Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Сарчашма: ҳазфи гурӯҳи болоӣ using AWB
Сатри 165:
 
=== Адабиёт ===
Адабиёти Афғонистон аслан ба ду забон – дарӣ ва пашту (пахту) шакл гирифтаву равнақ ёфтааст. Адабиёти даризабони Афғонистон нисбат ба адабиёти паштузабон таърихи қа­дим­тар ва ғановати бештар дорад. Адабиёти таълифӣ аз ибтидои зуҳури худ аз фолклори ғании мардумӣ ман­баъ гирифта, минбаъд равнақ ёфтааст. Адибони Афғонистон дар рушду такомул ва ривоҷи адабиёти баландғояи форс-тоҷик ҳис­саи арзанда гузоштаанд. Тариқи мисол, насри мусаҷҷаъ, ки қаблан дар адабиёти форс-тоҷик хеле маъ­руф буда, маҳбубият ҳам дошт, тавассути Абдуллоҳи Ансорӣ боз ҳам равнақ пайдо карда, ба «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳо­ристон»-и Ҷомӣ ва чандин асари диг. таъсири бориз гу­зошт. Адабиёти паштузабон нисбатан баъдтар арзи ҳастӣ карда (Афғонистон 15), муҳаққиқин нахустнамунаи осори ин давраро «ди Шайх Малӣ дафтар» (Маҷмӯаи Шайх Малӣ) му­қаррар кардаанд. Минбаъд дар асрҳои 17–18 шоирони маъ­руфи Афғонистон Хушҳолхони Хатак (1613–91), Абдурраҳ­мо­ни Раҳмонбобо (1632–1708), Абдулҳамиди Мӯҳманд (1660–1732), Козимхони Шайдо (1727–1773), Темуршоҳи Дурро­нӣ (ваф. 1793) ва дигарон дар пешрафти адабиёти Афғонистон ҳис­саи арзанда гузоштаанд. Пас аз таъсиси давлати Дур­­ро­ниён (1747) адабиёти даризабони Афғонистон боз ҳам бештар равнақ ёфт. Аввалҳои Афғонистон 20 дар ада­биёти Афғонистон андешаҳои мао­риф­парварӣ авҷ гирифтанд. Шоир ва сиёсатмадори маъ­руф Маҳмуди Тарзӣ (1867–1935), Ғуломмуҳиддини Аф­ғон (1891–1921), Абдул­ҳодии Довӣ (тав. 1895), Абдулло­ҳи Мустағнӣ (1876–1934) аз зумраи суханварони мум­то­зимаъ­руфе буданд, ки бо офаридаҳои пурмуҳтавову баланд­мазмуни хеш адабиёти Афғонистонро боз ҳам ғанитар гардонданд. Соли 1947 аҳли фарҳанги Афғонистон – нависандагони маъ­ру­фу писандида Абдуррауфи Бенаво, Гулпочо Улфат, Нур­­муҳаммад Та­ракӣ, Ғуломҳасан Софӣ, Қиёмуддин Ходим ҷамъияти «Виш залмиён» («Ҷавонони бедор»)-ро таъсис доданд. Пайравону аъзои ин ҷамъият ғояҳои та­рақ­қипар­варонаву андешаҳои навро ташвиқу тарғиб мекар­­данд. Ху­су­с­ан, асарҳои воқеъбинонаи Рашшоди Қанда­ҳорӣ, Сулаймон Лоиқ, Абдуллоҳ Бахтонӣ, Зиё Қоризода, Му­ҳам­мадраҳим Илҳом, [[Абдулҳақ Бетоб]], Халилуллоҳ Ха­ли­лӣ ва чандин эҷодкори диг. барои такомули ин раванди ада­бӣ заминаи воқеӣ гардида буданд. Солҳои 60 Афғонистон 20 дар робита ба таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ мавзӯъ­ҳои адабӣ низ ба ҳаёти воқеии мардум наздиктар шуда, рангу мазмуни нав гирифтанд. Жанрҳои адабии ҳи­коя ва повест (қисса) маъруфият пайдо карданд, ки дар онҳо муаллифон бештар ба тасвири воқеъбинонаи зиндагии мардуми одӣ рӯ оварданд. Акнун эҷодкорон сабаби бадбах­ти­ҳои мардуми заҳматкашро дар носозгориҳои ҳаё­ти иҷ­ти­моӣ медиданд, ки повестҳои «Оворагиҳои Банг», «Спин», «Сангсар»-и Н. Таракӣ аз ҷумлаи онҳоянд. Аз солҳои 60 (Афғонистон 20) минбаъд мусалсал намунаҳои ашъори Халилуллоҳ Халилӣ, Абдуллоҳ Бах­тонӣ, Моили Ҳиравӣ, Бориқ Ша­феӣ, Сулаймон Лоиқ, ҳи­кояҳои Гулпочо Улфат ба табъ расида, аз тарафи хонандагони тоҷик хуш пазируфта шудаанд. Ибтидои Афғонистон 21, ҳанӯз ҳам аксари эҷод­ко­рон дар мусофиратанд ва бархе дар Олмон, ИМА ва диг. кишварҳои дунё доираҳои ада­бӣ созмон дода, ба эҷод маш­ғуланд.
 
=== Меъморӣ ва санъати тасвирӣ ===