Тадвини филм: Тафовут байни таҳрирҳо
хулосаи таҳрир нест
(Саҳифаи нав: '''Монтажи мултимедиавӣ''' – ин раванди эҷодӣ, техникӣ ва ба низом даровардани тасвиру наворҳ...) Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ |
No edit summary Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ |
||
'''Монтажи мултимедиавӣ''' – ин раванди эҷодӣ, техникӣ ва ба низом даровардани [[тасвир]]у наворҳо мебошад, ки асосан дар [[студия]]ҳо, [[ширкат]]ҳои [[синамо]]гароӣ ва [[телевизион]] васеъ истифода бурда мешавад. Мақсади асосии он таҳияи ягон [[сужет]]и том мебошад.
Киносоз Лев Кулешов дар соли 1917 нисбати монтаж чунин навишта буд:
«Барои он ки коргардон як сужети муайян ва лоиқи тамошо карданро созад ӯ бояд тамоми қисматҳои хурду алоҳидаи навор гирифташударо тавре, ки кӯдак аз кубикчаҳои ҳарфҳо калима, ибора ё ҷумлаи том месозад, бурида нозукона пайваст намояд»
== раванди монтаж ==
Муаллиф ҳамаи маводи матнии сужетро фароҳам меорад (эҷод мекунад), коргардон бошад, матни муаллифро таҳлил намуда, муайян менамояд, ки кадом қисми матн бояд чӣ гуна навор гирифта шавад. Ақидаҳои худро дар ин бобат бо муаллиф мувофиқа мекунад. Баъди ин коргардон, муаллиф ва наворбардор (бо талаби ҳолат нурафкан) ба ҷойи муайяншуда рафта, лаҳзаҳои муайянкардаи коргардонро навор мегирад. Дар зеҳни муаллиф метавонад зимни наворбардорӣ [[идея]]ҳои нав пайдо шавад, ки дар равшаннамоии лаҳзаҳо ва мазмуни [[лавҳа]] аҳамияти калон дошта бошад. Инак раванди асосии монтаж оғоз меёбад. Наворбардор наворҳои гирифташударо ба танзимгар медиҳад, аммо кори наворбардор то ба ин ҷо набуда, мумкин аст зимни монтаж баъзе наворҳҳо торик норавшан омадаанд ва моҳияти навор фаҳмида намешавад, бинобар ин ӯ рафта метавонад он лаҳзаҳоро аз сари нав навор гирад. Ҳамин тавр кори танзимгар ва танзимгари садо, ки одатан ҳарду корро як нафар анҷом медиҳад, ҳамроҳи муаллиф, коргардон ва наворбардор пушти мизи танзим нишаста, аз наворҳои кӯчаки наворбардор ва аз мусиқии интихобнамудаи муаллифу коргардон як лавҳаи шоистаи тамошо карданро меофаранд.
|