҳои зоҳирию ботинии сарваронашон баҳо додан зарур аст. Босмачигарӣ ҳамчун ҳаракати зид­дишӯра­вӣ дар Тоҷикистон се марҳаларо тай намудааст: ноябри соли 1917 — июни соли 1918; июли соли 1918 — октябри со­ли 1923; ноябри соли 1923 — соли 1935.
 
== Таърих ==
Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна қувваҳои аксулинқилобӣ барои ҷудо кардани ҷумҳуриҳои мазкур аз Русияи Шӯравӣ ва барқарор намудани ҳокимияти миллию таъмини озодии мазҳабӣ ба ҷамъ кардани муҷоҳидон ба дастаҳои Б. пардохтанд. Б.- ро амалан Эргашу Мадаминбек дар водии Фарғона ва Иброҳимбеку Анвар дар Бухорои Шарқӣ ба вуҷуд оварда буданд ва дар авҷи ҳаракати Б. (солҳои 1919-22) онҳо роҳбарии тамоми умурро дар даст доштанд. Вале роҳба­рони бевосита ва ҳақиқии Б. ташкилотҳои аксулинқи­лобию мазҳабии созмондодашуда ба номҳои «Шӯрои ис­ломӣ», «Шӯрои уламо», «Алаш» ва «Урҷа» буданд. Ба онҳо мудохилагарони Англияву Амрико, гурӯҳҳое аз Туркия, Хитой, Афғонистон ва диг. давлатҳо роҳбарӣ ва барояшон кумакҳои молию низомӣ мекарданд. Мас., дар ташкил ва мусаллаҳгардонии дастаҳои босмачиён баҳори соли 1918 намояндагони низомии давлатҳои хориҷа — роҳбари миссияи ҳарбию дипломатии Англия Ф. Бейли, консули амрикоӣ дар Тошканд Р. Тредуэлл, консули фа­рон­савӣ Костанйе дар омӯзиши дастаҳои Б. афсарони Анг­лияву Туркия ва гордиёни сафеди Рус ширкат карда буданд.