Тадвини филм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 9:
== раванди монтаж ==
Муаллиф ҳамаи маводи матнии сужетро фароҳам меорад (эҷод мекунад), коргардон бошад, матни муаллифро таҳлил намуда, муайян менамояд, ки кадом қисми матн бояд чӣ гуна навор гирифта шавад. Ақидаҳои худро дар ин бобат бо муаллиф мувофиқа мекунад. Баъди ин коргардон, муаллиф ва наворбардор (бо талаби ҳолат нурафкан) ба ҷойи муайяншуда рафта, лаҳзаҳои муайянкардаи коргардонро навор мегирад. Дар зеҳни муаллиф метавонад зимни наворбардорӣ [[идея]]ҳои нав пайдо шавад, ки дар равшаннамоии лаҳзаҳо ва мазмуни [[лавҳа]] аҳамияти калон дошта бошад.
[[Акс:VLCM editmovie en xp.png|thumb|250x250px|[[Скриншот]]и [[равзана]]и барномаи монтаж. Дар қисмати поён [[саҳифаи хулосаҳои монтаж]] дида мешавад]]
Инак раванди асосии монтаж оғоз меёбад. Наворбардор наворҳои гирифташударо ба танзимгар медиҳад, аммо кори наворбардор то ба ин ҷо набуда, мумкин аст зимни монтаж баъзе наворҳҳо торик норавшан омадаанд ва моҳияти навор фаҳмида намешавад, бинобар ин ӯ рафта метавонад он лаҳзаҳоро аз сари нав навор гирад. Ҳамин тавр кори танзимгар ва танзимгари садо, ки одатан ҳарду корро як нафар анҷом медиҳад, ҳамроҳи муаллиф, коргардон ва наворбардор пушти мизи танзим нишаста, аз наворҳои кӯчаки наворбардор ва аз мусиқии интихобнамудаи муаллифу коргардон як лавҳаи шоистаи тамошо карданро меофаранд.