Садриддин Айнӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
ислоҳ
Сатри 62:
Дар макотиби усули нав бошад, толибон дар давоми чанд моҳи таҳсил хондану навиштанро аз бар мекарданд. Дар мактабҳои мазкур ғайр аз улуми динӣ боз ба бачаҳо илмҳои табиӣ ва фанҳои дақиқро низ меомӯзонданд. Ҳамаи ин боис шуд, ки муллоҳои мутаассиб зидди макотиби нав ва муаллимони онҳо балво бардоранд. Уламои дин, ки ба дарки аслии таълимоти ислом намерафтанд, муаллимони мактаби навро «кофир» ва мактабро «шайтонхона» эълон карда, аз мардум даъват менамуданд, ки фарзандони худро ба мактабҳои кофирӣ надиҳанд. Дар ҳама ҷо муассисон ва муаллимони мактабҳои навро таҳқир мекарданд таҳдид менамуданд, балои охири замон мехонданд.
Махсусан Абдувоҳиди Мунзим ва Садриддин Айнӣ зери фишорҳои зиёд қарор доштанд. Аммо эшон пешаи муқаддаси омӯзгориро тарк накарданд, ҳатто лаҳзаҳое будааст, ки барои амон ёфтан аз чанги душманон либосҳои занонаро ба бар карда суйи мактаб рафтаанд. Вале [[25 сентябр]]и [[соли 1909]], бо амри ҳукумати амирӣ, мактаби [[Мунзим]] баста шуд. Баъд аз ин таҳсили бухороиёнро дар мактабҳои усули нави тоторӣ ҳам манъ намуданд<ref>Ҳотамов Н.Б., ДовудиДовудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011.</ref>.
 
==Эҷодиёти устод==
Сатри 83:
;Бояд ба инқилоб навишт китоби сурх.'''</big>}}
 
Нахустин шеъри инкилобие, ки дар он барномаи сиёсию иҷтимоии С. Айнӣ эълон гардидааст, ин «Марсия» – и ӯст. Ин асар ба муносибати фочиаифоҷиаи кушта шудани бародараш Сироҷиддин бахшида шуда буд:
{{иқтибос|муаллиф=Айнӣ|
<big>'''Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам,
Сатри 100:
Шеърҳои ба мактабу илмҷӯӣ бахшидаи Айнӣ бо забони содаю воситаҳои тасвири дилнишин гуфта шудаанд. Идеяҳои маорифпарварии ӯ дар шеърҳои "Замзамаи дабистон", "Суруди мактаб", "Саҳаргоҳон" ва ғайра боварибахш ва самимона эҷод гашта, ба фазилати мактаб, таълиму тарбия такя дорад:
{{иқтибос|муаллиф=Айнӣ|
<big>'''Биёед, эй рафиконрафиқон, дарс хонем,
;Ба бекорию нодонӣ намонем,
;Ба олам ҳар касе бекор гардад,
Сатри 108:
Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ донишмандоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти тоҷикро инкор мекарданд.
 
Садриддини Айнӣ дар шароите, ки забон ва миллаташро инкор карданд ва русҳо бо ҳамкории пантуркистҳо тоҷикон ягона зимомдорони [[Осиёи миёна|Осиёи Марказиро]] аз давлатдорӣ маҳрум карданд, бо шаҳомат ва огоҳона истод ва амал кард. Ӯ китоби [[Намунаи адабиёти тоҷик (Китоб)|'''"Намунаи адабиёти тоҷик"''']]-ро навишт ва дар он сесад [[шоир]]ро, ки бо тахаллуси Бухороӣ, [[Самарқанд]]ӣСамарқандӣ, [[Намангон]]ӣНамангонӣ, [[Андиҷон]]ӣАндиҷонӣ, [[Тирмиз]]ӣТирмизӣ, [[Хуҷанд]]ӣХуҷандӣ ва... Аз ҳазор сол қабл дар [[Мовароуннаҳр]] зист доштанд, сабт кард. Ва бо ин бурҳони инкорнопазир мункирони поринагии забон ва миллати тоҷикро бар ҷояшон нишонд. [[Намунаи адабиёти тоҷик (Китоб)|"Намунаи адабиёти тоҷик"]]-ро дар [[соли 1926]] баъд аз чоп душманон оташ заданд, аммо Айнӣ ба унвони марди худогоҳ ва равшанфикри фидоии миллат, ором нанишаст ва бори дигар дар муқобили Бухарин, ки амри оташ задани китобашро дода буд, аз он дифоъ кард ва иҷозаи нашр гирифт. Дар чунон шароити боэҳтиёт чунин фидокорӣ фақат аз мардонест, ки дар авҷи равшанфикрӣ ва огоҳӣ қарор доранд.
 
Айнӣ ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, дар ин асар исбот кард, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин ([[Мовароуннаҳр]]у [[Хуросон]]) буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Устод дар асар намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононаш оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод [[Рӯдакӣ]], КисоииҚисоии Марвазӣ, [[Абуҳафси Суғдӣ]] ва дигар адибон фурӯзон карда буданд. Ба ҳамин тариқ, дар асоси факту далелҳои эътимодбахш таърихи кӯҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд. Аҳамияти дигари ин асар боз дар он аст, ки барои муҳаққиқони оянда дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам [[Намунаи адабиёти тоҷик (Китоб)|"Намунаи адабиёти тоҷик"]] басо арзишманд аст. Ва мардуми моро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд<ref>{{Cite web|url= http://millat.tj/farhangvaadab/2094-2010-11-12-04-15-27.html |title= Равшанфикр ё донишманди худогоҳи тоҷик|author=|website= millat.tj|date=|publisher= |lang=ru|accessdate=2019-01-25}}</ref>
 
 
Сатри 118:
Тадриҷан зарурати дар эҷоди бадеӣ тасвир намудани симои қаҳрамонон ва бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистиро ҳис карда, дар боби адои ин вазифа насрро қолаби мувофиқтар донистааст ва ҷиддан ба насрнависӣ гузашта, аввалин очерку ҳикоя ва қиссаву романҳои ҷолибашро тақдими адабиёт намуда, барҳақ асосгузори насри реалистии тоҷик гардидааст. Соли 1920 якумин қиссаи мусаннади худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар заминаи корбасти санаду далелҳои муътамади таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори вопасин рӯзҳои аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кардааст.
 
Баъдан қиссаи ''«Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»''-ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924–1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп кунондааст. Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони «[[Одина]]» дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст.
 
Дар асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст.