Гурӯҳ:Зодагони ноҳияи Кӯлоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Mishae (баҳс | ҳисса)
хNo edit summary
No edit summary
Сатри 1:
[[Гурӯҳ:Кӯлоб]]
Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз 29 марти соли 1961 дар деҳаи Андароби шаҳри Кӯлоб, таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик.
Ӯ соли 1978 мактаби миёнаи №11 шаҳри Кӯлобро хатм намудааст.
Соли 1978 ба Донишгоҳи инженерҳои ирригатсия ва механизатсияи хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошканд дохил шуда, онро соли 1983 бо ихтисоси инженер-заминсоз хатм намудааст.
Солҳои 1983-1984 ба ҳайси иқтисодчии гурӯҳ оид ба татбиқи пешравии илм ва техникаи Раёсати кишоварзии вилояти Кӯлоб кор кардааст.
Аз соли 1984 то соли 1988 дар вазифаҳои Котиби кумитаи комсомолии хоҷагии ба номи Жданови ноҳияи Кӯлоб, инструктори шуъбаи ташкилотҳои комсомолии Кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб, Мудири Шуъбаи ташкилотҳои комсомолии Кумитаи комсомолии шаҳри Кӯлоб, Инструктори Шуъбаи ташкилотҳои комсомолии Кумитаи комсомолии вилояти Брести Ҷумҳурии Белоруссия, Мудири Кобинети корҳои комсомолии Кумитаи комсомолии вилояти Кӯлоб, Инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст.
Аз соли 1988 то соли 1993 дар вазифаҳои Котиби якуми Кумитаи комсомолии шаҳри Кӯлоб ва Раиси Иттифоқи ҷавонони шаҳри Кӯлоб интихоб гардида, кор намудааст.
Таи солҳои 1993-1996 дар вазифаҳои Мудири Сектори аграрии Корпоратсияи истеҳсолии “Кӯлоб” ва Директори Корхонаи муштараки “Ориёно”кор намудааст.
Аз соли 1996 то соли 2005 дар вазифаҳои мутахассис ва Сардори шуъбаи инвеститсияҳои хориҷии Раёсати ташкил ва ҳамоҳангсозии робитаҳои хориҷии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори шуъбаи инвеститсияҳои берунаи Раёсати сиёсати сармоягузории Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардори Раёсати инвеститсияҳои хориҷии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Соли 2001 Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Аз соли 2005 то соли 2006 бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои муовини Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор намудааст.
Таи солҳои 2009-2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намудааст.
Солҳои 2010-2012 дар вазифаи муовини Раиси вилояти Хатлон кор намуда, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардидааст.
Аз соли 2012 то соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи иҷрокунандаи Раис ва Раиси шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб интихоб гардидааст.
Соли 2014 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида то соли 2015 фаъолият намудааст.
Моҳи марти соли 2015 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб гардида, Муовини Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Бо Медали ҷашнии «Хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Медали ҷашнии «20 солагии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Медали ҷашнии «15 солагии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Медали ҷашнии «20 солагии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардида, аъзои ифтихории Раёсати Иттифоқи арбобони санъти Тоҷикистон мебошад. ,
Оиладор соҳиби 5 фарзанд.