Тадвини филм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 1:
'''Монтажи мултимедиавӣ''' – ин раванди эҷодӣ, техникӣ ва ба низом даровардани [[тасвир]]у наворҳо мебошад, ки асосан дар [[студия]]ҳо, [[ширкат]]ҳои [[синамо]]гароӣ ва [[телевизион]] васеъ истифода бурда мешавад. Мақсади асосии он таҳияи ягон [[сужет]]и том мебошад.
Онро видеомонтаж гуфтан ба маврид аст, аммо дар бештари маврид онро танҳо '''монтаж''' ном мебаранд. Монтаж аз калимаи фаронсавии ''montage'' гирифта шудааст. Набудани он дар ҷобаҷогузории навор ва тасвирҳо тасаввурнопазир аст. Лаҳзаи муҳимтарини монтаж ҳамон лаҳзае ба шумор меравад, ки аз наворҳо ва ё овозҳои алоҳидаи гуногун тамоми қисматҳои нолозимаро бурида, тибқи сужет бо ҳам пайваст намоем, зеро дар мавриди дигар тамошобин ё шунаванда ба он диққат намедиҳад, яъне бе монтаж он диққатҷалбкунанда буда наметавонад.
:Киносоз [[Лев Кулешов]] дар соли 1917 нисбати монтаж чунин навишта буд:
{{quote|''Барои он ки коргардон як сужети муайян ва лоиқи тамошо карданро созад ӯ бояд тамоми қисматҳои хурду алоҳидаи навор гирифташударо тавре, ки кӯдак аз кубикчаҳои ҳарфҳо калима, ибора ё ҷумлаи том месозад, бурида нозукона пайваст намояд.''}}
Ҳамчунин дар бораи монтаж гуфта истода, як чизи дигарро хотирнишон сохтан лозим аст, ки монтажи мултимедиавӣ танҳо аз буридану пайваст кардан иборат набуда, баръакс он ниҳоят кори нозук ва мушкилест, ки ҳатто дар раванди он лозим меояд сужети бутуни як – якунимсоатаро сония ба сония танзим (монтаж) намояд, то воқеан ҳам як чизи тамошобоб омода шавад.
Дар танзим ва ҷобаҷогузории кадрҳо саҳми худи [[муаллиф]], [[коргардон]], [[наворбардор]], [[танзимгар]] ва танзимгари садо хеле бузург буда, кори якҷояи онҳо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
[[Акс:FirstMoviola.jpg|thumb|250px|Один из первых [[Мизи кории аудиомонтаж|дастгоҳҳои аудиомонтаж]] барои [[Киноплёнка|киноплёнка]] — «Мовиола» (1924)]]
 
== раванди монтаж ==